Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Забур

Бобҳо

Шарҳи мухтасар

  • 1

    • Ду роҳ

      • Хушбахтӣ аз хониши шариати Худо (2)

      • Росткор мисли дарахти пурсамар аст (3)

      • Бадкор мисли коҳест, ки бод мебарад (4)

  • 2

    • Яҳува ва масеҳи ӯ

      • Яҳува ба ҳоли халқҳои дигар писханд мезанад (4)

      • Яҳува подшоҳашро таъйин мекунад (6)

      • Писарро иззат кунед (12)

  • 3

    • Дар хатар ба Худо такя кардан

      • «Барои чӣ бадхоҳонам ин қадар зиёд шудаанд?» (1)

      • «Наҷот аз Яҳува аст» (8)

  • 4

    • Дуои шахсе, ки ба Худо такя мекунад

      • «Ба ғазаб биёӣ, гуноҳ накун» (4)

      • «Орому осуда мехобам» (8)

  • 5

    • Яҳува паноҳгоҳи росткорон аст

      • Худо аз бадкорон нафрат дорад (4, 5)

      • «Бо роҳи ростат маро роҳнамоӣ кун» (8)

  • 6

    • Зориву илтиҷо

      • Мурдагон Худоро ситоиш намекунанд (5)

      • Худо зориву илтиҷоро мешунавад (9)

  • 7

    • Яҳува Довари одил аст

      • Эй Яҳува, маро доварӣ намо (8)

  • 8

    • Ҷалоли Худо ва шукӯҳи одамизод

      • «Чӣ пуршукӯҳ аст номи ту!» (1, 9)

      • «Чист инсон?» (4)

      • Бар сари инсон тоҷи шукӯҳ гузошта шудааст (5)

  • 9

    • Эълон кардани корҳои аҷоиби Худо

      • Яҳува паноҳгоҳ аст (9)

      • Донистани номи Худо ба ӯ таваккал кардан аст (10)

  • 10

    • Яҳува мададгори бечорагон аст

      • Бадкор ҳавобаландона мегӯяд: «Худо нест» (4)

      • Бечора ба Яҳува рӯ меорад (14)

      • «Яҳува Подшоҳи ҳамешаҷовид аст» (16)

  • 11

    • «Ба Яҳува паноҳ мебарам»

      • «Яҳува дар ибодатгоҳи поки худ аст» (4)

      • Худо аз дӯстдори зулму ситам нафрат дорад (5)

  • 12

    • Яҳува барои кумак бармехезад

      • Суханони Худо поканд (6)

  • 13

    • Наҷоти Яҳуваро интизор мешавам

      • «Эй Яҳува, то ба кай?» (1, 2)

      • Некиҳои Яҳува фаровонанд (6)

  • 14

    • Нишонаҳои шахси беақл

      • «Яҳува нест» (1)

      • «Некукоре нест» (3)

  • 15

    • Кист, ки дар хаймаи Яҳува меҳмон шавад?

      • Касе, ки дар дилаш ростқавл бошад (2)

      • Касе, ки туҳмат намекунад (3)

      • «Қасамаш бар зарараш бошад ҳам, аз он намегардад» (4)

  • 16

    • Яҳува сарчашмаи некиҳост

      • «Яҳува ҳиссаи ман» аст (5)

      • Шабонгаҳ андешаҳоям маро ислоҳ мекунанд (7)

      • Яҳува аз дасти ростам меистад (8)

      • «Ту ҷони маро дар гӯр нахоҳӣ монд» (10)

  • 17

    • Маро нигаҳбонӣ кун

      • «Ту диламро озмудаӣ» (3)

      • «Маро дар сояи болҳоят пинҳон намо» (8)

  • 18

    • Ҳамду сано ба Худои наҷот

      • Яҳува сахраи ман аст (2)

      • Яҳува ба вафодор вафо мекунад (25)

      • «Роҳҳои Худо комил аст» (30)

      • «Фурӯтании ту маро сарбаланд месозад» (35)

  • 19

    • Офаридаҳо ва шариати Худо шаҳодат медиҳанд

      • «Осмон ҷалоли Худоро эълон мекунад» (1)

      • Шариати Худо ба кас ҷон мебахшад (7)

      • «Гуноҳҳое, ки аз онҳо бехабарам» (12)

  • 20

    • Масеҳи Худо наҷот меёбад

      • Дигарон ба аробаву аспҳо такя кунанд, «мо номи Худоямон Яҳуваро мехонем» (7)

  • 21

    • Подшоҳе, ки ба Яҳува таваккал мекунад, соҳиби баракатҳо мешавад

      • Подшоҳ умри дароз мебинад (4)

