Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 А2

Хусусиятҳои ин тарҷума

Ба забони англисӣ «Тарҷумаи Дунёи Нав»-и Навиштаҳои Юнонӣ соли 1950 ва «Тарҷумаи Дунёи Нав»-и пурра соли 1961 нашр шуд. Аз он вақт сар карда даҳҳо миллион хонанда ин тарҷумаи дақиқу хоноро, ки ба беш аз 210 забон дастрас аст, истифода мебарад.

Бо гузашти вақт забон тағйир меёбад, аз ин рӯ Кумитаи «Тарҷумаи Дунёи Нав» қарор дод тарҷумаеро омода созад, ки ба забони имрӯза мувофиқ бошад ва ба дили хонанда таъсир кунад. Барои ҳамин тарҷумонон ҳангоми тарҷумаи Китоби Муқаддас чунин мақсадҳо доштанд:

  • Забони зиндаву ҳамафаҳмро истифода баранд. Дар ин тарҷума ба қадри имкон ба ҷойи калимаҳои қадимаву душворфаҳм калимаҳои осон истифода шудаанд. Дар ҷое ки баъзе тарҷумаҳо калимаи «баргузидан»-ро истифода бурдаанд, дар ин тарҷума «интихоб кардан» ва «хуш кардан» гуфта шудааст. Ба ин монанд, ба ҷойи «Малакут» «Подшоҳӣ» истифода шудааст, ба ҷойи «Худои Ҳай» — «Худои зинда» (Юшаъ 3:10), ба ҷойи «Иди Фисҳ» — «Иди Раҳоӣ» (2 Мӯсо 34:25), ба ҷойи «ҳавворӣ» — «расул» (Матто 10:2), ба ҷойи «эҳё» — «зинда шудан», «зинда кардан» (Матто 10:8), ба ҷойи «забҳ кардан» — «сар буридан», «қурбон кардан» ва «куштан» (2 Мӯсо 12:6), ба ҷойи «козиб» — «дурӯғгӯ» (5 Мӯсо 19:16), ба ҷойи «фидия» — «товон», «бозхарид» (2 Мӯсо 13:13; 21:30) ва ба ҷойи «мамот» — «марг» (Ошкорсозӣ 21:4).

  • Калимаву ибораҳоро аниқу фаҳмо тарҷума кунанд. Дар баъзе тарҷумаҳо калимаи ибронии «шео́л» ва юнонии «ҳа́дес» «дӯзах» тарҷума шудаанд, ки ин хатост. Аз ин рӯ дар ин тарҷума ба ҷойи «дӯзах» «гӯр» истифода шудааст, ки фикри дурустро баён мекунад (Забур 16:10; Ошкорсозӣ 1:18). Ба ин монанд, калимаи юнонии «геҳе́нна» дар баъзе тарҷумаҳо «дӯзах» тарҷума шудааст, ки ин ҳам нодуруст аст, баъзеи дигар тарҷумаҳо бошанд, онро «ҷаҳаннам» тарҷума кардаанд, ки хонандаро гумроҳ карда метавонад. Аз ин рӯ дар «Тарҷумаи Дунёи Нав» ин калима мувофиқи маънои асл «водии Ҳиннӯм» тарҷума шудааст, ки рамзи нобудии абадӣ аст (Матто 5:29). Дар бисёр тарҷумаҳо калимаи юнонии «ставрос» «салиб» (крест) тарҷума шудааст, ҳол он ки он маънои «хода», «чӯб» ва «сутун»-ро дорад. Аз ин рӯ дар ин тарҷума ин калима «сутун» тарҷума шудааст (Матто 27:42; Юҳанно 19:25).

    Дар баъзе ҷойҳо, вақте калима ба маънои асл наомадааст, он айнан тарҷума нашудааст, то ки фикр дуруст расонда шавад. Масалан, дар 1 Мӯсо 45:18 «аз фарбеҳии замин хоҳед хӯрд» неву «аз замини серҳосилтарин мехӯред» тарҷума шудааст. Дар Айюб 16:15 ба ҷойи «шохи худро дар хок гузоштаам» «нангу номусамро зери хок кардаам» омадааст. Баъзе аз ин калимаву ибораҳо дар «Луғати Китоби Муқаддас» шарҳ дода шудаанд.

  • Матнро равону хоно кунанд. Баъзе тарҷумаҳо ба забони ибриву юнонӣ пайравӣ карда, матнро душворхону норавон кардаанд. Масалан, онҳо бисёр ҷумлаҳоро бо пайвандакҳои «ва» ё «зеро» сар кардаанд, ки ин чандон хоси забони тоҷикӣ нест. Дар ин тарҷума бошад, кӯшиши зиёд ба харҷ дода шудааст, ки сохту ҷумлабандии тоҷикӣ кор фармуда шаваду пайравӣ ба қолабҳои ибриву юнонӣ ҳар чӣ камтар бошад.

    Дар бисёр тарҷумаҳо баъзе номҳо бо «й» сар мешаванд, ки барои забони тоҷикӣ бегона метобад. Аз ин рӯ дар ин тарҷума дар аввали чунин номҳо ҳарфи «й» фурӯгузор шудааст (2 Мӯсо 3:1; Доварон 11:1; 1 Воқеанома 12:12; Матто 1:5, 11).

