Матто 2:1-23

  • Омадани толеъбинон (1–12)

  • Гурехтан ба Миср (13–15)

  • Ҳиродус писарчаҳоро мекушад (16–18)

  • Бозгашт ба Носира (19–23)

2  Исо дар айёми подшоҳии Ҳиродус*+ дар Байт-Лаҳми+ Яҳудия ба дунё омад. Баъди якчанд вақт аз Шарқ толеъбинон* ба Ерусалим омада, пурсиданд:  «Кӯдаке, ки подшоҳи яҳудиён мешавад, дар куҷост?+ Мо дар Шарқ ситораашро дидем ва омадем, ки ба ӯ таъзим кунем».  Аз шунидани ин шоҳ Ҳиродус ва тамоми мардуми Ерусалим ба ташвиш омаданд.  Подшоҳ ҳамаи коҳинони калон* ва шариатдононро ҷамъ оварда, пурсуҷӯ кард, ки Масеҳ бояд дар куҷо таваллуд шавад.  Онҳо ба ӯ ҷавоб доданд: «Дар Байт-Лаҳми+ Яҳудия, зеро дар ин бора пайғамбар чунин пешгӯйӣ карда буд:  “Эй Байт-Лаҳми Яҳудо, ту дар байни ҳокимони Яҳудо камтарин нестӣ, чунки аз ту ҳокиме мебарояд, ки халқам Исроилро чӯпонӣ мекунад”».+  Он гоҳ Ҳиродус пинҳонӣ толеъбинонро ба наздаш хонд ва аз онҳо вақти пайдо шудани ситораро аниқ кард.  Сипас онҳоро ба Байт-Лаҳм фиристода, гуфт: «Рафта, кӯдакро нағзакак кобед ва, ҳамин ки ёфтед, омада, ба ман хабар диҳед, то ки ман ҳам рафта, ба вай таъзим кунам».  Баъди шунидани суханони подшоҳ онҳо ба роҳ баромаданд ва ситорае, ки дар Шарқ дида буданд,+ пешопешашон мерафт. Ин ситора омада, дар болои хонае, ки кӯдак дар он ҷо буд, истод. 10  Толеъбинон инро дида хеле хурсанд шуданд 11  ва, вақте ба хона даромада, кӯдакро бо модараш Марям диданд, зону зада ба кӯдак таъзим карданд. Онҳо тилло ва лодану мурр* бароварда, ба ӯ туҳфа карданд. 12  Лекин, азбаски Худо дар хоб ба онҳо амр дод,+ ки ба назди Ҳиродус барнагарданд, бо роҳи дигар ба ватанашон рафтанд. 13  Баъди рафтани толеъбинон фариштаи Яҳува дар хоб ба Юсуф намудор шуда,+ гуфт: «Бархезу кӯдакро бо модараш гирифта, ба Миср гурез ва, то даме ки “биё” нагӯям, дар он ҷо бимон, зеро Ҳиродус мақсад дорад, ки кӯдакро ёфта, бикушад». 14  Худи ҳамон шаб Юсуф кӯдакро бо модараш гирифта, ба Миср рафт. 15  Онҳо то марги Ҳиродус дар он ҷо монданд, то ба амал ояд сухане, ки Яҳува ба воситаи пайғамбараш гуфта буд: «Писарамро аз Миср даъват намудам».+ 16  Вақте Ҳиродус фаҳмид, ки толеъбинон ӯро фиреб доданд, сахт дарғазаб шуд ва, азбаски аз рӯйи суханони толеъбинон+ синну соли кӯдакро тахмин карда буд, фармон дод, ки дар Байт-Лаҳм ва гирду атрофи он ҳамаи писарчаҳои то дусоларо ба қатл расонанд. 17  Он вақт сухане, ки ба воситаи пайғамбар Ирмиё гуфта шуд, иҷро гашт: 18  «Овозе дар Ромо шунида шуд, садои гиря ва доду фиғон. Роҳел+ барои фарзандонаш гиря мекунад ва тасаллӣ ёфтан намехоҳад, зеро онҳо дигар нестанд».+ 19  Баъд аз марги Ҳиродус фариштаи Яҳува ба Юсуф, ки он вақт дар Миср буд, дар хоб намудор шуда,+ гуфт: 20  «Бархез ва кӯдакро бо модараш гирифта, ба замини Исроил баргард, зеро шахсоне, ки қасди ҷони кӯдакро доштанд, мурданд». 21  Юсуф хест ва кӯдакро бо модараш гирифта, ба замини Исроил рафт. 22  Лекин ӯ шунид, ки дар Яҳудия ба ҷойи Ҳиродус писараш Аркилоус ҳукмронӣ карда истодааст, барои ҳамин аз рафтан ба он ҷо тарсид. Беш аз ин, Худо дар хоб ба ӯ фармуд, ки ба он ҷо наравад,+ аз ин рӯ вай ба вилояти Ҷалил+ рафт 23  ва ба он ҷо омада, дар шаҳри Носира+ сокин шуд, то суханоне, ки ба воситаи пайғамбарон пешгӯйӣ шуда буданд, иҷро шаванд: «Ӯ носирӣ* номида хоҳад шуд».+

Поварақҳо

Яъне Ҳиродуси Бузург.
Ё «ситорашиносон».
Коҳини калон — ниг. ба луғат.
Лодану мурр — хокаҳои қиматбаҳое, ки ҳангоми сӯзонидан бӯйи хуш мебароранд. Ниг. ба луғат, ба калимаҳои «лодан» ва «мурр».
Ин калима, аз афташ, аз калимаи ибрие гирифта шудааст, ки маънояш «навда» мебошад.