      • Душманони Худо мағлуб мегарданд (8–12)

  • 22

    • Шахси ноумед Худоро ситоиш мекунад

      • «Худои ман, чаро маро тарк кардӣ?» (1)

      • «Барои либосам қуръа мепартоянд» (18)

      • Худоро дар миёни ҷамоат васф мекунам (22, 25)

      • Тамоми замин Худоро парастиш хоҳад кард (27)

  • 23

    • «Яҳува Чӯпони ман аст»

      • «Камие нахоҳам дошт» (1)

      • «Ҷонамро тароват мебахшад» (3)

      • «Косаам лабрез аст» (5)

  • 24

    • Подшоҳи пурҷалол аз дарвозаҳо медарояд

      • Замин аз они Яҳува аст (1)

  • 25

    • Довуд дар дуо роҳнамоӣ ва бахшиш мепурсад

      • «Пайраҳаҳоятро ба ман биомӯз» (4)

      • «Яҳува бо тарсгорони худ ҳамроз аст» (14)

      • «Аз тамоми гуноҳҳоям гузар» (18)

  • 26

    • Дар беайбӣ роҳ рафтан

      • «Маро, эй Яҳува, бисанҷ» (2)

      • «Бо бадкирдорон ҳамнишин нестам» (4, 5)

      • Гирди қурбонгоҳи Худо давр мезанам (6)

  • 27

    • Яҳува паноҳгоҳи ҷони ман аст

      • Ибодатгоҳи Худо бароям азиз аст (4)

      • Волидон ғамхорӣ накунанд ҳам, Яҳува ғамхорӣ мекунад (10)

      • «Ба Яҳува умед банд» (14)

  • 28

    • Дуои забурнавис шунида мешавад

      • «Яҳува қувват ва сипари ман аст» (7)

  • 29

    • Овози пурқуввати Яҳува

      • Бо либоси поку муқаддас саҷда кунед (2)

      • «Худои пурҷалол мисли раъд гулдуррос мезанад» (3)

      • «Яҳува ба халқаш қувват мебахшад» (11)

  • 30

    • Мотам ба хурсандӣ табдил меёбад

      • Ризои Худо якумрист (5)

  • 31

    • Ба Яҳува паноҳ мебарам

      • «Рӯҳамро ба дасти ту месупорам» (5)

      • Яҳува Худои ростӣ аст (5)

      • Некуии Худо фаровон аст (19)

  • 32

    • Хушбахт аст касе, ки гуноҳаш бахшида мешавад

      • «Назди ту ба гуноҳам иқрор шудам» (5)

      • Худо ақлу фаҳм мебахшад (8)

  • 33

    • Ҳамду сано ба Офаридгор

      • «Барояш суруди тозае бихонед» (3)

      • Яҳува бо сухан ва дами даҳонаш офарид (6)

      • Халқи Яҳува хушбахт аст (12)

      • «Чашми Яҳува бар тарсгоронаш аст» (18)

  • 34

    • Яҳува бандагонашро халос мекунад

      • «Биёед номи ӯро якҷоя болобардор кунем» (3)

      • Фариштаи Яҳува наҷот медиҳад (7)

      • «Бичашед ва бубинед, ки Яҳува некуст» (8)

      • Ҳеҷ яке аз устухонҳояш шикаста намешавад (20)

  • 35

    • Дуо дар бораи муҳофизат аз душманон

      • Душманон ронда мешаванд (5)

      • Худоро дар миёни мардум ҳамд мегӯям (18)

      • «Бесабаб маро бад мебинанд» (19)

  • 36

    • Меҳру вафои Худо бебаҳост

      • Бадкор аз Худо наметарсад (1)

      • Худо чашмаи ҳаёт аст (9)

      • «Ин нури ту аст, ки мо нурро мебинем» (9)

  • 37

    • Корҳои онҳое, ки ба Яҳува такя мекунанд, барор меёбад

      • «Ба сабаби бадкирдор ғамгин машав» (1)

      • «Лаззати зиндагониро дар Яҳува пайдо кун» (4)

      • «Худро дар ихтиёри Яҳува супор» (5)

      • «Нармдилон соҳиби замин мешаванд» (11)

      • Росткор муҳтоҷи нон намешавад (25)

      • Росткорон то абад дар замин зиндагӣ мекунанд (29)

  • 38

    • Дуои шахси тавбакарда

      • «Ғамзадаву сарафкандаам» (6)

      • Яҳува дуои умедворонашро мешунавад (15)

      • «Аз сабаби гуноҳи худ ноором будам» (18)

