Юҳанно 6:1-71

  • Исо 5000 мардро сер мекунад (1–15)

  • Исо рӯ-рӯйи об роҳ меравад (16–21)

  • Исо — «нони ҳаёт» (22–59)

  • Бисёриҳо аз суханони Исо ба хашм меоянд (60–71)

6  Баъд аз ин Исо ба соҳили дигари баҳри Ҷалил, ки ҳамчунин баҳри Табария номида мешуд, раҳсипор гашт.+  Аз паси ӯ мардуми бисёре равона шуданд,+ зеро дида буданд, ки ӯ муъҷиза карда беморонро шифо медиҳад.+  Исо ба болои кӯҳе баромада, дар он ҷо бо шогирдонаш нишаст.  Он вақт Иди Раҳоии+ яҳудиён наздик буд.  Вақте Исо чашм андохта дид, ки мардуми бисёре наздаш меояд, ба Филиппус гуфт: «Барои ин одамон аз куҷо нон харем?»+  Аммо инро барои санҷидани Филиппус гуфт, зеро медонист, ки чӣ кор карданист.  Филиппус ҷавоб дод: «Ҳатто агар ба 200 динор* нон харем, ба ҳамаи онҳо як бурдагӣ ҳам намерасад».  Яке аз шогирдонаш, Андриёс, ки бародари Шимъӯни Петрус буд, ба ӯ гуфт:  «Дар ин ҷо писарчае ҳаст, ки панҷ нони ҷавин ва ду моҳии хурд дорад. Лекин ин барои мардуми бисёр чӣ мешавад?»+ 10  Исо гуфт: «Ба мардум гӯед, ки шинанд». Дар он ҷо сабза бисёр буд ва одамон, ки дар байнашон тақрибан 5000 мард буд, нишастанд*.+ 11  Исо нонро гирифта, шукргузорӣ намуду ба нишастагон дод. Моҳиҳоро низ тақсим кард ва ҳама, чи қадаре ки хостанд, хӯрданд. 12  Вақте ки онҳо сер шуданд, ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Пораҳои боқимондаро ҷамъ кунед, то ҳеҷ чиз ҳайф нашавад». 13  Онҳо ба гуфти Исо карданд ва аз пораҳои боқимондаи панҷ нони ҷавин 12 сабадро пур карданд. 14  Вақте мардум ин муъҷизаи Исоро диданд, чунин гуфтанд: «Ин, дар ҳақиқат, ҳамон пайғамбари ваъдашудаест, ки бояд ба ҷаҳон биёяд».+ 15  Вале Исо медонист, ки онҳо омада, ӯро маҷбуран подшоҳ карданиянд,+ бинобар ин боз танҳо ба кӯҳ баромад.+ 16  Шомгоҳон шогирдон ба лаби баҳр омаданд+ 17  ва ба қаиқ нишаста, ба соҳили дигар, сӯйи Кафарнаҳум, равона шуданд. Ҳаво аллакай торик шуда буд, вале Исо то ҳол ба наздашон наомада буд.+ 18  Дар ин миён шамоли сахт вазида, баҳрро ба талотум овард.+ 19  Вале, вақте онҳо қаиқро панҷ-шаш километр* пеш ронданд, диданд, ки Исо рӯ-рӯйи об қадам зада, наздашон меояд, ва аз ин ба ҳарос афтоданд. 20  Аммо ӯ ба онҳо гуфт: «Натарсед! Ин манам».+ 21  Он гоҳ онҳо хурсанд шуда, ӯро ба қаиқ савор карданд ва пас аз андаке қаиқ ба соҳиле, ки онҳо ба тарафаш равона буданд, расид.+ 22  Рӯзи дигар мардуме, ки дар он тарафи баҳр монда буданд, диданд, ки ягона қаиқи хурде, ки дар лаби баҳр буд, аллакай нест. Шогирдон ба он қаиқ савор шуда, ба соҳили дигар гузашта буданд, вале Исо ҳамроҳашон нарафта буд. 23  Дар ин миён, ба он ҷое ки онҳо пас аз шукргузорӣ кардани Ҳазрат нон хӯрда буданд, аз Табария қаиқҳо омаданд. 24  Вақте мардум диданд, ки Исо ва шогирдонаш нестанд, ба он қаиқҳо савор шуда, дар ҷустуҷӯйи Исо ба Кафарнаҳум омаданд. 25  Онҳо ӯро дар он тарафи баҳр ёфта, гуфтанд: «Устод,+ ту кай ба ин ҷо омадӣ?» 