Гузаштан ба маводи асосӣ

Оё ҳайвонот баъди марг ба осмон мераванд?

Оё ҳайвонот баъди марг ба осмон мераванд?

Ҷавоби Китоби Муқаддас

 Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки аз байни офаридаҳои рӯйи замин, танҳо шумораи ками одамон ба осмон мераванд (Ваҳй 14:1, 3). Онҳо дар осмон ҳамроҳи Исо чун подшоҳон ва коҳинон хизмат мекунанд (Луқо 22:28–30; Ваҳй 5:9, 10). Аксари одамони эҳёшуда дар биҳишти рӯйи замин зиндагӣ хоҳанд кард (Забур 37:11, 29).

 Дар Каломи Худо гуфта нашудааст, ки дар осмон ҷое барои ҳайвони хонагӣ ё саг пешбинӣ шудааст. Барои ин сабаби ҷиддие ҳаст. Ҳайвонот барои ба «даъвати осмонӣ» мувофиқ шудан чораҳои заруриро андешида наметавонанд (Ибриён 3:1). Чораҳои зарурӣ гуфта дониш гирифтан, имон овардан ва хости Худоро иҷро кардан дар назар дошта шудааст (Матто 19:17; Юҳанно 3:16; 17:3). Танҳо одамон бо мақсади ҷовидона зистан офарида шудаанд (Ҳастӣ 2:16, 17; 3:22, 23).

 Офаридаҳои заминӣ барои ба осмон рафтан аввал бояд эҳё шаванд (1 Қӯринтиён 15:42). Дар Каломи Худо дар бораи онҳое, ки эҳё шудаанд, гуфта шудааст (3 Подшоҳон 17:17–24; 4 Подшоҳон 4:32–37; 13:20, 21; Луқо 7:11–15; 8:41, 42, 49–56; Юҳанно 11:38–44; Аъмол 9:36–42; 20:7–12). Дар ҳар як воқеае, ки эҳёшавӣ ба амал омадааст, фақат одамон зинда шудаанд, на ҳайвонот.

 Вақте ҳайвонот мемиранд, бо онҳо чӣ мешавад?

  Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки дар назари Худо нерӯи ҳаёти инсон ва ҳайвон як аст (Ададҳо 31:28). Инсон ва ҳайвон аз ду чиз иборатанд: «хоки замин» ва «нафаси ҳаёт» (Ҳастӣ 2:7, ТДН).

 Мувофиқи Китоби Муқаддас ҳам одам ва ҳам ҳайвон мирандаанд (Ибодат 21:11; Ҳизқиёл 18:20). Баъди марг ҳам одам ва ҳам ҳайвон ба хоки замин бармегарданд (Воиз 3:19, 20). Дигар хел карда гӯем, онҳо нест мешаванд a.

Оё ҳайвонот гуноҳ мекунанд?

 Не. Маънои гуноҳ кардан ин бо фикр, ҳиссиёт ва рафтор қонуни Худоро вайрон намудан мебошад. Барои гуноҳ кардан, офарида бояд дар масъалаҳои вобаста ба ахлоқ қобилияти қарор қабул карданро дошта бошад. Ҳайвонот чунин қобилият надоранд. Онҳо дар давоми ҳаёти кӯтоҳи худ дар асоси инстинкт ё худ майли табиӣ амал мекунанд (2 Петрус 2:12). Сипас пир шуда мемиранд, ҳол он ки гуноҳ намекунанд.

Оё ба ҳайвонот бераҳмона муносибат кардан, раво аст?

 Не. Худо ба одам ҳақ додааст, ки бар ҳайвонот ҳукмфармо бошад, вале ҳуқуқ надодаст, ки инсон нисбати ҳайвонот бераҳмона муносибат кунад (Ҳастӣ 1:28; Забур 8:6–8). Худо дар бораи ҳар гуна ҳайвон, аз ҷумла парандагони хурдакак ғамхорӣ мекунад (Юнус 4:11; Матто 10:29). Ӯ ба ходимонаш амр фармуда буд, ки нисбати ҳайвонот ғамхор бошанд (Хуруҷ 23:12; Такрори Шариат 25:4; Масалҳо 12:10).

a Барои гирифтани маълумоти бештар ба боби 6-уми «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?» нигаред.