2 Мӯсо 6:1-30

  • Ваъдаи озодӣ (1–13)

    • Яҳува номашро пурра ошкор накардааст (2, 3)

  • Насабномаи Мӯсо ва Ҳорун (14–27)

  • Мӯсо бояд бори дуюм назди фиръавн биравад (28–30)

6  Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Ҳоло мебинӣ, ки ман бо фиръавн чӣ кор мекунам.+ Бо дасти пурзӯрам ӯро маҷбур мекунам, ки онҳоро ҷавоб диҳад, ва бо дасти пурзӯрам ӯро маҷбур мекунам, ки онҳоро аз заминаш пеш кунад».+  Худо боз ба Мӯсо гуфт: «Ман Яҳува ҳастам.  Ман ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб бо номи Худои Тавоно*+ намудор мешудам, вале номи худ, Яҳуваро,+ ба онҳо пурра ошкор накардаам.+  Ман бо онҳо аҳд бастам, ки замини Канъонро, заминеро, ки дар он ғарибу мусофир буданд, ба онҳо медиҳам.+  Ман доду фиғони мардуми Исроилро, ки аз зулми мисриён меноланд, шунидам ва аҳдеро, ки баста будам, дар хотир дорам.+  Аз ин рӯ ба исроилиён бигӯй: “Ман Яҳува ҳастам ва ман шуморо аз ғуломӣ ва аз зери боре, ки мисриён бар гарданатон ниҳодаанд,+ халос мекунам ва шуморо бо дасти пурқувват ва ҳукмҳои бузургам наҷот медиҳам.+  Шумо халқи ман мешавед ва ман Худои шумо мешавам+ ва шумо ба яқин хоҳед донист, ки ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам, ки шуморо аз зери бори ғуломии Миср халос мекунам.  Ман шуморо ба замине, ки ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрда ваъда дода будам, меорам ва он заминро ба шумо медиҳам.+ Ман Яҳува ҳастам”».+  Мӯсо баъдтар ин хабарро ба исроилиён расонд, аммо онҳо аз сабаби рӯҳафтодагӣ ва азоби ғуломӣ ба гапи ӯ гӯш надоданд.+ 10  Баъд Яҳува ба Мӯсо гуфт: 11  «Бирав ва ба фиръавн, подшоҳи Миср, бигӯ, ки исроилиёнро аз замини худ сар диҳад». 12  Аммо Мӯсо ба Яҳува гуфт: «Худовандо, исроилиён ба гапи ман гӯш накарданд.+ Пас, чӣ тавр фиръавн ба сухани ман барин одам, ки базӯр гап мезанад,+ гӯш медиҳад?» 13  Аммо Яҳува бори дигар ба Мӯсо ва Ҳорун такрор кард, ки ба исроилиён ва фиръавн кадом амрҳоро диҳанд, то исроилиёнро аз замини Миср берун оранд. 14  Ин аст номҳои сарварони хонаводаҳои исроилиён: Писарони Реубен, писари калонии Исроил:+ Ҳанӯх, Фаллу, Ҳесрӯн ва Кармӣ.+ Инҳоянд хонаводаҳои Реубен. 15  Писарони Шимъӯн: Ямуил, Ямин, Ӯҳад, Ёкин, Сӯҳар ва Шоул, ки писари зани канъонӣ буд.+ Инҳоянд хонаводаҳои Шимъӯн. 16  Ин аст номҳои писарони Левӣ,+ ки мувофиқи хонаводаҳояшон номбар шудаанд: Ҷершӯн, Қаҳот ва Марорӣ.+ Худи Левӣ 137 сол умр дид. 17  Писарони Ҷершӯн, ки мувофиқи хонаводаҳояшон номбар шудаанд: Либнӣ ва Шимъӣ.+ 18  Писарони Қаҳот: Имрон, Исҳор, Ҳебрӯн ва Узиил.+ Худи Қаҳот 133 сол умр дид. 19  Писарони Марорӣ: Маҳлӣ ва Мушӣ. Ин аст насли Левӣ, ки мувофиқи хонаводаҳояш номбар шудааст.+ 20  Имрон аммаи худ Юкобадро ба занӣ гирифт+ ва ӯ барояш Ҳорун ва Мӯсоро таваллуд кард.+ Худи Имрон 137 сол умр дид. 21  Писарони Исҳор инҳоянд: Қӯраҳ,+ Нофаҷ ва Зикрӣ. 22  Писарони Узиил: Мишоил, Элисофон+ ва Ситрӣ. 23  Ҳорун Элишобаи духтари Аминодоб, хоҳари Наҳшӯнро,+ ба занӣ гирифт ва вай барояш Нодоб, Абиҳу, Элъозор ва Итоморро+ таваллуд кард. 24  Писарони Қӯраҳ: Асир, Элқоно ва Абиософ.+ Инҳоянд хонаводаҳои Қӯраҳ.+ 25  Элъозори+ писари Ҳорун яке аз духтарони Футиилро ба занӣ гирифт ва ӯ барояш Финҳосро+ таваллуд кард. Инҳоянд сарварони хонаводаҳои Левӣ мувофиқи оилаҳояшон.+ 26  Ин аст насабномае, ки Ҳорун ва Мӯсо ба он дохил мешуданд, ҳамон Ҳорун ва Мӯсое, ки Яҳува ба онҳо гуфт: «Халқи Исроилро ба дастаҳо тақсим карда, аз замини Миср бароред».+ 27  Ҳамин Мӯсо ва Ҳорун бо фиръавн, подшоҳи Миср, гап заданд, то халқи Исроилро аз замини Миср берун оранд.+ 28  Дар рӯзе ки Яҳува дар замини Миср бо Мӯсо гап зад, 29  Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Ман Яҳува ҳастам. Ҳамаи он суханонеро, ки ба ту гуфтам, ба фиръавн, подшоҳи Миср, бирасон». 30  Мӯсо ба Яҳува гуфт: «Худовандо, ман базӯр гап мезанам, пас, чӣ тавр фиръавн ба сухани ман гӯш медиҳад?»+

Поварақҳо

Ё «Абарқудрат».