  • Ёфтани баробарҳои тоҷикии номҳову номвожаҳо. Кӯшиши бисёр карда шуд, ки барои номи одамон, дарахтону растаниҳо ва моҳҳои тақвим баробарҳои дурусти тоҷикӣ ёфта шаванд. Масалан, номи подшоҳ Артаҳшасто ба Ардашер ва номи дастёри Мӯсо — Еҳушаъ, ба Юшаъ иваз шуд. Номи моҳи аввали тақвими динии ибрӣ мисли дигар тарҷумаҳо нисон неву найсон тарҷума шуд, дарахти арз — сидра, дарахти ҷумиз — тутанҷир ва ғ. (Эзро 4:7; 2 Мӯсо 24:13; Наҳемё 2:1; 3 Мӯсо 14:4; Омӯс 7:14). Ин дигаргуниҳо дар натиҷаи кофтукову тагурӯ кардани фарҳангҳо, донишномаҳо ва дигар маълумоти илмӣ дароварда шуд.

    Ҳама дигаргуниҳои ин тарҷума бо дуову эҳтиёти зиёд ва эҳтироми амиқ ба меҳнату заҳмати Кумитаи «Тарҷумаи Дунёи Нав» карда шудаанд.

Хусусиятҳои дигари ин тарҷума:

Дар ин тарҷума поварақҳои зиёд (эзоҳҳои поёни матн) истифода шудааст. Поварақҳо одатан ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешаванд:

  • «Ё» Дар чунин поварақҳо тарзи дигари тарҷумаи калима, ибора ё ҷумлаи ибрӣ, арамӣ ё юнонӣ меояд, ки маънояш ба матни оят камубеш наздик аст (1 Мӯсо 1:2, поварақи «рӯҳ»; Юшаъ 1:8, поварақи «андеша кун»). Баъзан дар чунин поварақҳо як ё якчанд синоними дигари калима оварда мешавад, ки дар маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон корбурд аст (1 Мӯсо 18:7, поварақи «буққаи ҷавон»).

  • «Ё, эҳтимол» Баъзе ҷойҳои матни аслро ду хел тарҷума кардан мумкин аст, ки маънояшон аз якдигар хеле фарқ мекунанд. Дар чунин мавридҳо тарзи дигари тарҷумаи матни асл дар поварақҳои «Ё, эҳтимол» ҷой дода шудааст (1 Мӯсо 21:6, поварақи «бо ман механдад»; Закарё 14:21, поварақи «канъонӣ»).

  • «Дар матни асл» Дар чунин поварақҳо тарҷумаи таҳтуллафз, яъне калима ба калимаи порчаи матни ибрӣ, арамӣ ё юнонӣ, оварда шудааст (1 Мӯсо 30:22, поварақи «ба вай фарзанд ато кард»; 2 Мӯсо 12:6, поварақи «вақти шом»).

  • Поварақҳои шарҳӣ Дар поварақҳои шарҳӣ маънои номҳо омадааст (1 Мӯсо 3:20, поварақи «Ҳавво»; 2 Мӯсо 15:23, поварақи «Мора»), андозаҳои пешина шарҳ дода шудааст (1 Мӯсо 6:15, поварақи «газ»), ба кӣ дахл доштани ҷонишин фаҳмонда шудааст (1 Мӯсо 49:25, поварақи «ӯ») ва ба маълумоти ёрирасон дар Замима ва Луғати Китоби Муқаддас ишора шудааст (1 Мӯсо 37:35, поварақи «гӯр»; Матто 5:22, поварақи «водии Ҳиннӯм»).

Дар аввали китоб қисме бо номи «Шиносоӣ бо Каломи Худо» омадааст, ки дар он таълимоти асосии Китоби Муқаддас мухтасар оварда шудааст. Дар охири китоб қисмҳои «Маълумот дар бораи китобҳои Китоби Муқаддас», «Феҳристи калимаҳои Китоби Муқаддас» ва «Луғати калимаву ибораҳои Китоби Муқаддас» омадаанд. Луғати зикршуда ба хонанда мефаҳмонад, ки ин ё он калимаву ибора дар Китоби Муқаддас ба кадом маъно омадааст. Баъд аз ин қисмҳо Замимаҳо оварда шудаанд. Замимаи А аз бахшҳои зерин иборат аст: «Қоидаву усули тарҷумаи Китоби Муқаддас», « Хусусиятҳои ин тарҷума», «Чӣ тавр Китоби Муқаддас то замони мо расид?», «Номи Худо дар Навиштаҳои Ибронӣ», «Номи Худо дар Навиштаҳои Юнонӣ», «Ҷадвали “Пайғамбарон ва шоҳони Яҳудову Исроил” ва “Рӯйдодҳои асосии зиндагонии заминии Исо”». Замимаи Б харитаҳо, ҷадвалҳо ва дигар маълумоти фоиданокро дар бар мегирад.

Дар матни асосии Китоби Муқаддас, дар аввали ҳар китоб, шарҳи мухтасари ҳар боб оварда шудааст. Дар ҳошияи дарунии саҳифа ишора ба оятҳои монанд оварда шудааст.