Гузаштан ба маводи асосӣ

Оё пешгӯйиҳо исбот мекунанд, ки Ҳазрати Исо Масеҳи ваъдашуда аст?

Оё пешгӯйиҳо исбот мекунанд, ки Ҳазрати Исо Масеҳи ваъдашуда аст?

Ҷавоби Китоби Муқаддас

 Бале. Вақте Ҳазрати Исо дар рӯйи замин буд, пешгӯйиҳои зиёде дар бораи «Масеҳи Пешво», ки «Наҷотдбахши ҷаҳон» аст, дар ӯ иҷро шуданд (Дониёл 9:25; 1 Юҳанно 4:14). Баъзе аз ин пешгӯйиҳо ҳатто баъди марги Исо иҷро шуданд (Забур 110:1; Корнома 2:34–36).

 Калимаи «Масеҳ» чӣ маъно дорад?

 Калимаи ибронии «маши́ах» (Масеҳ) ва калимаи юнонии «христос» маънои «тадҳиншуда»-ро дорад. Барои ҳамин «Исои Масеҳ» гуфта «Исои тадҳиншуда» дар назар дошта шудааст.

 Дар давраи қадим барои шахсро ба ягон хизмати махсус таъйин кардан, одатан ба сараш равған рехта ӯро тадҳин мекарданд (3 Мӯсо 8:12; 1 Подшоҳон 16:13). Худо Исоро чун Масеҳ барои хизмати махсус таъйин кард (Корнома 2:36). Вале ӯ Исоро на бо равған, балки бо рӯҳи муқаддасаш тадҳин намуд (Матто 3:16).

 Оё пешгӯйиҳо дар бораи Масеҳ ба якчанд нафар дахл дошта метавонистанд?

 Не. Чи хеле ки изи даст танҳо ба як шахс тааллуқ дорад, пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас низ танҳо дар Масеҳ иҷро шуданд. Китоби Муқаддас моро огоҳ мекунад: «Одамоне пайдо мешаванд, ки худро бардурӯғ Масеҳ ва пайғамбар меноманд ва аломатҳои бузургу муъҷизаҳо нишон медиҳанд, то, агар тавонанд, ҳатто интихобшудагонро гумроҳ кунанд» (Матто 24:24).

 Оё омадани Масеҳро интизор шавем?

 Не. Дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шудааст, ки Масеҳ аз насли шоҳи Исроил, Довуд, бояд ба дунё ояд (Забур 89:3, 4). Аммо соли 70-уми милодӣ, вақте румиён Ерусалимро забт карданд, аз афташ дастхатҳои қадимаи яҳудиён дар бораи насабномаи Довуд нест шуданд a. Аз ҳамон замон инҷониб ягон кас исбот карда наметавонад, ки ӯ аз насли шоҳ Довуд баромада аст. Лекин ин дастхатҳо дар замони Исо дастрас буданд, барои ҳамин ҳатто душманони ӯ тан мегирифтанд, ки Исо аз насли Довуд аст (Матто 22:41–46).

 Дар Китоби Муқаддас дар бораи Масеҳ чӣ қадар пешгӯйӣ ҳаст?

 Шумораи пешгӯйиҳоро дар бораи Масеҳ аниқ муайян кардан ғайриимкон аст. Ҳатто, агар маълум бошад, ки порчаи Китоби Муқаддас ба Масеҳ ишора мекунад, одамон ба таври гуногун шумораи он пешгӯйиҳоро ҳисоб мекунанд. Масалан, Ишаъё 53:2–7-ро мегирем, ки дар бораи Масеҳ якчанд пешгӯйиро дар бар мегирад. Баъзеҳо ин гуфтаҳоро як пешгӯйӣ меҳисобанд, дигарон бошанд, ҳар як қисмашро пешгӯйии алоҳида мешуморанд.

