Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд. Филиппин

Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд. Филиппин

ТАХМИНАН даҳ сол пеш ҷуфти ҳамсарони 30-сола, Грегорио ва Марилу, дар шаҳри Манила (пойтахти Филиппин) чун пешравон хизмат карда, ҳамзамон аз саҳар то бегоҳ кор мекарданд. Ин осон набуд, аммо онҳо аз ӯҳдааш мебаромаданд. Баъдтар Марилу дар он бонке, ки кор мекард, роҳбар таъин шуд. «Ҷои кори хуб ба мо имконият медод, ки ҳаёти хеле бароҳат дошта бошем»,— мегӯяд ӯ. Дар ҳақиқат, ин ҳамсарон аз ҷиҳати моддӣ чунон пешравӣ карданд, ки хостанд дар мавзеи хубе, ки аз Манила ба тарафи шарқ дар масофаи 19 километр ҷойгир буд, хонаи боҳашамате созанд. Онҳо барои сохтани ин хона ширкати сохтмониеро киро карда шартнома бастанд, ки дар давоми даҳ сол, ҳар моҳ қисман маблағи муайянеро пардохт хоҳанд кард.

«МАН ҲИС МЕКАРДАМ, КИ ГӮЁ ЯҲУВАРО ҒОРАТ КАРДА ИСТОДААМ»

Марилу нақл мекунад: «Кори навам аз ман вақти хеле зиёд талаб мекард ва ҷидду ҷаҳди ман ба корҳои рӯҳонӣ кам мешуд. Ман ҳис мекардам, ки гӯё Яҳуваро ғорат карда истодаам». Вай мефаҳмонад: «Ман дигар ба Яҳува он вақтеро, ки пеш барои хизмати Ӯ сарф мекардам, дода наметавонистам». Аз ин ҳолат зиқ шуда, рӯзе Грегорио ва Марилу якҷоя нишастанд, то оиди рафти ҳаёташон фикр кунанд. Грегорио мегӯяд: «Мо мехостем ба ҳаётамон дигаргунӣ дарорем, вале чӣ кор карданамонро аниқ намедонистем. Мо мулоҳиза рондем, ки чӣ тавр ҳаётамонро бештар барои хизмати Яҳува сарф карда метавонем, хусусан аз он сабаб ки фарзанд надорем. Мо дуо гуфта аз Яҳува роҳнамоӣ пурсидем».

Дар ҳамон вақт, онҳо якчанд нутқро гӯш карданд, ки ба мавзӯи хизмат дар ҷойҳои ба воизони Салтанат ниёзи калондошта бахшида шуда буд. «Мо ҳис кардем, ки ин нутқҳо ҷавоби Яҳува ба дуоҳои мо буданд»,— мегӯяд Грегорио. Ҳамсарон дар дуо аз Худо имони зиёдтар талаб карданд, то ки далерона қарорҳои дуруст қабул кунанд. Яке аз душвории калон ин сохтмони рафтаистодаи хонаашон буд. Ва маблағи сесолаи сохтмонро онҳо аллакай пардохта буданд. Онҳо бояд чӣ кор мекарданд? Марилу мегӯяд: «Дар сурати қатъ кардани шартнома, мо ҳамаи маблағи то ин дам пардохтаамонро аз даст медодем, ки он пули кам набуд. Вале ин ба мо имконият медод, то интихоб кунем, ки дар ҷои аввал хизмати Яҳуваро гузорем ё хоҳишҳои шахсиамонро». Ҳамсарон суханони Павлуси ҳаввориро, ки чизҳои радкардаашро «ахлот» дониста буд, ба хотир оварда, шартномаи сохтмониро қатъ карданд, корашонро тарк намуданд ва аксари чизу чораашонро фурӯхтанд. Онҳо ба як қишлоқи дурдасти ҷазираи Палаван, ки аз Манила ба самти ҷануб дар масофаи 480 километр ҷойгир буд, сафар карданд (Фил. 3:8).

