Ошкорсозӣ 5:1-14

  • Дастхат бо ҳафт муҳр (1–5)

  • Барра дастхатро мегирад (6–8)

  • Барра сазовори кушодани муҳрҳо аст (9–14)

5  Дар дасти рости Нишинандаи тахт+ дастхате дидам, ки аз дарун ва аз берунаш навиштаҷот дошт ва бо ҳафт муҳр баста шуда буд.  Ҳамчунин фариштаи пурзӯреро дидам, ки бо овози баланд нидо мекард: «Кӣ сазовори он аст, ки муҳрҳоро шикаста, дастхатро кушояд?»  Вале на дар осмон, на бар замин ва на дар таги замин касе набуд, ки дастхатро кушода, ба даруни он нигоҳ кунад.  Ман бисёр гиря кардам, зеро ҳеҷ каси сазоворе ёфт нашуд, то дастхатро кушояд ва ба даруни он нигоҳ кунад.  Вале яке аз пирон ба ман гуфт: «Гиря накун. Инак, Шер аз қабилаи Яҳудо,+ решаи+ Довуд,+ ғолиб омад,+ то ҳафт муҳрро шикаста, дастхатро кушояд».  Он гоҳ дидам, ки дар байни тахт ва чор ҷонзод ва дар миёни пирон+ баррае+ истодааст, ки кушта метофт.+ Ӯ ҳафт шох ва ҳафт чашм дошт ва ин чашмҳо рамзи ҳафт рӯҳи Худоянд,+ ки ба тамоми замин фиристода шудаанд.  Барра ҳамон лаҳза пеш омада, аз дасти рости Нишинандаи тахт дастхатро гирифт.+  Вақте ӯ дастхатро гирифт, чор ҷонзод ва 24 пир+ дар пеши Барра зону заданд. Дар дасти ҳар як пир чанг* ва косаи тиллоии пур аз бухур буд, ки рамзи дуоҳои покон аст.+  Онҳо суруди наве+ сароида мегуфтанд: «Ту сазовори он ҳастӣ, ки дастхатро гирифта, муҳрҳои онро кушоӣ, зеро ту кушта шудаӣ ва бо хуни худ барои Худо+ одамонро аз ҳар қабила, забон, халқ ва миллат харидаӣ.+ 10  Ту онҳоро подшоҳону+ коҳинони Худои мо+ гардонидаӣ ва онҳо чун подшоҳон бар замин ҳукмронӣ хоҳанд кард».+ 11  Сипас ман дар гирди тахт ва ҷонзодҳову пирон фариштагони зиёдеро дидам ва овози онҳоро шунидам. Шумораи онҳо даҳҳо ҳазор карат даҳ ҳазор* ва ҳазорон ҳазор буд.+ 12  Онҳо бо овози баланд мегуфтанд: «Барраи кушташуда+ сазовори он аст, ки қудрат, сарват, хирад, қувват, иззат, ҷалол ва баракат ёбад».+ 13  Ман шунидам, ки ҳар офаридае, ки дар осмон, замин, таги замин+ ва дар баҳр аст — ҳар он чӣ дар онҳост, мегуфт: «Нишинандаи тахт+ ва Барраро+ то абад ситоиш, иззат,+ ҷалол ва тавоноӣ бод!»+ 14  Чор ҷонзод мегуфтанд: «Омин!», ва пирон зону зада, ба Худо саҷда карданд.

Поварақҳо

Чанг — як навъ асбоби мусиқии торӣ.
Ё «садҳо миллион».