1 Қӯринтиён 16:1-24

  • Хайрия барои масеҳиёни Ерусалим (1–4)

  • Нақшаҳои сафарии Павлус (5–9)

  • Омадани Тимотиюс ва Апуллус (10–12)

  • Насиҳатҳо ва хайрухуш (13–24)

16  Дар мавриди ҷамъ кардани пул барои покон+ аз рӯйи дастуроте, ки ба ҷамоатҳои Ғалотия додаам, амал кунед.  Рӯзи якуми ҳафта ҳар кадоматон мувофиқи даромади худ маблағи муайянеро ҷудо кунед, то дар вақти омаданам ба ҷамъ кардан ҳоҷат набошад.  Вақте биёям, мардонеро, ки шумо дар номаҳоятон боваринок гуфтед,+ ба Ерусалим мефиристам, то ҳадияҳои пурмеҳри шуморо он ҷо баранд.  Лекин, агар ба он ҷо рафтани ман низ дуруст бошад, онҳо бо ман мераванд.  Назди шумо бошад, баъди аз Мақдуния+ гузаштанам меоям, чунки роҳи ман аз он ҷо мегузарад.  Он вақт, шояд, каме бо шумо истам ё ҳатто зимистонро дар наздатон гузаронам, то, ба ҳар ҷое ки равам, маро гусел кунед.  Шуморо ҳоло сари қадам дида гузаштан намехоҳам, зеро умедворам, ки, агар Яҳува иҷозат диҳад, каме бо шумо бимонам.+  Лекин то Иди Ҳафтаҳо дар Эфсӯс+ мемонам,  чунки дари калоне барои хизмат ба рӯям боз шудааст,+ вале душманон низ бисёранд. 10  Агар Тимотиюс+ ояд, бохабар бошед, ки дар миёни шумо аз чизе нороҳат нашавад, зеро ӯ ҳам монанди ман кори Яҳуваро иҷро мекунад.+ 11  Бигзор ҳеҷ кас ӯро бо чашми кам набинад. Ӯро сиҳату саломат гусел кунед, то назди ман ояд, зеро ман ва дигар бародарон интизори вай ҳастем. 12  Акнун мехоҳам дар бораи бародарамон Апуллус+ бигӯям. Ман аз ӯ бисёр илтимос кардам, ки ҳамроҳи бародарон назди шумо биёяд, аммо ӯ худи ҳозир рафтан нахосту гуфт, ки ҳар гоҳ фурсат пайдо кунад, наздатон меояд. 13  Бедор бошед,+ дар имон устувор монед,+ мардвор рафтор кунед*+ ва қавӣ бошед.+ 14  Ҳар он чӣ мекунед, аз рӯйи муҳаббат кунед.+ 15  Эй бародарон, шумо медонед, ки аҳли хонаводаи Истефанус дар Охоия шогирдони аввалинанд ва худро ба хизмати покон бахшидаанд. Аз шумо низ хоҳиш мекунам, ки 16  ба чунин касон ва ба ҳама ҳамкорони заҳматкаши мо итоаткор бошед.+ 17  Ман хурсандам, ки Истефанус,+ Фортунатус ва Оҳойқус дар ин ҷоянд, зеро онҳо ҷойи холии шуморо пур карданд. 18  Онҳо ману шуморо рӯҳбаланд карданд. Бинобар ин чунин касонро қадрдонӣ кунед. 19  Ҷамоатҳои Осиё ба шумо салом мерасонанд. Акилову Приска* ва ҷамоати хонаи онҳо+ ба шумо, пайравони Ҳазрат, саломи гарму ҷӯшон мерасонанд. 20  Ҳамаи бародарон ба шумо салом мерасонанд. Якдигарро бо бӯсаи бародарона пешвоз гиред. 21  Ман, Павлус, ин саломро бо дасти худ менависам. 22  Лаънат ба касе, ки Ҳазратро дӯст надорад! Эй Ҳазрат, биё! 23  Лутфу марҳамати Ҳазратамон Исо бо шумо бод! 24  Ҳамаи шуморо, эй онҳое, ки бо Исои Масеҳ якдилед, дӯст медорам.

Поварақҳо

Ё «далер бошед».
Приска — номи дигари Прискило.