  • 39

    • Умри инсон кӯтоҳ аст

      • «Умри одам як дам аст» (5, 11)

      • «Аз ашкҳоям чашм напӯш» (12)

  • 40

    • Шукрона ба Худое, ки ҳамто надорад

      • Корҳои Худо бешуморанд (5)

      • Қурбонӣ барои Худо чизи муҳимтарин нест (6)

      • Хостатро ба ҷо овардан мехоҳам (8)

  • 41

    • Дуои бемор

      • Худо беморонро дастгирӣ мекунад (3)

      • Хиёнати дӯсти наздик (9)

  • 42

    • Худоро, Халосгари Бузургамро, васф хоҳам намуд

      • Ҷонам дар ҳасрати Худост (1, 2)

      • «Чаро дилмондаам?» (5, 11)

      • «Ба Худо умед банд» (5, 11)

  • 43

    • Худо Довари раҳокунанда аст

      • «Нур ва ростиятро бифирист» (3)

      • «Чаро дилмондаам?» (5)

      • «Ба Худо умед банд» (5)

  • 44

    • Таронасаро аз Худо кумак мепурсад

      • Ту будӣ, ки моро наҷот додӣ (7)

      • «Гӯсфандон барои сарбурӣ» (22)

      • «Ба кумаки мо бархез» (26)

  • 45

    • Издивоҷи подшоҳи тадҳиншуда

      • «Суханони ширин» (2)

      • «Худованд тахти туст то абад» (6)

      • Подшоҳ ҳусну ҷамоли арӯсро орзу хоҳад намуд (11)

      • Писарон бар тамоми замин мир таъйин мешаванд (16)

  • 46

    • Худо паноҳгоҳи мост

      • Корҳои ҳайратангези Худо (8)

      • Худо ба ҷангҳо хотима мебахшад (9)

  • 47

    • Худо бар тамоми замин Подшоҳ аст

      • Яҳува Худои ваҳмангез аст (2)

      • Дар васфи Худо бисароед (6, 7)

  • 48

    • Сион шаҳри Подшоҳи Бузург аст

      • Шодии тамоми замин (2)

      • Шаҳр ва бурҷҳояшро дида бароед (11–13)

  • 49

    • Беақл ба сарвати худ такя мекунад

      • Ҳеҷ кас бародарашро раҳо карда наметавонад (7, 8)

      • «Худо ҷонамро аз дасти гӯр раҳо хоҳад кард» (15)

      • Сарватмандро аз марг халосӣ нест (16, 17)

  • 50

    • Худо ҳам росткор ва ҳам бадкорро доварӣ мекунад

      • Аҳди Худо ба воситаи қурбонӣ (5)

      • «Худо Довар аст» (6)

      • Тамоми ҳайвонот аз они Худост (10, 11)

      • Худо бадкорро фош мекунад (16–21)

  • 51

    • Дуои шахси тавбакарда

      • Модарам дар гуноҳ ба ман ҳомила шудааст (5)

      • Гуноҳамро пок соз (7)

      • «Андарунам дили поке биофар» (10)

      • Дили шикаста ба Худо хуш аст (17)

  • 52

    • Такя намудан ба меҳру вафои Худо

      • Касе, ки аз бадкорияш мефахрад, огоҳонида мешавад (1–5)

      • Худобехабар ба сарваташ таваккал мекунад (7)

  • 53

    • Нишонаҳои шахси беақл

      • «Яҳува нест» (1)

      • «Некукоре нест» (3)

  • 54

    • Маро аз душманонам наҷот деҳ

      • «Худо ёри ман аст» (4)

  • 55

    • Дуое, ки пас аз хиёнати дӯст гуфта шудааст

      • Бадгӯйии ошно (12–14)

      • «Бори дилатро ба Яҳува парто» (22)

  • 56

    • Дуо дар вақти таъқибот

      • «Ба Худо такя дорам» (4)

      • Ашкҳоям дар машки туст (8)

      • «Одамизод ба ман чӣ метавонад кунад?» (4, 11)

  • 57

    • Таронанавис лутфи Худоро мепурсад

      • Зери болҳои Худо паноҳ мебарам (1)

      • Душманон ба чоҳи кандаи худашон меафтанд (6)

  • 58

    • «Худое ҳаст, ки заминро доварӣ мекунад»

      • Дуо дар бораи ҷазои бадкорон (6–8)

  • 59

    • Худо сипар ва паноҳгоҳ аст

      • Ба хоин раҳм накун (5)

      • «Дар васфи қувватат хоҳам сароид» (16)

