Ошкорсозӣ 3:1-22

  • Суханони Исо ба ҷамоати Сардис (1–6), Филоделфия (7–13), Лудкия (14–22)

3  Ба фариштаи ҷамоати Сардис бинавис: “Оне, ки ҳафт рӯҳи Худо+ ва ҳафт ситора+ дорад, чунин мегӯяд: “Корҳои туро медонам, яъне онро, ки ту ба ном зиндаиву дар асл мурдаӣ.+  Бедор шав+ ва он чиро, ки боқӣ мондаасту ба мурдан наздик аст, қувват бахш, зеро мебинам, ки корҳоятро дар пеши Худои ман пурра ба ҷо наовардаӣ.  Аз ин рӯ он чиро, ки гирифтаиву шунидаӣ, дар ёд дор, ба он чизҳо маҳкам бичасп ва тавба кун.+ Вале, агар бедор нашавӣ, чун дузд меоям+ ва ту ҳаргиз вақту соати омадани маро намефаҳмӣ.+  Аммо дар Сардис якчанд нафаре* дорӣ, ки либоси худро нопок насохтаанд;+ онҳо бо либосҳои сафед ҳамроҳи ман хоҳанд гашт,+ чунки сазовори инанд.  Оне, ки ғолиб меояд,+ либосҳои сафед бар тан мекунад+ ва ман ҳаргиз номи ӯро аз китоби ҳаёт кӯр намекунам,+ балки онро дар пеши Падарам ва фариштагони ӯ эътироф менамоям.+  Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бигзор бишнавад, ки рӯҳ ба ҷамоатҳо чӣ мегӯяд”.  Ба фариштаи ҷамоати Филоделфия бинавис: “Ӯ, ки поку+ ҳаққонист,+ ӯ, ки калиди Довудро+ дораду он чиро кушояд, касе пӯшида наметавонад, ва он чиро бипӯшад, касе кушода наметавонад, чунин мегӯяд:  “Корҳои туро медонам. Ман ба рӯйи ту дарро кушодам+ ва ҳеҷ кас онро пӯшида наметавонад. Медонам, ки қувватат кам аст, лекин ту каломи маро риоя карда, аз ман* рӯй нагардондаӣ.  Инак, ман онҳоеро, ки аз ибодатхонаи Шайтонанду бардурӯғ худро яҳудӣ меноманд,+ маҷбур мекунам, ки омада, пеши поят таъзим кунанд ва фаҳманд, ки ман туро дӯст доштаам. 10  Азбаски ба истодагарии+ ман пайравӣ кардӣ, ман низ туро дар соати озмоише, ки бар сари тамоми замин меояд, нигаҳ медорам.+ 11  Ман ба зудӣ меоям.+ Он чизе, ки дорӣ, маҳкам нигоҳ дор, то ҳеҷ кас тоҷи туро кашида нагирад.+ 12  Касеро, ки ғолиб меояд, сутуни ибодатгоҳи Худои худ мегардонам ва дигар ҳеҷ чиз ӯро аз он берун намекунад. Ман бар ӯ номи нави худ, номи Худои худ+ ва номи шаҳри ӯро, ки Ерусалими нав асту+ аз осмон, аз ҷониби Худои ман, фуруд меояд, менависам.+ 13  Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бигзор бишнавад, ки рӯҳ ба ҷамоатҳо чӣ мегӯяд”. 14  Ба фариштаи ҷамоати Лудкия+ бинавис: “Омин,+ ки шоҳиди+ бовариноку ростгӯ+ ва аввалин офаридаи Худост,+ чунин мегӯяд: 15  “Корҳои туро медонам: ту на сардиву на гарм. Кошки ё сард, ё гарм мебудӣ, 16  лекин, азбаски ту ширгармӣ, яъне на гармиву+ на сард,+ ман туро аз даҳонам туф мекунам. 17  Ту мегӯӣ: “Ман боям,+ пулу моли зиёде ҷамъ кардаам, ба ҳеҷ чиз муҳтоҷ нестам”, аммо намедонӣ, ки ту бадбахт, хору зор, камбағал, кӯр ва луч ҳастӣ. 18  Аз ин рӯ ба ту маслиҳат медиҳам, ки ин чизҳоро аз ман бихарӣ: тиллоеро, ки дар оташ тоза шудааст, то сарватманд гардӣ, либоси сафедро, то лучии шармоваратро бипӯшонӣ+ ва марҳамро барои чашмонат, то онро молида,+ бино шавӣ.+ 19  Ман ҳар киро дӯст дорам, танбеҳу ҷазо медиҳам.+ Пас, боғайрат бош ва тавба кун.+ 20  Инак, ман назди дар истода, тақ-тақ мекунам. Ҳар кӣ овози маро бишнаваду дарро кушояд, ман хонааш даромада, ҳамроҳаш хӯроки шом мехӯрам. 21  Ба касе, ки ғолиб меояд,+ иҷозат медиҳам, ки ҳамроҳам бар тахти ман нишинад,+ чи тавре ки ман ғолиб омада, бо Падарам бар тахти ӯ нишастам.+ 22  Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бигзор бишнавад, ки рӯҳ ба ҷамоатҳо чӣ мегӯяд”».

Поварақҳо

Дар матни асл «номе».
Дар матни асл «аз номи ман».