 Баъзе пешгӯйиҳое, ки дар Исо иҷро шуданд

Пешгӯйӣ

Манбаъ

Иҷрошавӣ

Насли Иброҳим

1 Мӯсо 22:17, 18

Матто 1:1

Насли Исҳоқ, писари Иброҳим

1 Мӯсо 17:19

Матто 1:2

Аз қабилаи Яҳудо

1 Мӯсо 49:10

Матто 1:1, 3

Аз насли шоҳ Довуд

Ишаъё 9:7

Матто 1:1

Аз бокира таваллуд мешавад

Ишаъё 7:14

Матто 1:18, 22, 23

Дар Байт-Лаҳм ба дунё меояд

Мико 5:2

Матто 2:1, 5, 6

Ӯро Имонуил меноманд b

Ишаъё 7:14

Матто 1:21–23

Дар шароити одӣ таваллуд мешавад

Ишаъё 53:2

Луқо 2:7

Баъди таваллуди ӯ кӯдаконро ба қатл мерасонанд

Ирмиё 31:15

Матто 2:16–18

Аз Миср даъват карда мешавад

Ҳушаъ 11:1

Матто 2:13–15

Носирӣ номида мешавад c

Ишаъё 11:1

Матто 2:23

Пешопеши ӯ хабаррасон меояд

Малокӣ 3:1

Матто 11:7–10

Соли 29-и милодӣ чун Масеҳ тадҳин мешавад d

Дониёл 9:25

Матто 3:13–17

Худо ӯро писари худ меномад

Забур 2:7

Корнома 13:33, 34

Дар дили ӯ рашки хонаи Худо ҳаст

Забур 69:9

Юҳанно 2:13–17

Хушхабарро эълон мекунад

Ишаъё 61:1

Луқо 4:16–21

Хизмати ӯ дар Ҷалил рӯшноии бузурге мегардад

Ишаъё 9:1, 2

Матто 4:13–16

Мисли Мӯсо муъҷизаҳо ба амал меорад

5 Мӯсо 18:15

Корнома 2:22

Монанди Мӯсо фикрҳои Худоро гап мезанад

5 Мӯсо 18:18, 19

Юҳанно 12:49

Бисёриҳоро шифо медиҳад

Ишаъё 53:4

Матто 8:16, 17

Диққати дигаронро ба худ ҷалб намекунад

Ишаъё 42:2

Матто 12:17, 19

Ба ғамзадагон дилаш месӯзад

Ишаъё 42:3

Матто 12:9–20; Марқус 6:34

Адолати Худоро зоҳир мекунад

Ишаъё 42:1, 4

Матто 12:17–20

Маслиҳатгари доно мешавад

Ишаъё 9:6, 7

Юҳанно 6:68

Номи Худоро эълон мекунад

Забур 22:22

Юҳанно 17:6

Бо мисол гап мезанад

Забур 78:2

Матто 13:34, 35

Пешво мешавад

Дониёл 9:25

Матто 23:10

Бисёриҳо ба ӯ имон намеоранд

Ишаъё 53:1

Юҳанно 12:37, 38

Санги пешпо мегардад

Ишаъё 8:14, 15

Матто 21:42–44

Мардум ӯро рад мекунад

Забур 118:22, 23

Корнома 4:10, 11

Бесабаб аз ӯ нафрат мекунанд

Забур 69:4

Юҳанно 15:24, 25

Ӯ савори харкурра тантанавор ба Ерусалим медарояд

Закарё 9:9

Матто 21:4–9

Кӯдакон ӯро ҳамду сано мехонанд

Забур 8:2

Матто 21:15, 16

Ба номи Яҳува меояд

Забур 118:26

Юҳанно 12:12, 13

Дӯсти дилпураш ба ӯ хиёнат мекунад

Забур 41:9

Юҳанно 13:18

Ба 30 тангаи нуқра фурӯхта мешавад e

Закарё 11:12, 13

Матто 26:14–16; 27:3–10

Дӯстонаш ӯро тарк мекунанд

Закарё 13:7

Матто 26:31, 56

Дар барои ӯ бардурӯғ шоҳидӣ медиҳанд

Забур 35:11

Матто 26:59–61

Ба айбдоркунандагонаш ҷавоб намегардонад

Ишаъё 53:7

Матто 27:12–14

