Қӯлассиён 4:1-18

  • Насиҳат ба хӯҷаинон (1)

  • «Ҳамеша дуо гӯед» (2–4)

  • Бигзор суханонатон намакин бошанд (5, 6)

  • Хайрухуш (7–18)

4  Эй хӯҷаинҳо, бо ғуломони худ дуруст ва аз рӯйи инсоф рафтор кунед, зеро медонед, ки худатон низ дар осмон Хӯҷаин доред.+  Ҳамеша дуо гӯед+ ва бо шукргузорӣ бедор бимонед.+  Барои мо низ дуо гӯед,+ то Худо барои эълони каломаш дареро ба рӯямон боз кунад ва мо сирри муқаддасро дар бораи Масеҳ, сирреро, ки барояш дар ҳабс ҳастам, баён карда тавонем.+  Ҳамчунин дуо гӯед, ки ман онро равшан баён кунам, чуноне ки бояд кунам.  Бо одамони берун аз рӯйи хирад рафтор кунед ва фурсатро ғанимат донед*.+  Бигзор суханони шумо ҳамеша форам ва намакин бошанд,+ то бидонед, ки ба ҳар кас чӣ гуна ҷавоб диҳед.+  Хизматгори боваринок ва бародари азизам Тихиқус,+ ки мисли мо ғуломи Ҳазрат аст, тамоми хабарҳоро дар бораи ман ба шумо мерасонад.  Ман ӯро назди шумо мефиристам, то аз аҳволи мо хабардор шавед ва ӯ шуморо тасаллӣ диҳад.  Ҳамроҳи Тихиқус Онисимус+ — бародари бовариноку азизам, меояд, ки аз миёни шумост. Онҳо шуморо аз гапу кори ин ҷо хабардор мекунанд. 10  Ористархус,+ ки бо ман дар ҳабс аст, ва Марқус,+ хеши Барнаббо, ба шумо салом мерасонанд (шумо дар бораи Марқус дастур гирифта будед, ки, агар наздатон ояд, ӯро нағз қабул кунед).+ 11  Ҳамчунин Исо, ки лақабаш Юстус аст, ба шумо салом мерасонад. Инҳо аз хатнашудагонанд ва ягона касонеанд, ки барои Подшоҳии Худо ҳамкорони ман ҳастанду бароям сарчашмаи тасаллии бузург гаштанд*. 12  Эпафрос,+ ғуломи Исои Масеҳ, ки аз миёни шумост, ба шумо салом мерасонад. Ӯ ҳамеша бо ҷидду ҷаҳд дар ҳаққи шумо дуо мегӯяд, то шумо баркамолу устувор бимонед ва ба ҳар он чӣ хости Худост, боварии қавӣ дошта бошед. 13  Ман шоҳиди онам, ки ӯ барои шумо ва барои касоне, ки дар Лудкия ва Ҳираполис мебошанд, бисёр меҳнат мекунад. 14  Луқо,+ табиби азиз, ва ҳамчунин Димос+ ба шумо салом мерасонанд. 15  Саломи маро ба бародароне, ки дар Лудкияанд, ба хоҳарамон Нумфос ва ба ҷамоати хонаи ӯ бирасонед.+ 16  Пас аз он ки ин мактубро дар миёни шумо бихонанд, коре кунед, ки онро дар ҷамоати Лудкия низ бихонанд,+ ва мактуберо, ки ба ҷамоати Лудкия навиштаам, шумо низ бихонед. 17  Ҳамчунин ба Архипус+ бигӯед: «Ба хизмате, ки дар роҳи Ҳазрат қабул кардаӣ, диққат деҳ, то онро ба охир расонӣ». 18  Ман, Павлус, саломамро бо дасти худ менависам.+ Занҷирҳои маро дар хотир доред.+ Лутфу марҳамати Худо бо шумо бод!

Поварақҳо

Ё «вақтро бихаред».
Ё «маро қувват бахшиданд».