Ошкорсозӣ 4:1-11

  • Дар рӯъё дидани даргоҳи Яҳува (1–11)

    • Яҳува бар тахт нишастааст (2)

    • 24 пири бар тахт нишаста (4)

    • Чор ҷонзод (6)

4  Пас аз ин ман нигоҳ кардам ва дар осмон дари кушодаеро дидам ва аввалин овозе, ки шунидам, мисли садои карнай буд ва он ба ман гуфт: «Ба ин ҷо баро ва ман ба ту воқеаҳоеро нишон медиҳам, ки бояд ба амал оянд».  Ҳамон дам рӯҳи Худо маро фаро гирифт ва дар осмон тахт ва Нишинандаашро дидам.+  Намуди Нишинандаи тахт мисли санги яшм+ ва ақиқи сурх буд ва гирдогирди тахт рангинкамоне медурахшид, ки монанди зумуррад буд.+  Дар гирди он тахт 24 тахтро дидам ва бар он тахтҳо 24 пир менишаст.+ Онҳо дар тан либосҳои сафед ва дар сар тоҷҳои тиллоӣ доштанд.  Аз тахт раъду+ барқ+ ва овозҳо мебаромаданд. Дар пеши тахт ҳафт чароғи фурӯзон меистод, ки рамзи ҳафт рӯҳи Худо аст.+  Ҳамчунин дар пеши тахт чизе ба мисли баҳри шишагине буд,+ ки ба булӯр монандӣ дошт. Дар миёнаи тахт* ва гирдогирди он чор ҷонзоде меистод,+ ки аз пасу пеш пур аз чашм буданд.  Ҷонзоди якум монанди шер+ буд, ҷонзоди дуюм монанди буққаи ҷавон*,+ ҷонзоди сеюм+ рӯе дошт мисли рӯйи одам ва ҷонзоди чорум+ ба уқобе монанд буд, ки парвоз мекунад.+  Ҳар яке аз ин чор ҷонзод шаш бол дошт ва болҳояшон гирдогирду аз поён пур аз чашм буданд.+ Онҳо шабу рӯз беист мегуфтанд: «Поки поки пок аст Яҳува,+ Худои Тавоно*, ки буд, ҳаст ва меояд».+  Ҳар боре ки ин ҷонзодҳо Нишинандаи тахтро, Абадзиндаро, ҷалол медиҳанд ва иззату шукргузорӣ мекунанд,+ 10  он 24 пир+ пеши Нишинандаи тахт зону зада, ба Абадзинда саҷда мекунанд ва тоҷҳои худро дар пеши тахт ба боло ҳаво дода, мегӯянд: 11  «Худои мо, Яҳува, ту сазовори ҷалол,+ иззат+ ва қудрат+ ҳастӣ, зеро ту ҳама чизро офаридаӣ+ ва ҳама чиз бо хости ту ба вуҷуд омадаасту офарида шудааст».

Поварақҳо

Ё «Тахт дар байн».
Ё «ҷувона; навбас; тӯрпӣ».
Ё «Абарқудрат».