  • 60

    • Худо душманонро шикаст медиҳад

      • «Аз одамизод умеди наҷот нест» (11)

      • «Худо ба мо қувват хоҳад бахшид» (12)

  • 61

    • Худо бурҷи мустаҳкамест

      • Дар хаймаи ту меҳмон хоҳам шуд (4)

  • 62

    • Наҷот аз ҷониби Худост

      • «Хомӯш Худоро интизор мешавам» (1, 5)

      • Дилатонро ба Худо холӣ кунед (8)

      • «Фарзанди одам як дам аст» (9)

      • Ба боигарӣ таваккал накунед (10)

  • 63

    • Таронасаро пазмони Худост

      • «Меҳру вафоят аз ҳаёт беҳтар аст» (3)

      • Аз хӯрокҳои равғанин серам (5)

      • Посҳои шаб дар бораи Худо андеша меронам (6)

      • Ҷонам ба Худо часпидааст (8)

  • 64

    • Ҳимоя аз ҳамлаҳои ниҳонӣ

      • «Худо ба онҳо тир хоҳад андохт» (7)

  • 65

    • Худо нисбати замин ғамхорӣ мекунад

      • «Шунавандаи дуоҳо» (2)

      • «Хушбахт касест, ки ту ӯро хуш» кардаӣ (4)

      • Худо борони файзу баракат меборонад (11)

  • 66

    • Корҳои ҳайратангези Худо

      • «Биёед ва корномаҳои Худоро бубинед» (5)

      • «Назрҳоямро наздат иҷро мекунам» (13)

      • Худо дуоҳоро мешунавад (18–20)

  • 67

    • Тамоми замин аз Худо хоҳад тарсид

      • Роҳҳои Худо шинохта мешаванд (2)

      • Бигзор халқҳо Худоро ситоиш кунанд (3, 5)

      • «Худо моро баракат хоҳад дод» (6, 7)

  • 68

    • Бигзор душманони Худо пароканда шаванд

      • «Падари бепадарон» (5)

      • «Худо ба бекасон сарпаноҳ медиҳад» (6)

      • Занон хушхабарро мерасонанд (11)

      • Ҳадияҳо аз миёни одамон (18)

      • Яҳува ҳар рӯз бори моро мебардорад (19)

  • 69

    • Дуои наҷот

      • «Рашки хонаи ту маро хӯрдааст» (9)

      • «Ба ёриам бишитоб» (17)

      • «Дар ташнагиам сирко менӯшонданд» (21)

  • 70

    • Таронасаро аз Худо ёрӣ мепурсад

      • «Ба кумакам бишитоб» (5)

  • 71

    • Дилпурии мӯйсафедон

      • Худо аз навҷавонӣ пушту паноҳи ман аст (5)

      • «Вақте қувватам маро тарк кунад» (9)

      • Худо маро аз навҷавониям таълим додааст (17)

  • 72

    • Ҳукмронии подшоҳи Худо осоиштагӣ меорад

      • «Росткор нашъунамо меёбад» (7)

      • Қаламрави ӯ аз як баҳр то баҳри дигар аст (8)

      • Халосӣ аз зулму ситам (14)

      • «Дар рӯйи замин ғалла фаровон мешавад» (16)

      • Номи пуршукӯҳи Худо то абад ситоиш мешавад (19)

  • 73

    • Худоҷӯён гул-гул шукуфонанд

      • «Қариб буд, ки қадамҳоям сӯйи дигар равад» (2)

      • «Ҳар рӯз ғаме доштам» (14)

      • «То даме ки ба муқаддасгоҳи бузурги Худо даромадам» (17)

      • Бадкорон бар замини лағжонак гузошта шудаанд (18)

      • «Ба Худо наздик шудан некуст» (28)

  • 74

    • Халқатро фаромӯш накун

      • Корҳои наҷотбахши Худо (12–17)

      • «Таънаҳои душманро ба хотир ор» (18)

  • 75

    • Худо бо адолат доварӣ мекунад

      • Бадкор аз косаи Яҳува менӯшад (8)

  • 76

    • Худо бар душманони Сион тантана мекунад

      • Худо нармдилонро наҷот медиҳад (9)

      • Ғурури душманон мешиканад (12)

  • 77

    • Дуо дар вақти тангӣ

      • Дар бораи корҳои Худо фикр мекунам (11, 12)

      • Худоё, магар худое мисли ту ҳаст? (13)

  • 78

    • Ғамхории Худо ва беимонии Исроил

      • Ба насли оянда нақл кунед (2–8)

      • «Онҳо ба Худо имон наоварданд» (22)

