Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд. Мадагаскар

Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд. Мадагаскар

СИЛВИАНА ном хоҳари пешрав, ки 27-сола аст, мегӯяд: «Дӯстонам дар ҷойҳое хизмат мекарданд, ки ба воизон ниёз ҳаст. Онҳо дар бораи хизматашон бо шавқу завқ нақл мекарданд. Аз ин рӯ ман ҳам мехостам, ки хурсандиеро, ки онҳо доранд, ҳис кунам». Ӯ илова карда мегӯяд: «Лекин ман метарсидам, ки дар дигар ҷой хизмат карда наметавонам».

Оё ба шумо ҳиссиёти Силвиана шинос аст? Шояд шумо дар ҷойҳое, ки ба воизон ниёз вуҷуд дорад, хизмат кардан мехоҳед ва фикр мекунед, ки чӣ тавр ба ин мақсадатон расед. Ин тавр бошад, натарсед, зеро ҳазорҳо бародару хоҳарон бо ёрдами Яҳува душвориҳоро паси сар карда, доираи хизматашонро васеъ карда тавонистанд. Баъзеи ин воизон ба Мадагаскар, ки чорум ҷазираи калонтарини дунё мебошад, кӯчиданд. Биёед дида бароем, ки чӣ тавр Яҳува ба онҳо кӯмак кард.

Дар давоми даҳ соли охир зиёда аз 70 воизи боғайрати 11 мамлакат * ба Мадагаскар барои васеъ кардани доираи хизматашон омаданд. Дар ин ҷо одамон нисбати Китоби Муқаддас эҳтироми зиёд доранд. Инчунин бисёри воизони маҳаллӣ бо омодагӣ барои паҳн кардани хушхабар ба ин ҷазира кӯчиданд. Биёед бо баъзеи онҳо шинос шавем.

БАРТАРАФ КАРДАНИ ТАРС ВА РӮҲАФТОДАГӢ

Перрин ва Луи

Луи ва Перрин, ҷуфти тақрибан 30-сола, аз Фаронса ба Мадагаскар кӯчид. Чанд сол боз онҳо дар фикри васеъ кардани доираи хизматашон буданд, лекин Перрин дудила буд. Перрин мегӯяд: «Ман метарсидам, ки ба ҷойи ношинос кӯчам. Тарк кардани оила, ҷамъомад, хона ва чизҳое, ки ба он одат карда будам, душвор буд. Ин гуна ғаму ташвишҳо барои ба дигар ҷо кӯчиданамон монеъ мешуд ва ман бояд онро бартараф мекардам». Соли 2012 Перрин ва Луи далерона қарор карданд, ки мекӯчанд. Перрин дар бораи қарорашон чунин мегӯяд: «Ба қафо нигариста гуфта метавонам, ки дар ин ҷо хизмат карда мо имони худро қавӣ гардондем, зеро дар ҳаётамон дасти Яҳуваро бисёр дидем». Луи илова мекунад: «Медонед, ба якум Шоми ёдбуд даҳ нафар омӯзандаамон ташриф оварданд!»

Чӣ ба ин ҷуфт кӯмак кард, ки ба душвориҳо нигоҳ накарда хизматашро давом диҳад? Онҳо дар дуо аз Яҳува илтиҷо мекарданд, ки ба онҳо қувват бахшад (Флп. 4:13). Луи нақл мекунад: «Яҳува ба дуоҳоямон ҷавоб дод ва мо “осоиштагии Худо”-ро ҳис кардем. Мо диққатамонро ба чизҳое равона мекардем, ки ба мо хурсандӣ мебахшид. Инчунин дӯстонамон нома фиристода моро рӯҳбаланд мекарданд, ки таслим нашавем» (Флп. 4:6, 7; 2 Қӯр. 4:7).

