Гузаштан ба маводи асосӣ

Ба кадом маъно Исои Масеҳ Писари Худо номида шудааст?

Ба кадом маъно Исои Масеҳ Писари Худо номида шудааст?

Ҷавоби Китоби Муқаддас

Дар Китоби Муқаддас Ҳазрати Исо бисёр вақт «Писари Худо» номида мешавад (Юҳанно 1:49). Ибораи «Писари Худо» нишон медиҳад, ки Худо Офаридгор ё худ Сарчашмаи ҳаёти тамоми мавҷудот, аз ҷумла ҳаёти Исо мебошад (Забур 36:9; Ваҳй 4:11). Китоби Муқаддас таълим намедиҳад, ки Худо ба маънои аслӣ Падари Исо аст, чуноне ки одамон тасаввур мекунанд.

Дар Каломи Худо фариштагон низ «писарони Худо» номида шудаанд (Айюб 1:6). Инчунин дар Китоби Муқаддас аввалин инсон, яъне Одам «писари Худо» номида шудааст (Луқо 3:38). Аммо Исо аввалин офаридаи Худо буд ва ӯро Худо бевосита худаш офаридааст, барои ҳамин мувофиқи Китоби Муқаддас Исо чун Писари Худо мавқеи муҳимтаринро ишғол мекунад.

 Оё Исо то дар замин таваллуд шуданаш дар осмон зиндагӣ мекард?

Бале. Пеш аз он ки Ҳазрати Исо чун инсон ба дунё ояд, ӯ фаришта буд. Исо худаш гуфт: «Ман аз осмон... фаромадаам» (Юҳанно 6:38; 8:23).

Худо пеш аз офаридани тамоми мавҷудот аввал Исоро офаридааст. Китоби Муқаддас дар бораи Исои Масеҳ мегӯяд:

Дар бораи Ҳазрати Исо пешгӯйӣ шуда буд, ки «баромади Ӯ аз қадим, аз айёми азал аст» (Мико 5:2; Матто 2:4–6).

 Исо то ба замин омаданаш бо кадом кор машғул буд?

Ӯ дар осмон мавқеи баланд дошт. Исо дар ин бора дар дуо гуфта буд: «Эй Падар, маро... бо он ҷалоле, ки пеш аз ба вуҷуд омадани ҷаҳон дар наздат доштам, ҷалол деҳ» (Юҳанно 17:5).

Ӯ ба Худо дар офаридани дигар мавҷудот дастёр буд. Исо дар назди Худо «дастпарвард» буд (Масалҳо 8:30). Дар Калом оиди Исо гуфта мешавад: «Ба воситаи ӯ ҳамаи чизҳои дигар дар осмон ва дар замин офарида шудаанд» (Қӯлассиён 1:16).

Худо ба воситаи Исо дигар мавҷудот, аз ҷумла фариштагон ва оламро офаридааст (Ваҳй 5:11). Аз як ҷиҳат, ҳамкории Худо ва Исоро бо ҳамкории меъмор ва бинокор муқоиса кардан мумкин аст. Меъмор тарҳи биноро мекашад, бинокор бошад, онро месозад.

Ӯ чун Калом хизмат мекард. Вақте гап дар бораи ҳаёти осмонии Исо меравад, Китоби Муқаддас ӯро «Калом» меномад (Юҳанно 1:1). Ин маънои онро дорад, ки Худо ба воситаи Ҳазрати Исо ба дигар офаридаҳои рӯҳӣ хабар мерасонду дастурот медод.

Инчунин Исо ба одамон хабари илоҳиро расонда, чун пайғамбари Худо хизмат мекард. Аз афташ, Худо ба воситаи «Калом», яъне Исо дар боғи Адан ба Одаму Ҳаво дастурот медод (Ҳастӣ 2:16, 17). Аҷаб нест, ки маҳз Исо ҳамон фариштае буд, ки исроилиёнро дар биёбон роҳнамоӣ мекард ва онҳо бояд бечуну чаро ба овози ӯ гӯш медоданд (Хуруҷ 23:20–23) a.

a Аммо «Калом» ягона фариштае набуд, ки хабари Худоро мерасонд. Масалан, Худо ба халқи Исроили қадим Қонуни худро на ба воситаи Ҳазрати Исо, балки тавассути дигар фариштагон расонд (Аъмол 7:53; Ғалотиён 3:19; Ибриён 2:2, 3).