      • «Нони осмон» (24)

      • Онҳо Парвардигорро ғамгин месохтанд (41)

      • Аз Миср то замини ваъдашуда (43–55)

      • Онҳо Худои худро меозмуданд (56)

  • 79

    • Дуо дар вақти ҳамлаи халқҳо

      • «Шарманда шудаем» (4)

      • «Ба хотири номи пурҷалолат ба мо мадад кун» (9)

      • «Ҳафтчандон ҳамсоягонамонро ҷазо деҳ» (12)

  • 80

    • Илтиҷо аз Чӯпони Исроил

      • «Эй Худо, моро баргардон» (3)

      • Исроил токи Худост (8–15)

  • 81

    • Даъват ба итоаткорӣ

      • Ба худои ғайр саҷда набар (9)

      • Эй кош, ба ман гӯш медодӣ (13)

  • 82

    • Худо ба доварон мегӯяд, ки боинсоф бошанд

      • Худо «дар байни худоён доварӣ» мекунад (1)

      • Бечораро пуштигирӣ кунед (3)

      • «Шумо худоёнед» (6)

  • 83

    • Дуо ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо душман

      • «Худоё, хомӯш набош» (1)

      • Душманон мисли мушхоранд (13)

      • Номи Худо Яҳува аст (18)

  • 84

    • Муштоқи хаймаи бузурги Худо

      • Левизода орзу дорад, ки мисли парандае бошад (3)

      • «Як рӯз дар саҳнҳои ту» (10)

      • «Худо офтоб ва сипар аст» (11)

  • 85

    • Дуо дар бораи наҷот

      • Худо ба бандаҳояш осоиштагӣ эълон мекунад (8)

      • Меҳри пойдору вафо бо ҳам мулоқот мекунанд (10)

  • 86

    • Худое мисли Яҳува нест

      • Яҳува бахшанда аст (5)

      • Халқҳо Яҳуваро парастиш хоҳанд кард (9)

      • «Роҳатро ба ман таълим деҳ» (11)

      • Кумакам кун, то аз номат битарсам (11)

  • 87

    • Сион — шаҳри Худои ҳақиқӣ

      • Касоне, ки дар Сион таваллуд шудаанд (4–6)

  • 88

    • Дуо дар бораи раҳоӣ аз марг

      • «Поям ба лаби гӯр расидааст» (3)

      • «Ҳар саҳар ба даргоҳат дуо мегӯям» (13)

  • 89

    • Дар васфи меҳру вафои Яҳува

      • Аҳд бо Довуд (3)

      • Насли Довуд то абад мемонад (4)

      • Масеҳи Худо ӯро «Падар» мехонад (26)

      • Аҳд бо Довуд пойдор аст (34–37)

      • Инсон аз чанголи гӯр раҳо намешавад (48)

  • 90

    • Худои абадӣ ва инсони миранда

      • Ҳазор сол мисли дирӯз аст (4)

      • Умри инсон 70–80 сол аст (10)

      • Биомӯз, ки чӣ тавр рӯзҳоямонро ҳисоб кунем (12)

  • 91

    • Паноҳ ёфтан дар ниҳонгоҳи Худо

      • Раҳоӣ аз сайёди парандаҳо (3)

      • Паноҳ ёфтан зери болҳои Худо (4)

      • Ҳазор нафар афтад ҳам, ба ту зараре намерасад (7)

      • Ба фариштагон амр медиҳад, ки туро нигаҳбонӣ кунанд (11)

  • 92

    • Яҳува то абад боломақом аст

      • Корҳояш бузург ва андешаҳояш амиқанд (5)

      • Росткорон мисли дарахт нашъунамо меёбанд (12)

      • Пиронсолон борвар хоҳанд буд (14)

  • 93

    • Яҳува Ҳокими пуршукӯҳ аст

      • «Яҳува Подшоҳ гаштааст!» (1)

      • Ёдовариҳоят бовариноканд (5)

  • 94

    • Дуо дар бораи интиқом

      • То ба кай бадкорон бадӣ мекунанд? (3)

      • Ислоҳи Ёҳ хурсандӣ мебахшад (12)

      • Худо халқи худро намепартояд (14)

      • «Аз номи қонун бедодгарӣ мекунад» (20)

  • 95

    • Ибодати ҳақиқӣ ва итоаткорӣ

      • «Имрӯз, агар овози ӯро бишнавед» (7)

      • «Дили худро сахт накунед» (8)

      • «Онҳо ба оромии ман дохил нахоҳанд шуд» (11)

  • 96

    • «Ба Яҳува суруди нав сароед»

