Мико 5:1-15

  • Ҳоким бар тамоми замин бузург мешавад (1–6)

    • Ҳоким аз Байт-Лаҳм хоҳад буд (2)

  • Бақияи Яъқуб мисли шабнам ва шер мешавад (7–9)

  • Замин пок мешавад (10–15)

5  «Ту худро бурида захмдор мекунӣ,Эй духтаре, ки сӯят ҳамла овардаанд. Моро муҳосира кардаанд.+ Онҳо довари Исроилро бо калтак ба рӯяш мезананд.+   Эй Байт-Лаҳми Эфрот,+Ту аз ҳад хурдӣ, ки дар байни ҳазорҳои* Яҳудо бошӣ,Вале аз ту барои ман касе ба миён меояд, ки ҳокими Исроил мешавад,+Касе, ки аслаш аз давраҳои пеш, аз рӯзҳои қадим, аст.   Ӯ онҳоро, то даме ки зоянда бизояд, тарк мекунадВа бародарони боқимондааш ба назди халқи Исроил бармегарданд.   Ӯ бармехезад ва бо қудрати Яҳува,Бо номи бузурги Худояш Яҳува чӯпонӣ мекунад.+ Онҳо тинҷу осуда хоҳанд зист,+Зеро бузургии ӯ то гӯшаю канори замин мерасад.+   Ӯ сулҳу осоиштагӣ меорад.+ Вақте ошурӣ ба замини мо ҳамла карда, қалъаҳоямонро поймол намояд,+Мо бар зидди ӯ ҳафт чӯпон, ҳашт мирро аз миёни мардум, бармехезонем.   Онҳо замини Ошур ва даромадгоҳҳои замини Нимрӯдро+Бо шамшер чӯпонӣ мекунанд.+ Вақте ошурӣ ҳамла оварда, замини моро поймол намояд,Ӯ моро аз дасти вай халос мекунад.+   Бақияи Яъқуб дар миёни халқҳои бисёреМисли шабнами Яҳува,Мисли борони бисёр бар растаниҳо хоҳад буд,Ки ба инсон умед намебандадВа писарони одамро интизор намешавад.   Бақияи Яъқуб дар миёни халқҳо,Дар байни мардумони зиёд,Мисли шер дар миёни ҳайвонҳои ҷангал хоҳад буд,Мисли шери ҷавоне, ки аз байни рамаҳои гӯсфандон гузашта,Ҳамла меораду пора-пора мекунадВа касе онҳоро халос намекунад.   Ту бар бадхоҳонат дастболо мешавӣВа ҳамаи душманонат несту нобуд мегарданд. 10  Дар он рӯз,— мегӯяд Яҳува,—Ман аспҳоятро аз миёни ту нест мекунам ва аробаҳоятро нобуд месозам. 11  Ман шаҳрҳои заминатро валангор мекунамВа ҳамаи қалъаҳоятро мешиканам, 12  Ба сеҳру ҷодуи ту хотима мебахшамВа дар миёни ту ҷодугаре намемонад.+ 13  Ман бутҳову сутунҳоятро аз миёни ту нест мекунамВа ту дигар ба амали дастонат саҷда намебарӣ,+ 14  Ашераҳоятро*+ аз миёни ту решакан мекунамВа шаҳрҳоятро нобуд месозам. 15  Ман бо хашму ғазабАз халқҳои беитоат интиқом мегирам».

Поварақҳо

Ё «хонаводаҳои».
Ашера — ниг. ба луғат.