2 Мӯсо 23:1-33

  • Қонунҳои исроилиён (1–19)

    • дар бораи ростқавлӣ ва инсоф (1–9)

    • дар бораи шанбеҳо ва идҳо (10–19)

  • Фариштаи Худо ба исроилиён кумак мекунад (20–26)

  • Сарҳади исроилиён ва аз худ кардани замин (27–33)

23  Овозаи дурӯғро паҳн накун.+ Ба бадкор шарик нашаву шоҳидии дурӯғ надеҳ.+  Дар кори бад аз пайи бисёриҳо нарав ва аксариятро пайравӣ карда шаҳодати бардурӯғ надеҳ ва адлу инсофро поймол накун.  Дар мурофиаи камбағал ӯро рӯихотир накун.+  Агар буққа ё хари гумшудаи душманатро ёбӣ, онро ҳатман ба вай баргардон.+  Агар бинӣ, ки хари душманат зери бораш афтодааст, аз пешаш гузашта нарав, балки ба ӯ ёрдам кун, ки борашро фарорад.+  Дар мурофиаи камбағал адлу инсофро пушти по назан.+  Касеро туҳмат накун ва бегуноҳу росткорро накуш, зеро ман бадкорро сафед намекунам.+  Пора нагир, зеро пора биноро кӯр мекунад ва ростқавлро дурӯғгӯ мегардонад.+  Ба ғариб зулм накун. Ту худат дарди ғарибиро медонӣ, зеро шумо дар замини Миср ғариб будед.+ 10  Шаш сол замини худро кишт куну ҳосилашро ғундор.+ 11  Лекин дар соли ҳафтум онро ором гузор ва киштукор накун. Бигзор камбағалон аз байни халқи ту аз он бихӯранд ва он чӣ боқӣ монад, ҷонварони ваҳшӣ бихӯранд. Бо токзор ва дарахти зайтуни худ низ ҳамин тавр кун. 12  Дар шаш рӯз коратро бикун, вале дар рӯзи ҳафтум ором гир, то буққаву харат ва писари канизат ва ғариб дам гиранд.+ 13  Ҳар он чиро, ки ман ба ту гуфтам, риоя кун+ ва номи худоёни дигарро ба забон нагир. Бигзор номи онҳо аз даҳонат набарояд.+ 14  Соле се маротиба бароям ид кун.+ 15  Иди Фатирро ҷашн бигир.+ Чи тавре ки ба ту фармуда будам, дар вақти муқарраршуда, дар моҳи абиб*,+ дар муддати ҳафт рӯз фатир* бихӯр, зеро ту дар ҳамон вақт аз Миср берун омадӣ. Бигзор ҳеҷ кас назди ман дасти холӣ наояд.+ 16  Ғайр аз ин, Иди Ғунучини Ҳосилро* ҷашн бигир. Онро вақте навбари ҳосилотатро меғундорӣ, ҷашн гир.+ Ту бояд ҳамчунин Иди Ҷамъовариро* дар охири сол, вақте аз заминат ҳосили меҳнати худро меғундорӣ, ҷашн бигирӣ.+ 17  Дар як сол се бор ҳар марди ту бояд назди Худованд Яҳува ҳозир шавад.+ 18  Хуни қурбониро бо ҳеҷ чизе, ки хамиртуруш дорад, набиёр. Аз ҳар қурбоние, ки ҳангоми ид барои ман оварда мешавад, набояд чарбуяш то саҳарӣ боқӣ монад. 19  Аз навбари беҳтарини заминат ба хонаи Худоят Яҳува биёр.+ Бузғоларо дар шири модараш напаз.+ 20  Ман пешопеши ту фариштаеро мефиристам,+ то шуморо дар роҳ нигаҳбонӣ кунад ва, ба ҷое ки бароятон тайёр кардаам, бибарад.+ 21  Ба ӯ диққат деҳ ва ба овозаш гӯш деҳ. Бар зидди вай набаро, зеро ӯ аз гуноҳҳоятон чашм намепӯшад,+ чунки номи ман бар ӯст. 22  Аммо, агар ту ба овози ӯ бечуну чаро гӯш диҳӣ ва ҳар он чиро, ки ман мефармоям, ба ҷо орӣ, ман бо душманонат душманӣ мекунам ва ба бадхоҳонат зиддият мекунам. 23  Фариштаи ман пешопеши ту рафта, туро ба замини амӯриён, ҳиттиён, фариззиён, канъониён, ҳиввиён ва ябусиён меорад ва ман онҳоро несту нобуд месозам.+ 24  Ба худоёни онҳо саҷда набар, онҳоро парастиш нанамо ва ба корҳои ин халқҳо пайравӣ накун.+ Бутҳои онҳоро несту нобуд соз ва сутунҳоеро, ки парастиш мекунанд, ба хок яксон кун.+ 25  Худоят Яҳуваро парастиш кун+ ва ӯ нону обатро баракат медиҳад.+ Ман бемориро аз байни ту дур месозам.+ 26  Дар замини ту зани бачапарто ва нозой намешавад+ ва ман ба ту умри дароз мебахшам. 27  Ман пешопеши ту тарси худро мефиристам+ ва ҳама халқҳоеро, ки бо онҳо дучор шавӣ, ба ошӯб меандозам ва тавре мекунам, ки душманонат аз ту гурезанд ва ту ба онҳо ғолиб биёӣ.+ 28  Ман пешопеши ту рӯҳафтодагиро* мефиристам+ ва он ҳиввиён, канъониён ва ҳиттиёнро пахш карда аз пеши ту бадар меронад.+ 29  Аммо ман онҳоро дар як сол аз пешат бадар намеронам, то замин беодам нашавад ва ҳайвоноти ваҳшӣ дар он зиёд нашаваду ба ту зарар нарасад.+ 30  Ман онҳоро оҳиста-оҳиста аз пеши ту меронам, то даме сершумор гардӣ ва заминро соҳиб шавӣ.+ 31  Ман сарҳади туро аз баҳри Сурх то баҳри фалиштиён ва аз биёбон то дарёи бузург* мегузорам,+ зеро ман сокинони ин заминро ба дасти ту месупорам ва ту онҳоро пеш мекунӣ.+ 32  Ту набояд бо онҳо ва ё худоёни онҳо аҳд бандӣ.+ 33  Онҳо набояд дар замини ту зиндагӣ кунанд, то туро ба гуноҳ бар зидди ман тела надиҳанд. Агар ту худоёни онҳоро парастиш кунӣ, ин, бешак, барои ту дом мешавад».+

Поварақҳо

Ё «нони бехамиртуруш».
Ин идро ҳамчунин «Иди Ҳафтаҳо» ё «Иди Пантикост» меноманд.
Ин идро ҳамчунин «Иди Хаймаҳо» меноманд.
Ё, эҳтимол, «ваҳмро».
Яъне дарёи Фурот.