      • Яҳува беш аз ҳама лоиқи ҳамду саност (4)

      • «Худоёни халқҳо бекораанд» (5)

      • Бо либоси поку муқаддас Худоро парастиш кунед (9)

  • 97

    • Яҳува аз ҳамаи худоён болотар аст

      • «Яҳува Подшоҳ шуд!» (1)

      • Яҳуваро дӯст доред, аз бадӣ нафрат кунед (10)

      • Нур барои росткорон (11)

  • 98

    • Яҳува Халосгар ва Довари одил аст

      • Яҳува наҷоташро маълум кардааст (2, 3)

  • 99

    • Яҳува Подшоҳи муқаддас аст

      • «Ӯ бар фариштагони каррубӣ нишастааст» (1)

      • Худоест, ки ҳам мебахшаду ҳам ҷазо медиҳад (8)

  • 100

    • Офаридгорро шукрона хонед

      • «Ба Яҳува хурсандона хизмат кунед» (2)

      • Ӯ Худоест, ки моро офаридааст (3)

  • 101

    • Ҳокиме, ки бо дили соф роҳ меравад

      • Ҳавобаландро «чашми дидан надорам» (5)

      • «Чашмам ба содиқони замин назар меандозад» (6)

  • 102

    • Дуои ғамзадаю дилшикаста

      • Мисли парандаи танҳоям (7)

      • «Рӯзҳои ман мисли соя гузарон аст» (11)

      • «Яҳува Сионро барқарор хоҳад намуд» (16)

      • Яҳува абадан мемонад (26, 27)

  • 103

    • «Эй ҷонам, Яҳуваро ситоиш намо»

      • Худо ҷиноятҳои моро аз мо дур кардааст (12)

      • Худо мисли падар раҳм мекунад (13)

      • Худо дар ёд дорад, ки мо хокем (14)

      • Тахт ва ҳукмронии Яҳува (19)

      • Фариштагон сухани Худоро ба ҷо меоранд (20)

  • 104

    • Худоро барои офаридаҳояш ситоиш кунед

      • Замин то абад мемонад (5)

      • Шаробу нон барои одамизод аст (15)

      • «Чӣ бисёр аст корҳоят!» (24)

      • Вақте рӯҳашон гирифта мешавад, мемиранд (29)

  • 105

    • Яҳува нисбати халқаш бовафост

      • Худо аҳдашро дар ёд дорад (8–10)

      • «Ба масеҳони ман даст нарасонед» (15)

      • Худо Юсуфро истифода бурд (17–22)

      • Муъҷизаҳои Худо дар Миср (23–36)

      • Исроилиён Мисрро тарк мекунанд (37–39)

      • Худо ваъдаеро, ки ба Иброҳим дод, дар хотир дошт (42)

  • 106

    • Исроилиён ношукр гаштанд

      • Корҳои Худоро ба зудӣ фаромӯш карданд (13)

      • Ҷалоли Худоро ба сурати гове иваз карданд (19, 20)

      • Ба ваъдаи Худо имон наоварданд (24)

      • Ба парастиши Баал ҳамроҳ шуданд (28)

      • Фарзандонашонро ба девҳо қурбон карданд (37)

  • 107

    • Худоро барои корҳои аҷоибаш шукр гӯед

      • «Ӯ онҳоро бо роҳи рост мебурд» (7)

      • Ӯ ташнаро об нӯшондааст ва гушнаро сер намудааст (9)

      • Ӯ онҳоро аз зулмот берун овард (14)

      • «Ӯ амр мефармуд ва онҳо шифо меёфтанд» (20)

      • Ӯ камбағалонро аз ситам нигаҳ медорад (41)

  • 108

    • Дуо дар бораи ғалаба бар душманонаш

      • «Аз одамизод умеди наҷот нест» (12)

      • «Худо ба мо қувват хоҳад бахшид» (13)

  • 109

    • Дуои шахси рӯҳафтода

      • Вазифааш насиби дигар кас гардад (8)

      • Худо аз паҳлуи бечора хоҳад истод (31)

  • 110

    • Подшоҳ ва коҳине мисли Малкисодақ

      • «Дар миёни душманонат ҳукмронӣ намо» (2)

      • Ихтиёриёни ҷавон мисли шабнаманд (3)

  • 111

    • Яҳуваро барои корҳои бузургаш ситоиш кунед

      • Номи Худо поку пуршукӯҳ аст (9)

      • Тарс аз Яҳува оғози хирад аст (10)

  • 112

    • Росткор аз Яҳува метарсад

      • Касе, ки қарз медиҳад, барор меёбад (5)

