Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 9

Чун оила Яҳуваро ибодат кунед

Чун оила Яҳуваро ибодат кунед

«Худованд Худои худро ибодат намоед» (Хуруҷ 23:25).

Чӣ хеле ки шумо аз ин брошура фаҳмидед, дар Китоби Муқаддас принсипҳои бисёре ҳастанд, ки ба шумо ва оилаатон кӯмак мекунанд. Яҳува мехоҳад, ки шумо хушбахт бошед. Худо ваъда медиҳад, ки агар шумо ибодати Ӯро дар ҷои аввал гузоред, ҳамаи дигар «чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд» (Матто 6:33). Яҳува дар ҳақиқат мехоҳад, ки шумо дӯсти Ӯ бошед. Аз ин рӯ, ҳар имкониятро истифода бурда, муносибати худро бо Худо инкишоф диҳед. Муносибат бо Худо ин шарафи бузургест, ки шахс дошта метавонад (Матто 22:37, 38).

1 МУНОСИБАТАТОНРО БО ЯҲУВА МУСТАҲКАМ СОЗЕД

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «Падари шумо хоҳам буд, ва шумо писарон ва духтарони Ман хоҳед буд, мегӯяд Худованд» (2 Қӯринтиён 6:18). Худо мехоҳад, ки шумо дӯсти наздики Ӯ гардед. Яке аз роҳҳои дӯстӣ кардан бо Худо, ин дуо гуфтан мебошад. Яҳува шуморо даъват мекунад: «Пайваста дуо гӯед» (1 Таслӯникиён 5:17). Ӯ сахт мехоҳад, ки дарди дил ва ташвишҳои шуморо шунавад (Филиппиён 4:6). Вақте ки шумо бо аҳли оилаатон дуо мегӯед, онҳо мебинанд, ки то чӣ андоза Худо бароятон шахсияти воқеӣ аст.

Ғайр аз бо Яҳува сӯҳбат кардан, шумо бояд Ӯро низ гӯш кунед. Инро шумо ба воситаи омӯзиши Каломи Ӯ ва адабиётҳои бар Китоби Муқаддас асосёфта карда метавонед (Забур 1:1, 2). Оиди чизҳои омӯхтаатон мулоҳиза ронед (Забур 76:11, 12). Худоро гӯш кардан, ҳамчунин доимо дар вохӯриҳои масеҳӣ иштирок карданатонро талаб мекунад (Забур 121:1–4).

Боз як роҳи муҳиме, ки муносибататонро бо Яҳува мустаҳкам мегардонад, ин бо дигарон дар бораи Ӯ сӯҳбат кардан мебошад. Ҳар қадаре, ки бисёртар ин корро кунед, ҳамон қадар худро ба Яҳува наздиктар ҳис мекунед (Матто 28:19, 20).

ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:

  • Барои ҳар рӯз хондани Китоби Муқаддас ва дуо гуфтан, вақт ҷудо кунед

  • Чун оила корҳои рӯҳониро назар ба вақтхушиву дамгирӣ дар ҷои аввал гузоред

2 АЗ ИБОДАТИ ОИЛАВӢ ХУРСАНДӢ ГИРЕД

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд» (Яъқуб 4:8). Ба шумо лозим аст, ки барои мунтазам гузаронидани ибодати оилавӣ *, нақша тартиб дода аз рӯи он амал кунед (Ҳастӣ 18:19). Лекин ин кофӣ нест. Худо бояд қисми ҳаёти ҳаррӯзаи шумо бошад. Барои муносибати оилаатонро бо Худо мустаҳкам кардан дар бораи Ӯ ҳангоми дар хона будан, роҳ рафтан, хобидан ва аз хоб хестанатон гап занед (Такрори Шариат 6:6, 7). Ба худ мисли Еҳушаъ буданро мақсад гузоред, ки ӯ чунин гуфта буд: «Ман ва хонадони ман Худовандро ибодат хоҳем кард» (Еҳушаъ ибни Нун 24:15).

ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:

  • Эҳтиёҷоти ҳар як аъзои оилаатонро ба назар гирифта барномаи хуб тартиб диҳед

^ сарх. 13 Шоҳидони Яҳува ҳар ҳафта барои бо оилаашон муҳокима кардани маводҳои рӯҳонӣ вақт ҷудо мекунанд.