26  Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: шумо маро на барои он кофта истодаед, ки муъҷизаҳоро дидед, балки, барои он ки нон хӯрдед ва сер шудед.+ 27  На барои хӯроки фонӣ*, балки барои хӯроки ҷовидонӣ меҳнат кунед, ки ҳаёти абадӣ мебахшад,+ ва ин хӯрокро Фарзанди одам ба шумо медиҳад, зеро Падар, яъне худи Худо, бар ӯ муҳри ризо гузоштааст».+ 28  Он гоҳ онҳо ба ӯ гуфтанд: «Чӣ кор кунем, ки ба Худо писанд оем?» 29  Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Агар ба фиристодааш имон дошта бошед*, ба Худо писанд меоед».+ 30  Он гоҳ онҳо гуфтанд: «Чӣ аломате нишон медиҳӣ,+ ки онро дида ба ту бовар кунем? Чӣ кор мекунӣ? 31  Бобоёни мо дар биёбон манн хӯрданд,+ чунон ки навишта шудааст: “Ӯ ба онҳо аз осмон нон дод, то бихӯранд”».+ 32  Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Мӯсо ба шумо аз осмон нони ҳақиқӣ надодааст, вале Падари ман аз осмон ба шумо нони ҳақиқӣ дода истодааст, 33  зеро нони Худо ҳамон касест, ки аз осмон меояду ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад». 34  Он гоҳ онҳо ба ӯ гуфтанд: «Ҳазрат, ба мо ҳамеша ин нонро бидеҳ». 35  Исо ба онҳо гуфт: «Ман нони ҳаёт ҳастам. Касе, ки назди ман ояд, ҳаргиз гушна намемонад ва касе, ки ба ман имон орад, ҳаргиз ташна намешавад.+ 36  Вале, чуноне ки гуфтам, шумо маро дидеду бо вуҷуди ин бовар намекунед.+ 37  Ҳамаи онҳое, ки Падар ба ман медиҳад, наздам меоянд ва ман касеро, ки наздам биёяд, ҳеҷ гоҳ пеш намекунам.+ 38  Ман аз осмон на барои ба ҷо овардани хости худ, балки барои ба ҷо овардани хости Фиристандаам+ фуруд омадаам.+ 39  Хости Фиристандаам бошад, ин аст, ки ман ҳеҷ яки онҳоеро, ки ӯ ба ман додааст, аз даст надиҳам, балки онҳоро дар рӯзи охирин зинда кунам.+ 40  Хости Падари ман ин аст, ки ҳар кӣ Писарро қабул кунад ва ба ӯ имон орад, ҳаёти ҷовидонӣ ёбад,+ ва ман ӯро дар рӯзи охирин зинда мегардонам».+ 41  Он гоҳ яҳудиён шикоят кардан гирифтанд, зеро ӯ гуфта буд: «Манам он ноне, ки аз осмон фаромадааст».+ 42  Онҳо мегуфтанд: «Магар ӯ ҳамон Исои писари Юсуф нест? Охир, мо падару модарашро мешиносем,+ чӣ хел ӯ мегӯяд, ки “Ман аз осмон фуруд омадаам”?» 43  Исо дар ҷавоб гуфт: «Шикоят накунед. 44  Ҳеҷ кас назди ман омада наметавонад, бе он ки Падаре, ки маро фиристодааст, ӯро ҷалб кунад,+ ва ман ӯро дар рӯзи охирин зинда мекунам.+ 45  Дар Навиштаҳои пайғамбарон гуфта шудааст: “Ҳамаи онҳо аз Яҳува таълим хоҳанд гирифт”.+ Ҳар кӣ ба Падар гӯш медиҳад ва таълим мегирад, назди ман меояд. 46  Ҳеҷ як инсон Падарро надидааст,+ ғайр аз касе, ки аз ҷониби Худост; танҳо ӯ Падарро дидааст.+ 47  Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ имон орад, соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мегардад.+ 48  Ман нони ҳаёт ҳастам.+ 49  Бобоёни шумо дар биёбон манн хӯрданду бо вуҷуди ин мурданд.+ 50  Вале ҳар кӣ нони аз осмон омадаро хӯрад, намемирад. 