Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САВОЛИ 10

Китоби Муқаддас дар бораи оянда чӣ мегӯяд?

«Росткорон соҳиби замин мешаванд ва дар он то абад зиндагӣ мекунанд»

(Забур 37:29).

«Замин то абад пойдор аст»

(Пандгӯ 1:4).

«Ӯ маргро абадан нест мекунад, Парвардигор Яҳува ашки бари рӯйи ҳамаи одамонро тоза мекунад»

(Ишаъё 25:8).

«Он вақт чашмони кӯрон кушода мешавад ва гӯшҳои карон воз мегардад, ланг мисли гавазн ҷастухез менамояд ва забони гунг аз шодӣ нидо мекунад. Он вақт дар биёбон обҳо ҷӯш мезананд ва дар дашт ҷӯйҳо ҷорӣ мешаванд»

(Ишаъё 35:5, 6).

«Ӯ ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок мекунад ва марг дигар намешавад, гиря, фиғон ва дард дигар намешавад. Он чӣ пештар буд, гузашт»

(Ошкорсозӣ 21:4).

«Мардум хонаҳо сохта, дар онҳо зиндагӣ хоҳанд кард, токҳо шинонда меваи онро хоҳанд хӯрд. Онҳо бино нахоҳанд кард, ки дигарон зиндагӣ кунанд, ва нахоҳанд шинонд, ки дигарон бихӯранд, зеро рӯзҳои халқи ман мисли рӯзҳои дарахт мешаванд ва интихобшудагони ман аз меҳнати дасти худ то ба охир баҳра мебаранд»

(Ишаъё 65:21, 22).