      • «Ёди росткор то абад мемонад» (6)

      • Саховатманд дасташро ба камбағалон мекушояд (9)

  • 113

    • Худо бечораро бармехезонад

      • Номи Яҳуваро то абад ҳамду сано бод! (2)

      • Худо хам мешавад (6)

  • 114

    • Исроил аз Миср раҳо мешавад

      • Баҳр гурехт (5)

      • Кӯҳҳо мисли қӯчқорон ҷаҳиданд (6)

      • Санги чақмоқро ба чашмаҳо табдил медиҳад (8)

  • 115

    • Танҳо Худо сазовори ситоиш аст

      • Бутҳои беҷон (4–8)

      • Замин ба одамизод дода шудааст (16)

      • «Мурдагон Ёҳро ситоиш намекунанд» (17)

  • 116

    • Суруди шукргузорӣ

      • Чӣ тавр ба Яҳува барои некиҳояш боздиҳам? (12)

      • «Косаи наҷотро ба даст мегирам» (13)

      • «Назрҳоямро ба Яҳува адо мекунам» (14, 18)

      • Марги бандагони бовафо гарон аст (15)

  • 117

    • Халқҳо Яҳуваро ситоиш кунанд

      • Меҳру вафои Худо бузург аст (2)

  • 118

    • Яҳуваро барои ғалаба шукрона гӯед

      • Ёҳро хондам ва ӯ ҷавоб дод (5)

      • «Яҳува бо ман аст» (6, 7)

      • Санги радшуда санги сари гӯшаи бино шуд (22)

      • «Касе, ки ба номи Яҳува меояд» (26)

  • 119

    • Азиз доштани суханони Яҳува

      • «Чӣ тавр ҷавон роҳашро пок нигоҳ дорад?» (9)

      • «Ёдовариҳоят бароям азизанд» (24)

      • «Ба сухани ту умед бастаам» (74, 81, 114)

      • «Шариати туро чӣ сон дӯст медорам» (97)

      • «Аз устодонам хирадмандтар шудам» (99)

      • «Каломи ту чароғ аст барои поям» (105)

      • «Мағзи каломи ту ростист» (160)

      • Дӯстдорони шариат осоиштагӣ доранд (165)

  • 120

    • Мусофир дар орзуи осоиштагӣ аст

      • «Аз забони фиребгар нигаҳ дор» (2)

      • «Ман сулҳҷӯйӣ мекунам» (7)

  • 121

    • Яҳува халқашро нигаҳбонӣ мекунад

      • «Мадади ман аз сӯйи Яҳува меояд» (2)

      • Яҳува ҳеҷ гоҳ пинак намеравад (3, 4)

  • 122

    • Дуо дар бораи осоиштагии Ерусалим

      • Ба хонаи Яҳува рафтан хурсандӣ мебахшад (1)

      • Хонаҳои шаҳр ба ҳам пайванданд (3)

  • 123

    • Лутфи Яҳуваро интизорем

      • Мисли ғуломон чашмамон сӯйи Яҳува аст (2)

      • «Аз таънаву таҳқир ҷонамон сер шудааст» (3)

  • 124

    • «Агар Яҳува бо мо намебуд»

      • Раҳоӣ аз доми шикаста (7)

      • «Ба номи Яҳува паноҳ мебарем» (8)

  • 125

    • Яҳува халқашро муҳофизат мекунад

      • «Кӯҳҳо гирдогирди Ерусалиманд» (2)

      • «Осоиштагӣ бар Исроил бод!» (5)

  • 126

    • Шодикунон баргаштани асирони Сион

      • Яҳува «корҳои бузург кардааст» (3)

      • Аз ашк то ба шодӣ (5, 6)

  • 127

    • Бе Худо ҳама чиз беҳуда аст

      • «Агар Яҳува хонаро бино накунад» (1)

      • Фарзанд муздест аз ҷониби Худо (3)

  • 128

    • Худотарсӣ хушбахтӣ меорад

      • Зане, ки мисли токи пурбор аст (3)

      • Илоҳо ободии Ерусалимро бубинӣ (5)

  • 129

    • Озор медоданд, вале дастболо намешуданд

      • Бадбинони Сион шармсор мегарданд (5)

  • 130

    • «Аз гирдоби ғам сӯйи ту мехонам»

      • Агар ту хатоҳоро ба ҳисоб мегирифтӣ (3)

      • Яҳува гуноҳҳоро мебахшад (4)

      • «Ҷонам бесаброна интизори Яҳува аст» (6)

  • 131

    • Мисли кӯдаки аз сина ҷудо қонеям

      • «Чизҳои бузургро ҳавас намекунам» (1)