ОНҲО «АЗ САР ГУЗАРОНИДАНИ» ҲАР ГУНА ШАРОИТРО ЁД ГИРИФТАНД

Пеш аз сафар, Грегорио ва Марилу кӯшиш карданд, ки худро ба ҳаёти оддӣ тайёр кунонанд, вале танҳо баъд аз омадан ба ҷои нав онҳо дарк карданд, ки ҳаёти навашон то чӣ андоза оддӣ хоҳад буд. «Мо аз ин дар ҳайрат будем,— мегӯяд Марилу.— На қувваи барқ буду на ягон шароити бароҳати ҳозиразамон. Ба ҷои он ки биринҷро дар биринҷҷӯшонаки электрикӣ пазем, мо ҳезум шикаста, онро дар оташ мепухтем. Ман дар марказҳои савдо сайр кардан, ба қаҳвахонаҳо рафта хӯрок хӯрдан ва дигар чизҳои ҳаёти шаҳриро ёд мекардам». Бо вуҷуди ин, ҳамсарон сабаби ба ин ҷо омаданашонро ба худ ёдрас мекарданд ва дере нагузашта онҳо ба ин тағйирот одат карданд. Марилу мегӯяд: «Ҳоло ман аз тамошои табиати зебои ин ҷо, аз он ҷумла аз дурахшидани ситораҳои осмони шабона ҳаловат мебарам. Беш аз ҳама мо аз дидани чеҳраи хурсанди одамоне, ки ба онҳо мавъиза мекунем, шод мешавем. Дар ин ҷо хизмат карда, мо “аз сар гузаронидани” ҳар гуна шароитро ёд гирифтем» (Фил. 4:12).

«Ба хурсандие, ки мо аз дидани рушди рӯҳонии ҷамъомад мегирем, ягон чиз баробар шуда наметавонад. Мо ҳис мекунем, ки ҳаёти мо ҳеҷ гоҳ то ин дам ин қадар пурмазмун набуд». (Грегорио ва Марилу)

Грегорио нақл мекунад: «Вақте ки мо омадем, дар ин ҷо ҳамагӣ чор нафар Шоҳидони Яҳува буданд. Онҳо хеле хурсанд буданд, ки ман ҳар ҳафта бо нутқ баромад мекардам ва барои хондани суруди Салтанат гитара менавохтам». Дар муддати як сол ин ҳамсарон шоҳиди он гаштанд, ки чӣ тавр як гурӯҳи хурдакак ба ҷамъомади комёбе, ки аз 24 воиз иборат буд, табдил ёфт. Грегорио мегӯяд: «Муҳаббате, ки ин ҷамъомад нисбати мо зоҳир мекунад, ба мо таъсири калон мерасонад». Имрӯз, ба шаш соли хизмат дар ин маҳалли дурдаст нигоҳ карда, онҳо мегӯянд: «Ба хурсандие, ки мо аз дидани рушди рӯҳонии ҷамъомад мегирем, ягон чиз баробар шуда наметавонад. Мо ҳис мекунем, ки ҳаёти мо ҳеҷ гоҳ то ин дам ин қадар пурмазмун набуд».

«МАН ЧАШИДАМ ВА ДИДАМ, КИ “ХУДОВАНД НЕКӮСТ”!»

Дар Филиппин қариб 3 000 бародарону хоҳарон ба маҳаллҳое рафтаанд, ки дар он ҷойҳо ба воизони Салтанат ниёзи калон вуҷуд дорад. Тахминан 500 нафари онҳо хоҳарони муҷаррад мебошанд. Мисоли Каренро дида мебароем.

