Ғалотиён 3:1-29

  • Корҳои шариат ва имон (1–14)

    • «Росткор ба воситаи имонаш хоҳад зист» (11)

  • Ваъда ба Иброҳим аз рӯйи Шариат набуд (15–18)

    • Масеҳ насли Иброҳим аст (16)

  • Дода шудани Шариат ва мақсади он (19–25)

  • Ба воситаи имон писарони Худо ҳастед (26–29)

    • Агар аз они Масеҳ бошед, насли Иброҳимед (29)

3  Эй ғалотиёни нодон! Кӣ шуморо аз роҳ зад?+ Охир, ба шумо нағзакак фаҳмонда буданд, ки Исои Масеҳ барои чӣ мехкӯб шуд.+  Фақат як чизро аз шумо пурсидан мехоҳам: шумо рӯҳро ба воситаи корҳои шариат гирифтаед ё дар асоси имон ба чизҳои шунидаатон?+  Наход шумо ин қадар нодон бошед? Оё бо рӯҳ сар карда, акнун бо ҷисм ба охир мерасонед?+  Магар шумо беҳуда ин қадар азоб кашидед? Гумон намекунам, ки беҳуда бошад.  Пас, оё оне, ки ба шумо рӯҳро медиҳад ва дар байнатон корҳои бузургро ба амал меорад,+ инро ба хотири он мекунад, ки шумо аз рӯйи шариат рафтор мекунед ё ба хотири он ки шумо ба чизҳои шунидаатон имон овардед?  Иброҳим ҳам «ба Яҳува имон овард ва барои ин кораш росткор шумурда шуд».+  Шумо, албатта, медонед, ки аҳли имон писарони Иброҳиманд.+  Дар Навиштаҳо пешбинӣ шудааст, ки Худо халқҳои дигарро дар асоси имонашон росткор меҳисобад, аз ин рӯ ба Иброҳим пешакӣ чунин хушхабар гуфта шуд: «Ба воситаи ту ҳамаи халқҳо баракат меёбанд».+  Ҳамин тавр, аҳли имон ҳамроҳи Иброҳим, ки имон дошт, баракат меёбанд.+ 10  Ҳамаи онҳое, ки ба корҳои шариат такя мекунанд, зери лаънатанд, зеро навишта шудааст: «Лаънат ба ҳар касе, ки тамоми навиштаҳои китоби Шариатро* пайваста ба ҷо намеорад».+ 11  Ғайр аз ин, равшан аст, ки ҳеҷ кас ба воситаи иҷро кардани шариат дар назди Худо росткор ҳисоб намеёбад,+ зеро «росткор ба воситаи имонаш хоҳад зист».+ 12  Шариат бошад, бар имон асос намеёбад, балки «ҳар кӣ фармудаҳои онро ба ҷо орад, ба воситаи онҳо зиндагӣ хоҳад кард».+ 13  Масеҳ бо баҳои ҷони худ+ моро аз лаънати Шариат озод кард+ ва худаш ба ҷойи мо гирифтори лаънат гардид, чи тавре ки навишта шудааст: «Лаънат ба ҳар касе, ки ба сутун* овехта шудааст».+ 14  Ин барои он карда шуд, то халқҳои дигар ба воситаи Исои Масеҳ+ аз баракате, ки ба Иброҳим ваъда шуда буд, баҳравар шаванд ва мо ба воситаи имонамон рӯҳи ваъдагиро ба даст орем.+ 15  Эй бародарон, ба шумо аз ҳаёти ҳаррӯза мисол меорам: аҳди бастаро, ҳатто агар одам баста бошад, ҳеҷ кас бекор намекунад ё ба он тағйироте намедарорад. 16  Ба Иброҳим ва насли ӯ низ ваъдаҳо дода шуданд.+ Навишта нашудааст: «Ба наслҳоят», гӯё сухан дар бораи бисёриҳо мерафта бошад, балки: «Ба наслат», яъне дар бораи як кас, ки Масеҳ аст.+ 17  Боз чунин мегӯям: Шариат, ки баъди 430 сол ба миён омад,+ аҳдеро, ки Худо пештар баста буд, вайрон намекунад ва ваъдаро бекор наменамояд. 18  Агар мерос аз рӯйи шариат дода шавад, пас, он дигар аз рӯйи ваъда нест, лекин Худо аз меҳрубонияш ба Иброҳим аз рӯйи ваъда мерос дод.+ 19  Пас, Шариат барои чӣ дода шуд? Он баъдтар дода шуд, то қонуншиканиро маълум созад+ ва то омадани насл,+ ки ваъда ба вай дахл дошт, амал кунад. Шариат ба воситаи фариштагон+ ва бо дасти миёнарав дода шуд.+ 20  Лекин миёнарав танҳо вақте лозим аст, ки ду ҷониб бо ҳам аҳд банданд, ҳангоми додани ваъда бошад, танҳо як ҷониб буд, яъне Худо. 21  Пас, магар Шариат муқобили ваъдаҳои Худост? Ҳаргиз! Агар шариате дода мешуд, ки ҳаёт бахшида метавонист, пас, росткорӣ, дар ҳақиқат, ба воситаи он ба даст оварда мешуд. 22  Лекин Навиштаҳо ҳама чизро асири гуноҳ гардониданд, то ваъдае, ки бар имон ба Исои Масеҳ асос меёбад, ба имондорон дода шавад. 23  Аммо пеш аз омадани имон мо асири шариат ва зери назорати он будему интизори имоне будем, ки бояд ошкор мешуд.+ 24  Ҳамин тавр, Шариат мураббии мо шуд ва моро сӯйи Масеҳ роҳнамоӣ мекард,+ то ба воситаи имон росткор ҳисобида шавем.+ 25  Лекин, ҳоло ки имон омад,+ мо дигар зери назорати мураббӣ нестем.+ 26  Ҳамаи шумо ба воситаи имонатон ба Исои Масеҳ+ писарони Худо ҳастед.+ 27  Охир, ҳамаи шумо, ки дар Масеҳ таъмид ёфтаед*, сифатҳои Масеҳро чун либос бар тан кардаед.+ 28  Дигар на яҳудӣ ҳасту на юнонӣ,+ на ғулом ҳасту на озод,+ на мард ҳасту на зан,+ зеро ҳамаи шумо чун пайравони Исои Масеҳ якдилед.+ 29  Ғайр аз ин, агар шумо аз они Масеҳ бошед, пас, дар ҳақиқат, насли Иброҳим ҳастед,+ ворисонед+ мувофиқи ваъда.+

Поварақҳо

Ё «Тавротро».
Ё «ба дор».
Таъмид — ниг. ба луғат.