Ба рӯйи ӯ туф мекунанд

Ишаъё 50:6

Матто 26:67; 27:27, 30

Ба сараш мезананд

Мико 5:1

Марқус 15:19

Қамчинкорӣ мекунанд

Ишаъё 50:6

Юҳанно 19:1

Ба азиятдиҳандагони худ муқобилат намекунад

Ишаъё 50:6

Юҳанно 18:22, 23

Ҳокимон бар зидди ӯ забон як мекунанд

Забур 2:2

Луқо 23:10–12

Дасту пояшро дар сутун мехкӯб мекунанд

Забур 22:16

Матто 27:35; Юҳанно 20:25

Одамон барои либосҳои ӯ қуръа мепартоянд

Забур 22:18

Юҳанно 19:23, 24

Ба қатори бадкорон дароварда мешавад

Ишаъё 53:12

Матто 27:38

Ӯро мазоқу масхара мекунанд

Забур 22:7, 8

Матто 27:39–43

Барои гуноҳкорон азоб мекашад

Ишаъё 53:5, 6

1 Петрус 2:23–25

Гӯё Худо ӯро тарк мекунад

Забур 22:1

Марқус 15:34

Ба ӯ сирко ва як чизи талхро менӯшонанд

Забур 69:21

Матто 27:34

Пеш аз ҷон додан ташна мешавад

Забур 22:15

Юҳанно 19:28, 29

Рӯҳашро ба дасти Худо месупорад

Забур 31:5

Луқо 23:46

Ӯ ҷонашро нисор мекунад

Ишаъё 53:12

Марқус 15:37

Ҷонашро барои гуноҳи дигарон товон медиҳад

Ишаъё 53:12

Матто 20:28

Устухонҳояшро намешикананд

Забур 34:20

Юҳанно 19:31–33, 36

Баданашро шикоф мекунанд

Закарё 12:10

Юҳанно 19:33–35, 37

Бо сарватдоре гӯронда мешавад

Ишаъё 53:9

Матто 27:57–60

Ӯ аз мурдагон зинда мешавад

Забур 16:10

Корнома 2:29–31

Ҷойи хиёнаткорро дигар кас мегирад

Забур 109:8

Корнома 1:15–20

Аз тарафи дасти рости Худо менишинад

Забур 110:1

Корнома 2:34–36

a Дар Энсиклопедияи «Макклинток ва Стронг» гуфта шудааст: «Ягон зарра шубҳае нест, ки насабномаи қабила ва оилаҳои яҳудӣ маҳз ҳангоми валонгоршавии Ерусалим нест шуданд, лекин то он замон вуҷуд доштанд».

b Маънои номи ибронии Имонуил «Худо бо мост» мебошад, ки нақши Исоро чун Масеҳ хеле хуб тасвир мекунад. Ба замин омадани ӯ ва корҳояш исбот мекунанд, ки Худо бо бандагонаш аст (Луқо 2:27–32; 7:12–16).

c Калимаи «носирӣ», аз афташ, аз калимаи ибрии «нетсер» гирифта шудааст, ки маънояш «навда» мебошад.

d Дар бораи санаи 29-уми милодӣ, яъне соли омадани Масеҳ аз мақолаи «Пешгӯйиҳои Дониёл-пайғамбар дар бораи зоҳир шудани Масеҳ» батафсил фаҳмида метавонед.

e Ин пешгӯйӣ дар китоби Закарё омадааст, лекин нависандаи Китоби Муқаддас Матто мегӯяд, ки ин суханон «ба воситаи пайғамбар Ирмиё гуфта шуданд» (Матто 27:9). Аз афташ китоби Ирмиё дар қисми «Навиштаҳои пайғамбарон» баъзан дар аввал меистод (Луқо 24:44). Матто шояд «Ирмиё» гуфта пурра ба «Навиштаҳои пайғамбарон» ишора мекард, ки ба он китоби Закарё низ дохил мешавад.