Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САВОЛИ 1

Дар бораи Худо бояд чиро донем?

«Бигзор мардум бидонанд: танҳо ту, ки номат Яҳува аст, бар тамоми замин Худои Таоло ҳастӣ»

(Забур 83:18).

«Бидонед, ки Яҳува Худост. Ӯ моро офаридааст ва мо аз они ӯем»

(Забур 100:3).

«Ман Яҳуваам, ин номи ман аст. Ман ҷалоли худро ба дигаре ва ҳамду санои худро ба буте намедиҳам»

(Ишаъё 42:8).

«Ҳар кӣ номи Яҳуваро бихонад, наҷот меёбад»

(Румиён 10:13).

«Бешубҳа, ҳар хона созандае дорад, созандаи ҳама чиз бошад, Худост»

(Ибриён 3:4).

«Чашмони худро сӯйи осмон бардошта, бубинед: кӣ ҳамаи инро офаридааст? Ҳамоне, ки лашкари онҳоро як ба як шумурда, берун меоварад, ӯ ҳамаи онҳоро ба номашон мехонад. Азбаски тавоноияш бепоён ва қувваташ бузург аст, ҳамаи онҳо дар ҷойи худ ҳастанд»

(Ишаъё 40:26).