Ибриён 2:1-18

  • Боз ҳам бештар диққат диҳед (1–4)

  • Ҳама чиз ба Исо тобеъ аст (5–9)

  • Исо ва бародарони ӯ (10–18)

    • Роҳнамои наҷот (10)

    • Саркоҳини раҳмдил (17)

2  Бинобар ин мо бояд ба чизҳои шунидаамон боз ҳам бештар диққат диҳем,+ то ҳеҷ гоҳ аз имон дур нашавем.+  Охир, агар каломе, ки ба воситаи фариштагон гуфта шудааст,+ пойдор бошад ва ҳар қонуншикану беитоат аз рӯйи адолат ҷазо ёбад,+  пас, мо, агар ба чунин наҷоти бузург беаҳамиятӣ кунем, чӣ тавр халосӣ меёбем?+ Ҳазратамон аввалин шуда дар бораи ин наҷот гап зада буд+ ва онҳое, ки суханони ӯро шунида буданд, инро барои мо тасдиқ карданд.  Худо низ бо аломатҳо, муъҷизаҳо, ҳар гуна корҳои бузург+ ва бо рӯҳи муқаддас, ки онро ба ҳар кас мувофиқи хости худ+ додааст, дар бораи ин наҷот шаҳодат дод.  Ӯ дунёи ояндаро, ки мо дар борааш гап мезанем, ба фариштагон тобеъ накардааст.+  Вале шахсе дар ҷое шаҳодат дода гуфтааст: «Чист инсон, ки ӯро дар ёд дорӣ, ва фарзанди одам, ки ба ӯ ғамхорӣ кунӣ?+  Ӯро аз фариштагон андаке кам кардаӣ; бар сараш тоҷи ҷалолу иззат гузоштаӣ ва бар амали дастонат таъйин кардаӣ.  Ҳама чиро зери пойи ӯ гузошта тобеъ намудаӣ».+ Худо ҳама чиро ба ӯ тобеъ кард+ ва чизе намонд, ки ба ӯ тобеъ нашуда бошад.+ Лекин мо ҳоло намебинем, ки ҳама чиз тобеи ӯ бошад,+  балки Исоро мебинем, ки пештар аз фариштагон андаке поёнтар гузошта шуда буду+ ҳоло барои марги пуразобаш бар сараш тоҷи ҷалолу иззат гузошта шудааст,+ бале, бо лутфу марҳамати Худо ӯ барои ҳама маргро чашид.+ 10  Дуруст буд, ки Худо, ки ҳама чиз барои ӯ ва ба воситаи ӯ вуҷуд дорад, Роҳнамои наҷотро+ ба воситаи азобҳо комил гардонад,+ то писарони сершуморашро ҷалол диҳад.+ 11  Ҳам оне, ки муқаддас мегардонад, ва ҳам онҳое, ки муқаддас мегарданд,+ аз як Падар ҳастанд,+ аз ин сабаб ӯ ор намекунад, ки онҳоро бародар номад,+ 12  ва мегӯяд: «Номатро ба бародаронам эълон хоҳам кард, дар миёни ҷамоат дар васфи ту суруд хоҳам хонд».+ 13  Боз чунин мегӯяд: «Ба ӯ таваккал хоҳам кард».+ Ҳамчунин: «Инак, ман ва кӯдаконе, ки Яҳува ба ман додааст».+ 14  Бинобар ин, азбаски «кӯдакон» аз хуну ҷисманд, ӯ низ мисли онҳо гашт,+ то ба воситаи маргаш соҳиби қудрати марговар,+ яъне Иблисро, нобуд кунад+ 15  ва ҳамаи онҳоеро, ки аз тарси марг як умр ғулом буданд, озод кунад.+ 16  Ӯ, дар асл, на ба фариштагон, балки ба насли Иброҳим ёрӣ медиҳад.+ 17  Бинобар ин ӯ бояд аз ҳар ҷиҳат ба бародарони худ монанд мегашт,+ то дар хизмати Худо саркоҳини* раҳмдилу вафодор шавад ва барои гуноҳҳои халқ+ қурбонии оштӣ* орад.+ 18  Азбаски ӯ худаш дар озмоишҳо азоб кашида буд,+ метавонад ба касоне, ки бо озмоишҳо рӯ ба рӯ мешаванд, дасти ёрӣ дароз кунад.+

Поварақҳо

Саркоҳин — ниг. ба луғат.
Ё «қурбонии товондиҳӣ; товон».