Карен

Карен, ки ҳоло синнаш аз 20 боло аст, дар шаҳри Багио Кагаян ба воя расидааст. Ҳанӯз дар айёми наврасиаш, ӯ дар бораи васеъ кардани хизмат бисёр фикр мекард. Вай нақл мекунад: «Кам мондани вақт ва ба шунидани хабари Салтанат ниёз доштани одамони гуногунро дарк карда, ман хостам дар ҷое хизмат кунам, ки ба воизон талаботи зиёд вуҷуд дорад». Баъзе аъзоёни оилаи Карен ӯро водор мекарданд, ки ба ҷои ба маҳалли дурдаст рафта мавъиза кардан, беҳтараш аз паи гирифтани маълумоти олӣ шавад. Лекин Карен дар дуо аз Яҳува роҳнамоӣ пурсид. Ӯ ҳамчунин бо онҳое, ки дар ҷойҳои дурдаст хизмат мекунанд, сӯҳбат кард. Дар синни 18-солагиаш ӯ ба маҳалли дурдасте, ки аз зодгоҳаш 64 километр дур буд, сафар кард.

Карен барои кӯмак ба ҷамъомади хурде рафт, ки он ба аҳолии минтақаи кӯҳистони соҳили Уқёнуси Ором мавъиза мекард. Карен ба хотир меорад: «Фақат барои аз шаҳри Багио то ҷамъомади нав расидан, мо се рӯз роҳ рафтем ва дар тӯли ин роҳ ба кӯҳҳо баромада фаромадем ва зиёда аз 30 бор дарёҳоро гузаштем». Ӯ илова мекунад: «Барои то хонаи баъзе омӯзандагон расидан, ман қариб шаш соат роҳ меравам ва шабро дар хонаи онҳо мегузаронам ва рӯзи дигар боз шаш соат роҳро тай намуда ба хона бармегардам. Оё чунин кӯшишҳо арзандаанд? Карен мегӯяд: «Баъзан пойҳоям дард мекунанд». Ва бо табассум илова мекунад ӯ: «Лекин ман бо 18 кас омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронам. Ман чашидам ва дидам, ки “Худованд некӯст”»! (Заб. 33:9).

«МАН БА ЯҲУВА ТАКЯ КАРДАНРО ЁД ГИРИФТАМ»

Сукхи

Сукхи ном хоҳари муҷарраде, ки синну солаш аз 40 боло аст, дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекард. Чӣ ӯро водор кард, ки ба Филиппин сафар кунад? Соли 2011 вай ба анҷумани ноҳиявие ташриф овард, ки дар он аз як ҷуфти ҳамсарон мусоҳиба гирифта шуд. Ин ҳамсарон нақл карданд, ки чӣ тавр онҳо аксарияти чизу чораашонро фурӯхтанд, то ки ба Мексика сафар карда, дар он ҷо ба кори мавъиза кӯмак расонанд. «Он мусоҳиба,— мегӯяд Сукхи,— маро водор кард, ки дар бораи мақсаде мулоҳиза кунам, ки то ин дам оиди он фикр накарда будам». Сукхи худаш аз Ҳиндустон буд. Ӯ фаҳмид, ки дар Филиппин, дар маҳалли панҷобизабон ба воизон ниёзи калон вуҷуд дорад, аз ин рӯ қарор дод, ки ба он ҷо рафта кӯмак мекунад. Оё вай бо ягон душворӣ рӯ ба рӯ шуд?

«Қарор кардани он ки кадом чизҳоямро нигоҳ дораму кадомашро фурӯшам, назар ба он ки фикр мекардам, душвор буд,— мегӯяд Сукхи.— Инчунин, баъди 13 сол дар хонаи шахсӣ ва шароити бароҳат зиндагӣ кардан, ман ба хонаи хешу таборам, ки шароити хуб надошт, кӯчидам. Ин осон набуд, вале ҳамзамон роҳи хубе буд, ки маро ба ҳаёти оддӣ тайёр мекард». Баъди ба Филиппин баргаштан, ӯ бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ шуд? Ӯ мегӯяд: «Аз ҳама душвории калон ин буд, ки ман ҷои зистамро ёд мекардам ва аз ҳашарот чунон тарс доштам, ки аз ин ҳатто дар баданам мурғак медамид. Лекин ман аз пештара зиёдтар ба Яҳува такя карданро ёд гирифтам». Оё чунин кӯшишҳо арзанда буданд? Сукхи хандакунон гуфт: «Яҳува ба мо мегӯяд: “Маро имтиҳон намоед... оё Ман... баракати аз ҳад зиёде бар шумо фурӯ намерезам” . Ҳақ будани ин суханонро ман хусусан дар он лаҳзаҳо ҳис мекардам, ки соҳибхонае аз ман мепурсид: “Боз кай меоед? Ман саволи бисёре дорам”. Ба одамони аз ҷиҳати рӯҳонӣ ташна кӯмак кардан бароям шодиву қаноатмандии зиёд мебахшад!» (Мал. 3:10). Сукхи илова мекунад: «Дар асл, аз ҳама қисми душвори кор ин қабули қарор оиди сафар буд. Ва баъд, ман дар ҳайрат мемондам, ки чӣ тавр Яҳува худаш дигар корҳои маро ҷо ба ҷо мекард».

