Панднома 14:1-35

  • Дил аз ғуссаи худ огоҳ аст (10)

  • Роҳе ҳаст, ки дуруст метобад, вале оқибаташ марг аст (12)

  • Сода ба ҳар гап бовар мекунад (15)

  • Пулдор дӯсти бисёр дорад (20)

  • Дили беғам сиҳатии тан аст (30)

14  Зани хирадманд хонаашро бино мекунад,+Вале зани аҳмақ онро бо дасти худ вайрон месозад.   Касе, ки бо роҳи рост равад, аз Яҳува метарсад,Вале ҳар кӣ бо роҳҳои каҷ равона бошад, аз ӯ нафрат дорад.   Забони аҳмақи ҳавобаланд мисли калтак аст,Вале хирадмандро лабонаш нигаҳбонӣ мекунад.   Гов набошад, охур тоза аст,Вале бо зӯри буққа ҳосили бисёр ҷамъ мешавад.   Шоҳиди боваринок дурӯғ намегӯяд,Вале шоҳиди фиребгар дурӯғи бисёр мебофад.+   Нописанд* хирад меҷӯяд, вале намеёбад,Аммо соҳибфаҳм ба осонӣ дониш ба даст меорад.+   Аз аблаҳ дур-дур гард,Зеро бар забони ӯ донишро намеёбӣ.+   Роҳи ҳушёрро хирад равшан месозад,Вале аҳмақонро аблаҳияшон гумроҳ мекунад*.+   Аҳмақ гуноҳро бозича медонад*,+Вале росткорон аз пайи оштиянд. 10  Дил аз ғуссаи худ огоҳ астВа бегона ба шодии он шарик нест. 11  Хонаи бадкорон вайрон мешавад,+Вале хаймаи боинсофон торафт обод мегардад. 12  Роҳе ҳаст, ки ба назари кас рост метобад,+Вале оқибати он марг аст.+ 13  Вақти ханда ҳам баъзан дили одам дард мекунадВа шодӣ низ баъзан бо ғам меанҷомад. 14  Каҷдил самари рафтори худро мечашад,+Инсони нек оқибати — амали худро.+ 15  Сода ба ҳар гап бовар мекунад,Аммо ҳушёр дониста қадам мемонад.+ 16  Хирадманд боэҳтиёт аст ва аз бадӣ дур мешавад,Аблаҳ бошад, беандешаву* худбовар аст. 17  Ҳар кӣ тез ба хашм ояд, беақлӣ мекунад,+Аммо шахси боандешаро бад мебинанд. 18  Насиби сода аблаҳӣ мешавад,Вале бар сари ҳушёр тоҷи дониш мегузоранд.+ 19  Бадон пеши некон сар хам хоҳанд кардВа бадкорон пеши дарвозаи росткорон таъзим хоҳанд намуд. 20  Камбағалро ҳатто ёрони худаш бад мебинанд,+Вале пулдор дӯсти бисёр дорад.+ 21  Ҳар кӣ аз ёри худ нафрат кунад, гуноҳ мекунад,Аммо касе, ки ба бечора раҳм кунад, хушбахт аст.+ 22  Бадандешон, бешак, гумроҳ мешаванд,Вале насиби некандешон вафову меҳри пойдор аст.+ 23  Дар ҳар гуна меҳнат фоидае ҳаст,Вале гапи холӣ камбағалӣ меорад.+ 24  Тоҷи хирадмандон сарвати онҳост,Аммо аблаҳон ғайр аз аблаҳӣ чизе надоранд.+ 25  Шоҳиди ростгӯ ҷони касро халос мекунад,Аммо шоҳиди фиребгарро ҳар як суханаш дурӯғ аст. 26  Тарс аз Яҳува қуввати дил аст,+Он паноҳгоҳи фарзандони туст.+ 27  Тарс аз Яҳува чашмаи ҳаёт аст,Он касро аз домҳои марговар нигаҳ медорад. 28  Бузургии подшоҳ дар халқи сершумори ӯст,+Вале ҳокиме, ки зердаст надорад, ҳолаш хароб аст. 29  Пурсабр бисёр рамузфаҳм* аст,+Аммо бетоқат аблаҳияшро нишон медиҳад.+ 30  Дили беғам сиҳатии тан аст,Аммо ҳасад* устухонро мепӯсонад.+ 31  Ҳар кӣ бечораро фиреб диҳад, Офаридгори ӯро хор мешуморад,+Аммо ҳар кӣ ба камбағал дилсӯзӣ кунад, Ӯро ҷалол медиҳад.+ 32  Бадии бадкор сарашро мехӯрад,Вале росткор дар беайбии худ паноҳ меёбад.+ 33  Соҳибфаҳм хирадашро намоиш намедиҳад*,+Вале аблаҳон оқилтароширо дӯст медоранд. 34  Росткорӣ халқро сарбаланд мегардонад,+Вале гуноҳ қавмро бадном месозад. 35  Подшоҳ аз ғуломи боандеша розист,+Вале хашми ӯ бар бандаи нанговар аст.+

Поварақҳо

Ё «Масхарагар».
Ё, эҳтимол, «аҳмақон бо аблаҳияшон дигаронро гумроҳ месозанд».
Ё «ҷуброн кардани гуноҳашро камаҳамият мешуморад».
Ё «бадқаҳру».
Ё «нуктасанҷ; боҳуш».
Ё «рашк».
Ё «Хирад дар дили соҳибфаҳм қарор аст».