Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 1

Барои издивоҷи хушбахт роҳнамоии Худоро ҷӯед

Барои издивоҷи хушбахт роҳнамоии Худоро ҷӯед

«Офаридагор дар ибтидо онҳоро марду зан офарид» (Матто 19:4).

Яҳува * Худо аввалин издивоҷро барпо намуд. Китоби Муқаддас ба мо хабар медиҳад, ки Ӯ аввалин занро офарид ва ба «назди одам овард». Одам занро дида аз хурсандӣ гуфт: «Ин аст устухоне аз устухонҳоям ва гӯште аз гӯштам» (Ҳастӣ 2:22, 23). Яҳува то ҳол мехоҳад, ки ҳамсарон хушбахт бошанд.

Ҳангоми оиладор шудан, шумо шояд фикр мекунед, ки ҳамааш хуб мешавад, яъне дар издивоҷатон ягон душворӣ сар намезанад. Лекин дар асл, ҳатто дар байни зану шавҳаре, ки дар ҳақиқат якдигарро дӯст медоранд, баъзе душвориҳо сар зада метавонанд (1 Қӯринтиён 7:28). Дар ин брошура аз Китоби Муқаддас принсипҳое оварда шудаанд, ки агар онҳоро истифода баред, издивоҷатон муваффақ ва оилаатон хушбахт шуда метавонад (Забур 18:9–12).

1 НАҚШЕРО КИ ЯҲУВА БА ШУМО ДОДААСТ, ЭЪТИРОФ КУНЕД

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: Мард сардори оила аст (Эфсӯсиён 5:23).

Агар шумо шавҳар бошед, Яҳува аз шумо интизор аст ки ба зани худ бо мулоимӣ ғамхорӣ намоед (1 Петрус 3:7). Худо занро ба шумо чун мададгор офаридааст ва мехоҳад, ки шумо бо вай аз рӯи муҳаббат ва эҳтиром муносибат кунед (Ҳастӣ 2:18). Шумо бояд зани худро чунон дӯст доред, ки бо тайёрӣ хоҳиши ӯро аз хоҳиши худ болотар гузошта тавонед (Эфсӯсиён 5:25–29).

Агар шумо зан бошед, Яҳува аз шумо интизор аст, ки шавҳари худро чуқур эҳтиром кунед, зеро дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Зан шавҳари худро бояд эҳтиром намояд» (Эфсӯсиён 5:33, ТФ). Ва ҳамчунин Ӯ мехоҳад, ки шумо ба шавҳаратон барои иҷро кардани нақшаш кӯмак расонед (1 Қӯринтиён 11:3). Қарорҳои ӯро дастгирӣ намуда, аз таҳти дил бо ӯ ҳамкорӣ кунед (Қӯлассиён 3:18). Вақте ки чунин амал мекунед, шумо дар назари Яҳува ва шавҳаратон зебову ҷолиб хоҳед буд (1 Петрус 3:1–6).

ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:

  • Аз ҳамсаратон пурсед, ки барои шавҳар ё зани хуб шудан, ба шумо аз кадом ҷиҳат беҳтар гаштан лозим аст. Ҷавобашро бодиққат гӯш кунед ва барои беҳтар гаштан ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед

  • Пуртоқат бошед. Барои хушбахт кардани якдигарро ёд гирифтан, ба ҳардуятон ҳам вақт лозим аст

2 ДАР БОРАИ ҲИССИЁТИ ҲАМСАРАТОН ҒАМХОРӢ НАМОЕД

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: Шумо бояд хоҳишу талаботи ҳамсаратонро ба назар гиред (Филиппиён 2:3, 4). Бо ҳамсари худ чун шахси пурарзиш муносибат кунед ва дар ёд доред, ки Яҳува аз хизматгоронаш «бо ҳама меҳрубон» буданро талаб мекунад (2 Тимотиюс 2:24). «Неши забон... мисли зарби шамшер аст, вале забони хирадмандон офият мебахшад». Барои ҳамин, андеша карда сухан гӯед (Масалҳо 12:18). Рӯҳи муқаддаси Яҳува ба шумо барои бо муҳаббат ва меҳрубонӣ сухан гуфтан ёрӣ мерасонад (Ғалотиён 5:22, 23; Қӯлассиён 4:6).

ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:

  • Ҳангоми ҳал кардани масъалаҳои душвор бо ҳамсаратон, дар бораи ором мондан ва нигоҳ доштани солимфикрӣ, дуо гӯед

  • Дар бораи чӣ гуфтан ва чӣ тавр онро баён карданатон фикр кунед

3 ЯКҶОЯ МУЛОҲИЗА РОНЕД

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: Вақте ки оиладор шудед, шумо «ҳар ду як тан» гаштед (Матто 19:5). Лекин шумо то ҳол ду шахси алоҳида ҳастед ва нуқтаи назари гуногун дошта метавонед. Барои ҳамин, шумо бояд якдилу ҳамфикр буданро ёд гиред (Филиппиён 2:2). Дар баровардани қарор ягонагӣ муҳим аст. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Нақшаҳо бо машварат ба амал меояд» (Масалҳо 20:18). Ба принсипҳои Китоби Муқаддас иҷозат диҳед, ки ҳангоми якҷоя баровардани қарори муҳим, роҳнамои шумо бошанд (Масалҳо 8:32, 33).

ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:

  • Ба ҳамсаратон на танҳо маълумот ё нуқтаи назари худ, балки ҳиссиётҳоятонро низ баён кунед

  • Пеш аз баровардани қарорҳои муҳим бо ҳамсаратон маслиҳат кунед

^ сарх. 4 Аз рӯи тарҷумаи аслии Китоби Муқаддас Яҳува номи Худо мебошад.