Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САВОЛИ 17

Чӣ тавр Китоби Муқаддас ба оилаи шумо кумак карда метавонад?

ШАВҲАРОН ВА ПАДАРОН

«Ба ин монанд, шавҳарон низ бояд занони худро мисли тани худ дӯст доранд. Марде, ки зани худро дӯст медорад, худро дӯст медорад, чунки ҳаргиз касе тани худро бад намебинад, балки онро мехӯронад ва азиз медорад... ҳар яки шумо бояд зани худро мисли худ дӯст доред»

(Эфсӯсиён 5:28, 29, 33).

«Эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоред, балки онҳоро дар таълим ва насиҳати Яҳува тарбия кунед»

(Эфсӯсиён 6:4).

ЗАНОН

«Зан бояд ба шавҳари худ эҳтироми зиёд дошта бошад»

(Эфсӯсиён 5:33).

«Эй занон, ба шавҳарони худ фармонбардор бошед, чуноне ки ба пайравони Ҳазрат зебанда аст»

(Қӯлассиён 3:18).

ФАРЗАНДОН

«Эй фарзандон, мувофиқи хости Худованд ба падару модари худ итоат кунед, зеро ин дуруст аст. “Падару модаратро иззат кун” — ин аст амри аввалин бо чунин ваъда: “То бар замин умри дароз бинӣ ва ҳаётат хуб гузарад”»

(Эфсӯсиён 6:1–3).

«Эй фарзандон, ба падару модари худ дар ҳар маврид итоат кунед, зеро ин ба Ҳазратамон маъқул аст»

(Қӯлассиён 3:20).