51  Он нони зиндае, ки аз осмон фуруд омадааст, манам. Касе аз ин нон бихӯрад, то абад зинда мемонад. Ноне, ки ман медиҳам, ҷисми ман аст, ки онро барои одамизод* медиҳам, то соҳиби ҳаёт шаванд».+ 52  Он гоҳ яҳудиён бо якдигар баҳсу мунозира карда гуфтанд: «Чӣ тавр ин одам ҷисми худро ба мо медодаасту мо мехӯрдаем?» 53  Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар ҷисми Фарзанди одамро нахӯред ва хуни ӯро нанӯшед, соҳиби ҳаёт намешавед*.+ 54  Ҳар кӣ ҷисми маро бихӯрад ва хуни маро бинӯшад, соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мегардад ва ман ӯро дар рӯзи охирин зинда мекунам,+ 55  зеро ҷисми ман хӯроки ҳақиқӣ ва хуни ман нӯшокии ҳақиқӣ аст. 56  Ҳар кӣ ҷисми маро бихӯрад ва хуни маро бинӯшад, ӯ бо ману ман бо ӯ якдилу якҷон мешавем.+ 57  Чуноне ки Падари зинда маро фиристодааст ва ман аз Падар зиндагӣ меёбам, ҳамин тавр касе, ки ҷисми маро бихӯрад, аз ман зиндагӣ меёбад.+ 58  Ин аст ноне, ки аз осмон омадааст. Ин нон мисли он ноне нест, ки бобоёни шумо хӯрданду бо вуҷуди он мурданд. Ҳар кӣ аз ин нон бихӯрад, то абад зинда мемонад».+ 59  Ӯ ин суханонро вақте гуфт, ки дар Кафарнаҳум, дар ибодатхона*, таълим медод. 60  Инро шунида бисёри шогирдонаш гуфтанд: «Ин гапҳо гӯшхарошанд! Кӣ ба онҳо гӯш дода метавонад?» 61  Вале Исо, ки шикоят кардани шогирдонашро медонист, ба онҳо гуфт: «Оё ин суханон шуморо ба хашм оварданд*? 62  Пас, агар ба макони аслии худ баромадани Фарзанди одамро бинед, чӣ мекунед?+ 63  Рӯҳи муқаддас ҳаёт мебахшад,+ вале аз ҷисм фоидае нест. Суханоне, ки ба шумо гуфтам, рӯҳ ва ҳаётанд.+ 64  Аммо дар байни шумо касоне ҳастанд, ки имон надоранд». Сабаби чунин гуфтани Исо он буд, ки ӯ аз аввал медонист, ки киҳо имон надоранд ва кӣ ба ӯ хиёнат мекунад.+ 65  Ӯ гапашро давом дода гуфт: «Бинобар ин ба шумо гуфтам, ки ҳеҷ кас назди ман омада наметавонад, магар ин ки аз ҷониби Падар ба вай ато шуда бошад».+ 66  Аз ин сабаб бисёри шогирдон ба корҳои пештараашон баргаштанд+ ва дигар ӯро пайравӣ накарданд. 67  Он гоҳ Исо ба 12 расули худ гуфт: «Шояд, шумо ҳам рафтаниед?» 68  Шимъӯни Петрус гуфт: «Ҳазрат, назди кӣ равем?!+ Суханони ҳаёти ҷовидонӣ дар туст.+ 69  Мо имон овардем ва медонем, ки ту Фиристодаи поки Худо ҳастӣ».+ 70  Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Магар ман 12 нафари шуморо интихоб накардаам?+ Вале яке аз шумо туҳматгар* аст».+ 71  Ӯ инро дар бораи Яҳудо, писари Шимъӯни Исқарют, гуфт, зеро ӯ, гарчанд яке аз он 12 нафар буд, баъдтар ба Исо хиёнат кард.+

Поварақҳо

Ё «каҷпаҳлу заданд».
Дар матни асл «тахминан 25 ё 30 стадия». Як стадия ба 185 м баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.
Ё «хӯроке, ки аз байн меравад».
Ё «имон варзед».
Дар матни асл «ҷаҳон».
Дар матни асл «дар худ ҳаёт надоред».
Ё, эҳтимол, «назди ҷамъомади мардум».
Дар матни асл «пешпо доданд».
Ё «иблис».