  • 132

    • Худо Довуд ва Сионро хуш кардааст

      • «Аз масеҳи худ рӯй нагардон» (10)

      • Коҳинони Сион ҷомаи наҷот мепӯшанд (16)

  • 133

    • Якдилона зиндагӣ мекунем

      • Мисли равған, ки ба сари Ҳорун мерезад (2)

      • «Мисли шабнами Ҳермӯн» (3)

  • 134

    • Шабонгаҳ Яҳуваро ситоиш намудан

      • «Дар покӣ дасти дуо бардоред» (2)

  • 135

    • Бузургии Яҳуваро ситоиш кунед

      • Аломату муъҷизаҳо бар зидди Миср (8, 9)

      • «Номи ту то абад мемонад» (13)

      • Бутҳои беҷон (15–18)

  • 136

    • Меҳру вафои Яҳува то абад аст

      • Осмону замин хирадмандона офарида шудааст (5, 6)

      • Фиръавн дар баҳри Сурх мурд (15)

      • Худо шахсони хору зорро дар ёд дорад (23)

      • Ризқу рӯзӣ ба ҳар ҷони зинда (25)

  • 137

    • Назди дарёҳои Бобил

      • Касе сурудҳои Сионро намесарояд (3, 4)

      • Бобил хароб мешавад (8)

  • 138

    • Худо бузург ҳам бошад, ғамхор аст

      • Сӯят хонам, ту ҷавоб медиҳӣ (3)

      • Дар хатар ҳам маро зинда нигаҳ медорӣ (7)

  • 139

    • Худо бандагонашро хуб медонад

      • Аз рӯҳи Худо ҷойи гурез нест (7)

      • «Аҷоибу ҳайратангез офарида шудаам» (14)

      • «Чашмонат ҷанинамро дидаанд» (16)

      • «Маро дар роҳи ҷовидонӣ раҳнамоӣ кун» (24)

  • 140

    • Яҳува Наҷотбахши пурзӯр аст

      • Бадкор мисли мор аст (3)

      • Золимон шикаст мехӯранд (11)

  • 141

    • Дуо дар бораи ҳимоя

      • «Бигзор дуоям барои ту мисли бухуре бошад» (2)

      • Сарзаниши росткор мисли равған аст (5)

      • Бадкорон ба доми худ хоҳанд афтод (10)

  • 142

    • «Маро аз дасти озордиҳандагонам халос кун»

      • «Бароям ҷойи гурезе нест» (4)

      • Ҳама буду набуди ман туӣ (5)

  • 143

    • Мисли замини хушкида ташнаи Худоям

      • «Дар бораи амали дастонат фикру хаёл мекунам» (5)

      • «Маро таълим деҳ, то хостатро ба ҷо орам» (10)

      • Рӯҳи некуят маро раҳнамоӣ кунад (10)

  • 144

    • Дуо дар бораи ғалаба

      • «Чист инсон?» (3)

      • Бигзор душманон пароканда шаванд (6)

      • Хушбахт аст халқи Яҳува (15)

  • 145

    • Ситоиши Худо, Подшоҳи бузург

      • Аз бузургии Худо сухан хоҳам гуфт (6)

      • «Яҳува ба ҳама некуст» (9)

      • Бандагонат туро ситоиш хоҳанд кард (10)

      • Ҳукмронии Худо абадист (13)

      • Дасти Худо ҳамаро сер мекунад (16)

  • 146

    • Ба Худо такя кунед, на ба одамизод

      • Баъди марг фикрҳои одам нест мешавад (4)

      • Худо хамидақоматонро рост мегардонад (8)

  • 147

    • Корҳои пурмеҳру бузурги Худоро бисароед

      • Ӯ дилшикастагонро шифо мебахшад (3)

      • Ӯ ҳар як ситораро ба номаш мехонад (4)

      • «Барфро мисли пашм меборонад» (16)

  • 148

    • Тамоми офаридаҳо Яҳуваро ситоиш мекунанд

      • «Ӯро ситоиш кунед, эй ҳама фариштагони ӯ» (2)

      • Ӯро ситоиш кунед, эй офтобу моҳу ситорагон (3)

      • Пирону ҷавонон, Худоро ситоиш кунед (12, 13)

  • 149

    • Суруд дар васфи ғалабаи Худо

      • Худо аз халқи худ хушнуд аст (4)

      • Шараф аз бандагони бовафои Худост (9)

  • 150

    • Ҳар ҷони зинда Ёҳро ситоиш кунад

      • «Ёҳро ситоиш кунед!» (1, 6)