«МАН БА ТАРСАМ ҒОЛИБ ОМАДАМ»

Симэ ном бародари оиладор, ки ҳоло қариб 40-сола аст, барои кори сердаромад ёфтан аз Филиппин ба яке аз давлатҳои Шарқи Миёна рафт. Ҳангоми дар он ҷо буданаш, вай аз ташрифи нозири ноҳиявӣ рӯҳбаланд шуд ва нутқи як аъзои Ҳайати роҳбарикунанда ӯро барангехт, ки Яҳуваро дар ҳаёташ дар ҷои аввал гузорад. «Вале фикри аз кор рафтан шабҳо хобамро мепарронд»,— мегӯяд Симэ. Бо вуҷуди ин, вай аз кораш рафт ва ба Филиппин баргашт. Имрӯз Симэ ва занаш Ҳайди дар шаҳри Давао дел-Сур, қисми ҷанубии Филиппин, хизмат мекунанд, ки дар он ҷо барои пурра мавъиза карда баромадани минтақа воизони зиёд лозиманд. Симэ мегӯяд: «Ба ақиб нигоҳ карда, ман бисёр хурсандам, ки бар тарси худ ғолиб омада, аз кор рафтам ва Яҳуваро дар ҷои аввал гузоштам. Зеро ҳеҷ чиз назар ба додани чизи беҳтарин ба Яҳува, дар ҳаёт қаноатмандии бештар намеорад!»

Симэ ва Ҳайди

«ИН БА МО ҚАНОАТМАНДИИ ЗИЁД МЕБАХШАД!»

Ҷуфти пешравон, Рэмило ва Ҷулиет, ки синнашон аз 30 боло аст, фаҳмиданд, ки ҷамъомаде, ки аз хонаашон 30 километр дуртар ҷойгир аст, ба кӯмак ниёз дорад. Онҳо бо ихтиёри худ хостанд, ки ба он ҷо рафта кӯмак расонанд. Барои ҳамин, онҳо ҳар ҳафта борону офтоб нагуфта, якчанд бор бо мотосикли худ ба он ҷо сафар мекунанд, то ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф оваранд ва дар кори мавъиза ёрдам диҳанд. Ҳарчанд роҳи пасту баланд ва кӯпрукҳои овезон сафари онҳоро мушкил мегардонад, онҳо хурсанданд, ки хизмати худро васеъ намуданд. Рэмило мегӯяд: «Ману занам якҷоя 11 омӯзиши Китоби Муқаддас дорем! Хизмат кардан дар ҷое ки ниёзи калон вуҷуд дорад, фидокорӣ талаб мекунад, аммо ин ба мо қаноатмандии зиёд мебахшад!» (1 Қӯр. 15:58).

Ҷулиет ва Рэмило

Оё шумо дар бораи хизмат дар ҷойҳое ки ба воизон ниёзи калон вуҷуд дорад, бисёртар фаҳмидан мехостед? Агар ин тавр бошад, бо нозири ноҳиявиатон сӯҳбат кунед ва мақолаи «Оё шумо ба Мақдуния омада метавонед?»-ро аз «Хизмат ба Салтанати Худо», моҳи августи с. 2011 хонед.