Яҳува истодагарии Луи ва Перринро баракат дод. «Моҳи октябри соли 2014 мо дар Мактаб барои ҷуфтони масеҳӣ *, ки дар Фаронса гузашта буд, хондем»,— мегӯяд Луи. «Таҳсил дар ин мактаб тӯҳфаи беҳтарин аз ҷониби Яҳува буд ва мо онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем». Баъд аз хатми мактаб Луи ва Перрин хеле хурсанд буданд, ки онҳоро боз ба Мадагаскар таъйин карданд.

«МО БО ШУМО ФАХР ХОҲЕМ КАРД!»

Надин ва Дидйе

Вақте Дидйе ва Надин соли 2010 аз Фаронса ба Мадагаскар кӯчиданд, синнашон аз панҷоҳ гузашта буд. Дидйе нақл мекунад: «Вақте ҷавонтар будем, чун пешрав хизмат мекардем. Лекин баъдтар мо хизмати пешравиро бас кардем, чунки бояд се фарзандамонро калон мекардем. Вақте ки онҳо ба воя расиданд, мо дар бораи васеъ кардани доираи хизматамон фикр мекардем». Надин мегӯяд: «Аз фарзандонамон ҷудо шудан бароям хеле душвор буд, лекин онҳо ба мо гуфтанд: “Агар ба ҷое кӯчед, ки ба воизон ниёз вуҷуд дорад, мо бо шумо фахр хоҳем кард!” Суханони онҳо ба мо қувват бахшид, ки кӯчем. Ҳарчанд мо аз фарзандонамон дурем, хеле хурсандем, ки бо онҳо тез-тез ба воситаи телефону интернет сӯҳбат мекунем».

Барои Дидйе ва Надин ёд гирифтани забони малагасӣ хеле душвор буд. «Мо ҷавон нестем, ки забони навро тез омӯзем»,— табассум карда мегӯяд Надин. Чӣ ба онҳо ёрдам кард, ки забонро омӯзанд? Дар аввал онҳо ба ҷамъомаде, ки ба забони фаронсавӣ мегузашт, мерафтанд. Баъдтар, вақте онҳо худро барои омӯхтани забони маҳаллӣ тайёр карданд, ба ҷамъомаде, ки ба забони малагасӣ буд, гузаштанд. Надин мегӯяд: «Аксари одамоне, ки бо онҳо дар хизмат вомехӯрем, омӯхтани Китоби Муқаддасро дӯст медоранд. Вақте ин одамонро хабар мегирем, онҳо хурсанд мешаванд. Баъзан бовариам намеомад, ки ҳамаи ин чизҳо воқеан рӯй дода истодааст. Дар ин ҷо чун пешрав хизмат кардан ба ман маъқул аст. Вақте саҳар аз хоб бедор мешавам, мегӯям: “Чӣ хел зӯр! Имрӯз низ ба хизмат меравам”».

Бародар Дидйе ба хотир меорад, ки чӣ хел ӯ омӯхтани забони малагасиро сар карда буд. Ӯ табассумкунон мегӯяд: «Ман вохӯриро мегузарондам, вале ягон ҷавоби бародару хоҳаронро намефаҳмидам. Танҳо калимаи “раҳмат”-ро медонистаму халос. Вақте дар ҷамъомад як хоҳар ҷавоб дод, ман ба ӯ раҳмат гуфтам. Лекин онҳое, ки дар паси ӯ нишаста буданд, ба ман бо имову ишора фаҳмонданд, ки ҷавобаш нодуруст буд. Ман дарҳол суханро ба бародар додам, то ки ӯ ҷавоби дуруст диҳад. Умедворам, ки ҷавоби ӯ дуруст буд».

