Яъқуб 1:1-27

  • Сарсухан (1)

  • Истодагарӣ хушбахтӣ меорад (2–15)

    • Имони санҷида (3)

    • Бо имон пурсед (5–8)

    • Ҳавас гуноҳ ва маргро ба вуҷуд меорад (14, 15)

  • Ҳар ҳадияи нек аз болост (16–18)

  • Шунидан ва иҷро кардани калом (19–25)

    • Шахсе, ки ба оина нигоҳ мекунад (23, 24)

  • Парастиши поку беолоиш (26, 27)

1  Ман, Яъқуб,+ бандаи Худо ва ғуломи Ҳазратамон Исои Масеҳ*, ба 12 қабилае, ки дар ҳар ҷо парокандаанд, салом мерасонам.  Эй бародаронам, вақте бо озмоишҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавед, шодӣ кунед,+  зеро медонед, ки, вақте имонатон аз санҷиш мегузарад, сабру тоқататон* обутоб меёбад.+  Сабру тоқататон ки пурра обутоб ёфт, шумо аз ҳар ҷиҳат комилу солиму бекамбудӣ мешавед.+  Агар касе дар байни шумо аз хирад камӣ дошта бошад, бигзор пайваста аз Худо хирад пурсад+ ва ба вай дода мешавад, зеро Худо ба ҳама бо дасти кушод ва бе таъна+ медиҳад.+  Вале бигзор бо имон пурсад+ ва заррае шакку шубҳа накунад,+ чунки шаккок монанди мавҷи баҳрест, ки бо вазидани шамол ҳар сӯ ронда мешавад.  Бигзор чунин одам интизор нашавад, ки аз Яҳува чизе ба даст меорад,  чунки вай одами дудилаву+ ҳардамхаёл* аст.  Бигзор бародари камбағал аз сарбаланд шуданаш шодӣ кунад+ 10  ва сарватдор — аз сархам шуданаш,+ зеро одами сарватманд мисли гули саҳро даргузар аст. 11  Чи тавре ки офтоб баланд мешаваду аз тафсаш алаф хушк мегардад ва гули он мерезаду зебоияш гум мешавад, ҳамон тавр сарватдор низ аз пайи сарват шуда хазон мегардад.+ 12  Хушбахт аст касе, ки озмоишҳоро бо истодагарӣ паси сар мекунад,+ чунки ӯ розигии Худоро ба даст оварда, тоҷи ҳаётро,+ ки Яҳува ба дӯстдоронаш ваъда додааст,+ соҳиб мегардад. 13  Дар озмоишҳо ҳеҷ кас нагӯяд: «Маро Худо санҷида истодааст», зеро Худо бо бадӣ санҷида намешавад ва худаш низ ҳеҷ касро бо бадӣ намесанҷад. 14  Вале ҳар кас саргарм ва фирефтаи хоҳишу ҳавасҳои худ шуда* ба озмоиш дучор мегардад.+ 15  Баъд ҳавас ҳомила шуда, гуноҳро ба дунё меорад, гуноҳ ки ба амал омад, маргро ба вуҷуд меорад.+ 16  Эй бародарони азизи ман, фиреб нахӯред. 17  Ҳар як ҳадияи нек ва ҳар як атои комил аз боло,+ аз ҷониби Падари нурҳост,+ ки мисли соя тағйир намеёбад.+ 18  Ӯ аз рӯйи хосташ моро ба воситаи каломи ростӣ ба дунё овардааст,+ то яке аз аввалинҳое бошем, ки аз байни офаридаҳояш интихоб шудаанд.+ 19  Эй бародарони азизам, бидонед, ки ҳар кас бояд дар шунидан бошитоб, вале дар гуфтан+ ва дар хашм+ оҳиста бошад, 20  зеро хашми одам он чиро, ки дар назари Худо дуруст аст, ба амал намеорад.+ 21  Аз ин рӯ тамоми нопокӣ ва ҳар нишонаи бадиро+ як сӯ гузошта, каломеро, ки дар шумо кошта мешавад ва шуморо наҷот дода метавонад, ҳалимона қабул кунед. 22  Пас, на фақат шунавандагони калом, балки иҷрокунандаи он бошед,+ вагарна худро бо андешаронии бардурӯғ фиреб медиҳед, 23  зеро шахсе, ки каломро мешунаваду онро иҷро намекунад,+ монанди касест, ки дар оина ба рӯйи худ менигарад: 24  ӯ ба чеҳрааш нигоҳ мекунаду меравад ва ҳамон замон чӣ гуна будани онро фаромӯш менамояд. 25  Аммо ҳар кӣ ба шариати комили+ озодибахш диққат мекунад ва дар он устувор мемонад, на шунавандаи фаромӯшхотир, балки иҷрокунандаи он мегардаду аз ин хушбахтӣ меёбад.+ 26  Агар касе гумон кунад, ки Худоро мепарастад*, лекин ҷилави забонашро накашад,+ ӯ худро фиреб медиҳад ва парастишаш беҳуда аст. 27  Парастиши* поку беолоиш дар назари Падарамон Худо ин аст, ки ба ятимону+ бевазанони+ дармонда+ ғамхорӣ кунем ва худро ба ин ҷаҳон олуда насозем.+

Поварақҳо

Масеҳ — ниг. ба луғат.
Ё «истодагариятон».
Ё «дар ҳама кораш ноустувор».
Ё «ба доми хоҳишу ҳавасҳои худ афтода».
Ё «ӯ диндор аст».
Ё «Дини».