Гузаштан ба маводи асосӣ

Кӣ ба осмон меравад?

Кӣ ба осмон меравад?

Ҷавоби Китоби Муқаддас

 Худо шумораи аниқи масеҳиёни содиқро, ки баъди маргашон ба ҳаёти осмонӣ зинда мешаванд, интихоб кардааст (1 Петрус 1:3, 4). Имону рафтори ин масеҳиён баъди интихоб шуданашон ҳам бояд намунавӣ бошад, дар акси ҳол онҳо аз мукофоти осмониашон маҳрум шуда метавонанд (Эфсӯсиён 5:5; Филиппиён 3:12–14).

Барои чӣ баъзеҳо ба осмон мераванд?

 Касоне, ки ба осмон мераванд, ҳамроҳи Исо чун подшоҳону коҳинон 1000 сол хизмат мекунанд (Ошкорсозӣ 5:9, 10; 20:6). Онҳо «осмони нав», яъне ҳокимияти осмониро ташкил медиҳанд, ки бар «замини нав», яъне ҷамъияти одамон, ҳукмронӣ мекунад. Ин ҳокимияти осмонӣ ба одамизод кумак мекунад, то мувофиқи нияти аввалаи Худо росткор шавад (Ишаъё 65:17; 2 Петрус 3:13).

Чанд нафар соҳиби ҳаёти осмонӣ мешавад?

 Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки 144 000 нафар соҳиби ҳаёти осмонӣ мешаванд (Ошкорсозӣ 7:4). Дар рӯъёе, ки дар Ошкорсозӣ 14:1–3 омадааст, Юҳаннои расул барраеро дид, ки бар кӯҳи Сион бо 144 000 нафар истода буд. Дар ин рӯъё «Барра» Исои зиндашударо тасвир мекунад (Юҳанно 1:29; 1 Петрус 1:19). «Кӯҳи Сион» бошад, ба мавқеи баланди Исо ва 144 000 нафар ҳамроҳонаш ишора мекунад (Забур 2:6; Ибриён 12:22).

 Ҳамчунин «даъватшудагон» ва «интихобшудагон»-е, ки ҳамроҳи Масеҳ дар Подшоҳияш ҳукмронӣ мекунанд, «рамаи хурд» номида мешаванд (Ошкорсозӣ 17:14; Луқо 12:32). Ин нишон медиҳад, ки шумораи онҳо аз шумораи гӯсфандони дигари Исо камтар аст (Юҳанно 10:16).

Ақидаҳои нодуруст дар бораи касоне, ки ба осмон мераванд

 Ақида: ҳама одамони хуб ба осмон мераванд.

 Ҳақиқат: Худо ваъда медиҳад, ки шумораи зиёди одамони хуб дар замин ҷовидона зиндагӣ мекунанд (Забур 37:11, 29, 34).

  •   Исо гуфта буд: «Ҳеҷ кас ба осмон набаромадааст» (Юҳанно 3:13). Аз ин бармеояд, ки одамони худотарсе, ки пеш аз ба замин омадани Исо мурда буданд, мисли Иброҳим, Мӯсо, Айюб ва Довуд, ба осмон нарафта буданд (Корнома 2:29, 34). Онҳо умед доштанд, ки дар рӯйи замин зинда мешаванд (Айюб 14:13–15).

  •   Ба ҳаёти осмонӣ зинда шудан дар Китоби Муқаддас «зиндашавии якум» номида шудааст (Ошкорсозӣ 20:6). Ин нишон медиҳад, ки зиндашавии дигаре ҳаст, яъне зиндашавӣ дар рӯйи замин.

  •   Китоби Муқаддас мегӯяд, ки зери ҳукмронии Подшоҳии Худо «марг дигар намешавад» (Ошкорсозӣ 21:3, 4). Ин ваъдаи Худо ба замин дахл дорад, чунки дар осмон ҳеҷ гоҳ марг набуд.

 Ақида: ҳар як инсон худаш интихоб мекунад, ки ба осмон меравад ё дар замин зиндагӣ мекунад.

 Ҳақиқат: Худо муайян месозад, ки кадом хизматгори содиқаш «даъвати осмониро», яъне умеди ҳаёти осмониро, мегирад (Филиппиён 3:14). Интихоб шудани шахс ба хоҳишу талаби ӯ вобаста нест (Матто 20:20–23).

 Ақида: умеди дар замин ҷовидона зистан ба касоне дода мешавад, ки ба ҳаёти осмонӣ лоиқ нестанд.

 Ҳақиқат: Худо касонеро, ки дар замин соҳиби ҳаёти ҷовидона мешаванд, «халқи ман», «интихобшудагони ман» ва «насле... ки Яҳува баракат додааст», меномад (Ишаъё 65:21–23). Онҳо имконият доранд, ки дар иҷро шудани нияти аввалаи Худо, ки мувофиқи он одамизод ба комилият расида, дар биҳишти рӯйи замин абадан зиндагӣ мекунад, иштирок кунанд (1 Мӯсо 1:28; Забур 115:16; Ишаъё 45:18).

 Ақида: шумораи 144 000, ки дар китоби Ошкорсозӣ омадааст, рамзӣ мебошад.

 Ҳақиқат: ҳарчанд дар китоби Ошкорсозӣ рақамҳои рамзиро вохӯрдан мумкин аст, баъзе рақамҳо ба маънои аслӣ омадаанд. Масалан, дар он дар бораи «номи 12 расули Барра» навишта шудааст (Ошкорсозӣ 21:14). Биёед баъзе далелҳоеро, ки шумораи рамзӣ набудани 144 000-ро нишон медиҳанд, дида бароем.

 Дар Ошкорсозӣ 7:4 гуфта мешавад, ки «шумораи касоне, ки муҳр зада шудаанд [ё ба ҳаёти осмонӣ интихоб шудаанд], 144 000 нафар буд». Лекин дар худи ҳамин боб баъдтар ба гурӯҳи дигар, яъне ба «мардуми сершуморе», ки «ҳеҷ кас ҳисоб карда наметавонист», ишора мешавад. Ин «мардуми сершумор»-ро Худо наҷот медиҳад (Ошкорсозӣ 7:9, 10). Агар шумораи 144 000 рамзӣ мебуд, пас онро бо гурӯҳе, ки шуморааш аниқ нест, муқоиса кардан аз рӯйи мантиқ намебуд a.

 Ғайр аз ин, дар ояти дигари Китоби Муқаддас 144 000 нафар «ҳосили аввалин»-е номида мешаванд, ки «аз байни одамон харида шудаанд» (Ошкорсозӣ 14:4). Ибораи «ҳосили аввалин» ба гурӯҳи хурди интихобшудагон ишора мекунад. Ин ибора касонеро, ки ҳамроҳи Масеҳ дар осмон бар манфиати тобеони бешумори заминиашон ҳукмронӣ мекунанд, нағз тасвир мекунад (Ошкорсозӣ 5:10).

a Проффесор Роберт Томас чизи ба ин монандро дар бораи шумораи 144 000, ки дар Ошкорсозӣ 7:4 омадааст, навишта буд: «Шумораи аниқ бо шумораи номаълум, ки дар Ошкорсозӣ 7:9 омадааст, муқоиса карда шудааст. Агар он рамзӣ мебуд, пас ҳар рақамеро, ки дар ин китоб омадааст, аслӣ ҳисоб кардан мумкин набуд» («Revelation 1-7: An Exegetical Commentary, саҳифаи 474»).