Ӯ ДАЪВАТРО ХУРСАНДОНА ҚАБУЛ КАРД

Дар анҷумане, ки соли 2005 гузашта буд, Тиерри ва ҳамсараш Надия филмеро бо номи «Мақсадҳое гузоред, ки Яҳуваро ҷалол медиҳанд» тамошо карданд. Ин филм дар бораи Тимотиюс буд. Он ба дили Тиерри ва ҳамсараш хеле таъсир расонд ва хоҳишашонро барои дар дигар ҷой хизмат кардан зиёд гардонд. Тиерри мегӯяд: «Вақте филм тамом шуд, ҳама қарсак заданд. Ман бошам, ба занам нигоҳ карда аз ӯ пурсидам: “Мо ҳам ба ягон ҷо меравем?” Ҳамсарам гуфт, ки дар вақти филм дар сари ӯ низ ин фикр буд». Баъд аз ин онҳо кӯшиш мекарданд, ки ба мақсадашон расанд. Надия нақл мекунад: «Оҳиста-оҳиста мо чизу чораамонро кам кардан гирифтем ва оқибат чизҳоямон чор ҷомадон шуд».

Дар тарафи чап: Надия ва Мари–Мадлен. Дар тарафи рост: Тиерри

Соли 2006 онҳо ба Мадагаскар омаданд ва дарҳол фаҳмиданд, ки хизмат дар он ҷо чӣ қадар шодӣ меорад. Надия мегӯяд: «Вақте мебинем чӣ тавр одамон ба ҳақиқат муносибат мекунанд, хурсанд мешавем».

Шаш сол пас ин ҷуфт бо душворие рӯ ба рӯ шуд. Модари Надия, Мари-Мадлен, ки дар Фаронса зиндагӣ мекард, афтида дасташро шикаст ва сараш зарбаи сахт хӯрд. Баъд аз он ки Тиерри ва Надия бо духтури Мари-Мадлен сӯҳбат карданд, ҳамсарон ба модарашон пешниҳод намуданд, ки ба Мадагаскар кӯчида, бо онҳо зиндагӣ кунад. Ҳарчанд он вақт ӯ 80-сола буд, даъватро хурсандона қабул кард. Мари-Мадлен мегӯяд: «Баъзан ба ягон чиз одат карданам душвор аст. Ба маҳдудиятҳоям нигоҳ накарда ёрии ман ба ҷамъомад мерасад. Дар ин ҷо зиндагӣ кардани ман ба духтару домодам имконият медиҳад, ки хизматашонро давом диҳанд ва ин маро хурсанд мекунад».

«МАН ДАР ҲАЁТ ДАСТИ ЯҲУВАРО ДИДАМ»

Риана ба забони тандруй нутқ гуфта истодааст

Бародар Риана, ки 22-сола аст, дар Алаотра Мангоро, вилояте, ки дар шарқи Мадагаскар ҷойгир асту заминҳои ҳосилхез дорад, калон шудааст. Ӯ дар мактаб нағз мехонд ва мехост, ки маълумоти олӣ гирад. Лекин баъд аз омӯхтани Китоби Муқаддас вай фикрашро дигар кард. Бародар нақл мекунад: «Ман баъд аз хатми мактаб ба Яҳува ваъда додам, ки агар имтиҳони охиронро нағз супорам, хизмати пешравиро сар мекунам». Баъд аз хатми мактаб Риана ваъдаашро иҷро кард. Вай бо бародари пешраве ба дигар ҷо кӯчид. Дар он ҷо ӯ рӯзи нопурра кор мекард ва хизмати пешравиро сар кард. Ӯ мегӯяд: «Сар кардани хизмати пешравӣ қарори беҳтарин буд».

Хешу табори Риана намефаҳмиданд, ки барои чӣ ӯ намехоҳад маълумоти олӣ гирифта, кори сердаромад пайдо кунад. Ӯ нақл мекунад: «Падарам, амакам ва хоҳари бибиам маро бармеангехтанд, ки маълумоти олӣ гирам. Аммо ман хизмати пешравиро бас кардан намехостам». Баъдтар Риана хост, ки дар ҷое, ки воизон даркоранд, хизмат кунад. Вай сабаби пайдо шудани ин хоҳишашро фаҳмонда мегӯяд: «Хонаи моро дузд зад ва ман аз бисёр чизҳоям маҳрум шудам. Ин ҳодиса маро водор кард, ки дар бораи суханони зерини Исо мулоҳиза ронам: “Дар осмон боигарӣ ҷамъ кунед”. Ман қарор кардам, ки барои ба даст овардани боигарии рӯҳонӣ боз ҳам бештар кӯшиш кунам» (Мат. 6:19, 20). Риана ба қисми ҷанубтари мамлакат, минтақае, ки дар масофаи 1300 км дуртар аз хонаи ӯ ҷойгир аст, кӯчид. Он минтақа камбориш аст ва дар он ҷо халқи антандруй зиндагӣ мекунад. Чаро вай ба ин минтақа кӯчид?

