Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САВОЛИ 7

Китоби Муқаддас дар бораи рӯзҳои мо чӣ мегӯяд?

«Он вақт як халқ бо халқи дигаре ва як давлат бо давлати дигаре ҷанг мекунад... Ҳамаи ин саршавии дардҳост»

(Матто 24:7, 8).

«Пайғамбарони бардурӯғи зиёде ба миён меоянд ва бисёриҳоро гумроҳ месозанд. Аз сабаби зиёд шудани бадкорӣ муҳаббати бисёриҳо сард мегардад»

(Матто 24:11, 12).

«Вақте садои ҷанг ва овозаи ҷангҳоро мешунавед, ба воҳима наафтед, зеро ҳамаи ин чизҳо бояд рӯй диҳанд, аммо ин ҳанӯз охир нест»

(Марқус 13:7).

«Заминҷунбиҳои сахт ба амал меоянд ва дар ҳама ҷо пайи ҳам гушнагиву вабоҳо сар мезананд, ҳамчунин ҳодисаҳои пурдаҳшат рӯй дода, аз осмон аломатҳои бузург намудор мешаванд»

(Луқо 21:11).

«Аммо инро бидон, ки дар рӯзҳои охир замонҳои сахт фаро мерасанд, зеро одамон худбин, пулпараст, лофзан, ҳавобаланд, куфргӯ, беитоат ба падару модар, кӯрнамак, бевафо, бемеҳр, номуросо, туҳматзан, бепарҳез, ваҳшӣ, душмани некӣ, хиёнаткор, саркаш ва мағрур мешаванд, дӯстдори айшу ишрат мешаванд, на дӯстдори Худо ва худотарс тобанд ҳам, дар асл чунин нахоҳанд буд»

(2 Тимотиюс 3:1–5).