Панднома 10:1-32

  • Писари боақл — шодии падар (1)

  • Дасти меҳнаткаш сарватманд мекунад (4)

  • Гап ки бисёр шуд, гуноҳ ёр мешавад (19)

  • Баракати Яҳува бой мекунад (22)

  • Тарс аз Яҳува умрро дароз мекунад (27)

10  Пандҳои Сулаймон.+ Писари боақл — шодии падар,+Писари беақл — андуҳи модар.   Ганҷе, ки бо бадкорӣ ба даст ояд, суде надорад,Вале росткорӣ аз марг раҳоӣ мебахшад.+   Яҳува намегузорад, ки одил гушна монад,+Аммо нафси бадкоронро қонеъ намекунад.   Дасти танбал камбағал месозад,+Вале дасти меҳнаткаш сарватманд мекунад.+   Писари дурандеш* тобистон ҳосил меғундорад,Вале писари нанговар дар мавсими дарав масти хоб аст.+   Баракатҳо бар сари росткор аст,+Вале дар даҳони бадкорон ситам ниҳон аст.   Росткорро ба некӣ ёд мекунанд,+Аммо номи бадкор аз байн меравад.+   Доно амрҳоро қабул мекунад,+Вале беҳудагӯй таги по мешавад.+   Роҳи покрафтор бехатар аст,+Вале каҷрафтор расво мегардад.+ 10  Касе, ки маккорона чашмак мезанад, дарду ғам меорад+Ва беҳудагӯй таги по мешавад.+ 11  Даҳони росткор чашмаи ҳаёт аст,+Вале дар даҳони бадкор ситам ниҳон аст.+ 12  Бадбинӣ ҷанҷол меорад,Вале муҳаббат ҳама гуноҳҳоро рӯпӯш мекунад.+ 13  Хирад бар лабони шахси рамузфаҳм* аст,+Вале чӯб барои тахтапушти беақл аст.+ 14  Хирадманд донишро азиз медорад,+Вале даҳони аблаҳ ба сараш харобӣ меорад.+ 15  Дороии сарватманд шаҳри ҳисордори ӯст,Нодории камбағалон шикасти онҳост.+ 16  Амали росткор сӯйи ҳаёт мебарад,Вале самари бадкор — сӯйи гуноҳ.+ 17  Ҳар кӣ ба насиҳат гӯш медиҳад, роҳи ҳаёт аст*,Вале касе танбеҳро рад мекунад, дигаронро аз роҳ мезанад. 18  Он кас, ки бадбинияшро пинҳон мекунад, дурӯғгӯй аст+Ва ҳар кӣ овозаи бадро паҳн мекунад, аблаҳ аст. 19  Гап ки бисёр шуд, гуноҳ ёр мешавад,+Вале ҳар кӣ лабонашро бозмедорад, боандеша аст.+ 20  Забони росткор мисли нуқраи софу тоза аст,+Вале дили бадкор қадру қимате надорад. 21  Лабони росткор бисёриҳоро раҳнамоӣ мекунад*,+Вале аҳмақон аз беақлӣ мемиранд.+ 22  Одамро баракати Яҳува бой мекунад,+Ки бо худ дарду ғам намеорад. 23  Беҳаёгӣ барои аблаҳ дилхушист,Вале хирад барои рамузфаҳм* аст.+ 24  Тарсе, ки бадкор дорад, ба сараш меояд,Вале орзуи росткорон ҷомаи амал мепӯшад.+ 25  Тундбод ки вазид, бадкор нест мешавад,+Вале таҳкурсии росткор то абад устувор аст.+ 26  Танбал барои корфармои худМисли сирко барои дандон ва дуд барои чашмон аст. 27  Тарс аз Яҳува умрро дароз мекунад,+Вале солҳои бадкорон кам мешаванд.+ 28  Интизории росткорон шодибахш аст,+Вале умеди бадкорон барбод меравад.+ 29  Роҳи Яҳува қалъаест барои беайб,+Вале барои бадкирдорон харобист.+ 30  Росткор ҳаргиз фурӯ намеғалтад,+Вале бадкорон дар замин намемонанд.+ 31  Даҳони росткор хирад ба бор меорад,Вале забони каҷгуфтор бурида мешавад. 32  Лабони росткор хушгуфториро медонад,Вале бар даҳони бадкорон каҷгуфторист.

Поварақҳо

Ё «боандеша».
Ё «нуктасанҷ; боҳуш».
Ё, эҳтимол, «дар роҳи ҳаёт аст».
Ё «мечаронад».
Ё «боҳуш».