Матто 6:1-34

  • СУХАНРОНИИ БОЛОИ КӮҲ (1–34)

    • Намоиш надодани росткории худ (1–4)

    • Дар бораи дуо (5–15)

      • Намунаи дуо (9–13)

    • Рӯзадорӣ (16–18)

    • Боигарӣ дар замин ва осмон (19–24)

    • Ташвиш накашед (25–34)

      • Пеш аз ҳама аз пайи Подшоҳии Худо бошед (33)

6  Эҳтиёт шавед, ки росткориятонро дар пеши одамон намоиш надиҳед,+ вагарна аз Падари осмониятон мукофоте намегиред.  Пас, вақте ки садақа медиҳӣ, пешопеши худ карнай нанавоз, мисли он ки дурӯягон дар ибодатхонаҳо ва кӯчаҳо мекунанд, то аз одамон таъриф шунаванд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо аллакай мукофоти худро ба пуррагӣ гирифтаанд.  Аммо, вақте ки садақа медиҳӣ, бигзор дасти чапат надонад, ки дасти ростат чӣ кор карда истодааст,  то садақа доданат ба касе маълум набошад. Он гоҳ Падари ниҳонбинат* ба ту мукофот медиҳад.+  Ҳамчунин, вақте ки дуо мегӯед, мисли дурӯягон рафтор накунед,+ зеро ба онҳо маъқул аст, ки дар ибодатхонаҳо ва дар сари кӯчаҳои калон дуо гӯянд, то одамон онҳоро бинанд.+ Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо аллакай мукофоти худро ба пуррагӣ гирифтаанд.  Аммо, вақте дуо мегӯӣ, ба хонаи худ даромада, дарро маҳкам кун ва ба Падари нонамоёнат дуо гӯй.+ Он гоҳ Падари ниҳонбинат ба ту мукофот медиҳад.  Вақте дуо мегӯед, мисли халқҳои дигар гаштаву баргашта як чизро такрор накунед, зеро онҳо гумон мекунанд, ки, агар пургӯйӣ кунанд, Худо дуои онҳоро мешунавад.  Пас, мисли онҳо набошед, зеро Падари шумо ҳатто пеш аз он ки чизеро талаб кунед, медонад, ки ба чӣ ниёз доред.+  Барои ҳамин ин тавр дуо гӯед:+ “Эй Падари мо, ки дар осмонӣ, номи ту+ муқаддас бод!*+ 10  Подшоҳии+ ту биёяд. Хости+ ту дар замин чун дар осмон иҷро гардад*.+ 11  Ризқу рӯзии имрӯзаамонро бидеҳ+ 12  ва қарзҳои* моро бибахш, чи тавре ки мо низ қарздорони худро* бахшидем.+ 13  Нагузор, ки ба васваса афтем,+ балки моро аз Шайтон* халос кун”.+ 14  Агар шумо хатоҳои одамонро бахшед, Падари осмониятон низ шуморо мебахшад,+ 15  лекин, агар шумо хатоҳои одамонро набахшед, Падари шумо низ хатоҳоятонро намебахшад.+ 16  Минбаъд, вақте рӯза мегиред,+ монанди дурӯягон рӯятонро турш накунед, зеро онҳо барои намоиш додани рӯзадорияшон ба афту андоми худ аҳамият намедиҳанд.+ Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо аллакай мукофоти худро ба пуррагӣ гирифтаанд. 17  Аммо ту, ҳангоме ки рӯза мегирӣ, ба сарат равған бимол ва рӯйи худро бишӯй, 18  то рӯзадорият на ба одамон, балки танҳо ба Падари нонамоёнат аён бошад. Он гоҳ Падари ниҳонбинат ба ту мукофот медиҳад. 19  Барои худ дар замин боигарӣ ҷамъ накунед,+ ки дар ин ҷо онҳоро куя* ва занг мезанад ва дуздон даромада, медузданд, 20  балки дар осмон боигарӣ ҷамъ кунед,+ чунки дар он ҷо куя ва занг намезанад+ ва дуздон даромада, намедузданд. 21  Боигарии шумо дар куҷое бошад, дилатон низ дар ҳамон ҷо мешавад. 22  Чароғи бадан чашм аст.+ Пас, агар чашмат сер* бошад, тамоми баданат равшан мегардад. 23  Лекин, агар чашмат гушна* бошад,+ тамоми баданат торик мегардад. Агар нуре, ки дар туст, торикӣ бошад, пас, чӣ гуна бузург аст он торикӣ! 24  Ҳеҷ кас ғуломи ду хӯҷаин буда наметавонад, чунки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст медорад,+ ё ба яке часпида, дигареро хор медорад. Шумо наметавонед ҳам ғуломи Худо ва ҳам ғуломи Боигарӣ бошед.+ 25  Бинобар ин ба шумо мегӯям: дигар дар бораи ҳаёти худ, яъне чӣ хӯрдану чӣ нӯшидан, ё дар бораи бадани худ, яъне чӣ пӯшидан,+ ташвиш накашед.+ Магар ҳаёт аз хӯрок ва бадан аз пӯшок муҳимтар нест?+ 26  Ба парандагони осмон диққат диҳед+ — онҳо на мекоранд, на медараванд ва на дар анборҳо захира мекунанд, бо вуҷуди ин Падари осмонии шумо ризқу рӯзияшонро мерасонад. Наход шумо аз онҳо пурарзиштар набошед? 27  Кадоме аз шумо ташвиш кашида умри худро ақаллан каме* дароз карда метавонад?+ 28  Ҳамчунин дар бораи чӣ пӯшидан чаро ташвиш мекашед? Аз савсанҳои саҳро ибрат гиред, ки чӣ тавр месабзанд: онҳо на меҳнат мекунанд ва на мересанд, 29  аммо ба шумо мегӯям, ки ҳатто Сулаймон+ бо ҳама шукӯҳаш мисли яке аз онҳо либос напӯшида буд. 30  Пас, агар Худо алафи саҳроро, ки имрӯз ҳасту пагоҳ ба оташ партофта мешавад, ин тавр пӯшонад, наход шуморо, эй сустимонҳо, пӯшонида натавонад? 31  Бинобар ин ҳеҷ гоҳ ташвиш кашида+ нагӯед “чӣ хӯрем?” ё “чӣ нӯшем?” ё “чӣ пӯшем?”,+ 32  зеро халқҳои дигар аз пайи ҳамин чизҳо мебошанд. Аммо Падари осмониятон ба ҳамаи ин чизҳо муҳтоҷ будани шуморо медонад. 33  Пас, пеш аз ҳама аз пайи Подшоҳии Худо бошед ва он чиро, ки дар назари Худо дуруст аст, ба ҷо оред, он гоҳ ҳамаи ин чизҳо низ ба шумо дода мешавад.+ 34  Ҳеҷ гоҳ ғами фардоро нахӯред,+ зеро фардо ғаму ташвишҳои худро дорад. Ташвиши имрӯза барои ҳамин рӯз басанда аст.

Поварақҳо

Ниҳонбин — касе, ки чизҳои пинҳону ноаёнро мебинад.
Ё «муқаддас шумурда шавад!»
Ё «Хости ту ҳам дар осмон ва ҳам дар замин иҷро шавад».
Ё «гуноҳҳои».
Ё «касонеро, ки бар зидди мо гуноҳ кардаанд».
Дар матни асл «бадкор».
Куя — як навъ шапалаки хурде, ки кирмаки он матоъро хӯрда нобуд мекунад.
Дар матни асл «одӣ».
Дар матни асл «бад».
Дар матни асл «як газ». Ниг. ба Замимаи Б14.