Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САВОЛИ 6

Китоби Муқаддас дар бораи Масеҳ чиро пешгӯйӣ карда буд?

ПЕШГӮЙӢ

«Эй Байт-Лаҳми Эфрот... аз ту барои ман касе ба миён меояд, ки ҳокими Исроил мешавад»

(Мико 5:2).

ИҶРОШАВӢ

«Исо дар айёми подшоҳии Ҳиродус дар Байт-Лаҳми Яҳудия ба дунё омад»

(Матто 2:1).

ПЕШГӮЙӢ

«Пӯшокамро байни худ тақсим мекунанд, барои либосам қуръа мепартоянд»

(Забур 22:18).

ИҶРОШАВӢ

«Пас аз он ки сарбозон Исоро ба сутун мехкӯб карданд, либосашро гирифта, чор тақсим карданд... куртаашро ҳам гирифтанд, вале он дарз надошт, балки аз боло то поён бофта шуда буд. Онҳо ба якдигар гуфтанд: “Биёед онро надарронем, балки қуръа партофта, бинем, ки он ба кӣ мерасад”»

(Юҳанно 19:23, 24).

ПЕШГӮЙӢ

«Ӯ ҳамаи устухонҳояшро нигоҳ медорад, ҳеҷ яке аз онҳо шикаста нашудааст»

(Забур 34:20).

ИҶРОШАВӢ

«Вале, вақте ба пеши Исо омаданд, диданд, ки ӯ аллакай мурдааст, бинобар ин соқи пойҳои ӯро нашикастанд»

(Юҳанно 19:33).

ПЕШГӮЙӢ

«Вале ӯ барои гуноҳҳои мо зарба хӯрд»

(Ишаъё 53:5).

ИҶРОШАВӢ

«Вале яке аз сарбозон бо найза ба паҳлуи Исо зад ва ҳамон дам аз бадани ӯ хун ва об ҷорӣ шуд»

(Юҳанно 19:34).

ПЕШГӮЙӢ

«Онҳо ба ман 30 сиқл нуқра доданд»

(Закарё 11:12, 13).

ИҶРОШАВӢ

«Он гоҳ Яҳудои Исқарют, ки яке аз 12 расул буд, пеши коҳинони калон рафта, гуфт: “Агар ӯро ба дасти шумо супорам, ба ман чӣ медиҳед?” Онҳо ба ӯ 30 тангаи нуқра ваъда доданд»

(Матто 26:14, 15; 27:5).