Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 5

Чӣ тавр бо наздикон сулҳро нигоҳ доштан мумкин аст?

Чӣ тавр бо наздикон сулҳро нигоҳ доштан мумкин аст?

«Меҳрубонӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ ва пурсабриро дар бар кунед» (Қӯлассиён 3:12).

Издивоҷ оилаи навро барпо мекунад. Гарчанде ки шумо волидонатонро ҳама вақт дӯст дошта ҳурмат кунед ҳам, айни замон барои шумо аз ҳама шахси муҳим дар замин, ин ҳамсаратон мебошад. Барои баъзе волидон ин чизро қабул кардан душвор буда метавонад. Аммо нигоҳ накарда ба ин, принсипҳои Китоби Муқаддас ба шумо ёрдам карда метавонанд, ки пеш аз ҳама дар оилаи худ муносибати хубро инкишоф диҳед ва ҳамзамон бо наздикон муносибати хубро нигоҳ доред.

1 НИСБАТИ НАЗДИКОНАТОН НАЗАРИ ОҚИЛОНАРО НИГОҲ ДОРЕД

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «Падар ва модари худро иззат намо» (Эфсӯсиён 6:2). Нигоҳ накарда ба он ки шумо дар кадом синну сол ҳастед, волидони худро ҳамеша ҳурмату эҳтиром кардан зарур аст. Ҳаминро донед, ки ҳамсари шумо ҳам, чун духтар ё писар, бояд ба волидонаш таваҷҷӯҳ зоҳир кунад. «Муҳаббат ҳасад намебарад», барои ҳамин ҳеҷ гоҳ фикр накунед, ки муносибати ҳамсаратон бо волидонаш хатареро ба миён меоварад (1 Қӯринтиён 13:4; Ғалотиён 5:26).

ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:

  • Аз гуфтани чунин суханон ба монанди «Оилаи ту ҳамеша маро паст мезанад» ё «Чизе, ки накунам, ба модари ту ҳеҷ гоҳ маъқул намешавад», дурӣ ҷӯед

  • Кӯшиш кунед, ки ба ҳама чиз аз нуқтаи назари ҳамсаратон нигоҳ кунед

2 ӮҲДАДОРИРО БА ДӮШИ ХУД ГИРЕД

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «Мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст; ва як тан хоҳанд буд» (Ҳастӣ 2:24). Вақте ки оиладор мешавед, волидонатон шояд худро то ҳол нисбати шумо масъулиятнок ҳис кунанд ва мумкин онҳо хоҳанд, ки дар издивоҷатон аз меъёр зиёд дахолат намоянд.

Шумо ва ҳамсаратон бо маслиҳат муайян карда метавонед, ки дар кадом мавридҳо намехостед, то волидонатон ба шумо дахолат кунанд. Сипас, қарори баровардаатонро бо мулоимӣ ба онҳо фаҳмонед. Шумо метавонед ошкору рӯирост бошед ва ҳамзамон дағалӣ накунед (Масалҳо 15:1). Хоксорӣ, фурӯтанӣ ва пурсабрӣ ба шумо ёрдам мекунад, ки бо наздиконатон муносибати нағз пайдо кунед ва минбаъд низ «якдигарро дар муҳаббат таҳаммул» намуданро давом диҳед (Эфсӯсиён 4:2).

ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:

  • Агар шумо оиди то чӣ андоза ба ҳаётатон дахолат кардани наздикон дар ташвиш бошед, инро бо ҳамсаратон дар вақти мувофиқ муҳокима кунед

  • Оиди он ки чӣ тавр шумо ин масъалаҳоро ҳал хоҳед кард, ба як қарор оед