Як моҳ пеш аз он ки хонаи Рианаро дузд зад, ӯ бо ду марде, ки аз халқи антандруй буданд, омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Ӯ якчанд ҷумларо ба забони онҳо ёд гирифт ва дар бораи мардуми антандруй, ки боре ҳам хушхабари Подшоҳиро нашунида буданд, фикр мекард. Риана мегӯяд: «Ман аз Яҳува дар дуо хоҳиш кардам, ки ба ман ёрдам кунад, то ба минтақае кӯчам, ки одамонаш бо забони тандруй гап мезананд».

Баъд аз кӯчидан Риана дарҳол бо душворие дучор шуд. Ӯ кор ёфта наметавонист. Марде ба вай гуфт: «Барои чӣ ба ин ҷо омадӣ?! Одатан одамон барои коркобӣ ба минтақае, ки ту аз он омадӣ, мераванд». Баъд аз ду ҳафта Риана ба анҷумани минтақавӣ рафт. Вай қариб ки ягон тин дар киcааш надошт ва ҳайрон буд, ки чӣ кор мекунад. Рӯзи охирони анҷуман бародаре ба кисаи курткаи Риана чизе андохт. Он бародар пул андохта будааст ва он маҳз ҳамон қадаре буд, ки барои баргаштан ба минтақаи антандруйнишин мерасид. Инчунин бо ин пул Риана бизнеси худро сар кард, ӯ йогурт мефурӯхт. Вай мегӯяд: «Дасти Яҳуваро дар вақти даркорӣ дидам. Ин ба ман имконият дод, ки ба шахсоне, ки Яҳуваро намешиносанд, кӯмак карданро давом диҳам». Дар ҷамъомад низ кор бисёр буд. Риана илова мекунад: «Ман дар ду ҳафта як бор бо нутқи оммавӣ баромад мекардам. Яҳува маро ба воситаи ташкилоташ таълим медод». Риана ҳоло ҳам ба мардуме, ки ба забони тандруй гап мезананд ва дар бораи Яҳува фаҳмидан мехоҳанд, хушхабари Подшоҳиро мавъиза мекунад.

«БАРАКАТҲО АЗ ҶОНИБИ ХУДОИ ҲАҚИҚАТ»

Яҳува онҳоеро, ки кӯшиш мекунанд, то ба Ӯ хизмат кунанд, баракат медиҳад (Иш. 65:16). Вақте мо монеаҳоро бартараф карда доираи хизматамонро васеъ мегардонем, соҳиби баракатҳо мешавем. Биёед мисоли хоҳар Силвианаро дида бароем, ки дар боло дар борааш гап зада будем. Ӯ метарсид, ки дар дигар ҷо хизмат карда наметавонад. Чаро ӯ ин хел фикр мекард? Вай мегӯяд: «Пойи чапам аз пойи ростам 9 см кӯтоҳтар аст. Аз ин рӯ, вақте роҳ мегардам, ман мелангам ва тез хаста мешавам».

Силвиана (якум аз тарафи чап) ва Силви Энн (якум аз тарафи рост) бо Доратин дар рӯзи таъмидгириаш

Ба ин нигоҳ накарда соли 2014 Силвиана бо хоҳар Силви Энн, пешраве аз ҷамъомадаш, ба деҳаи хурдакаке, ки дар масофаи 85 км аз хонаи онҳо ҷойгир аст, кӯчиданд. Ҳарчанд душвориҳо бисёр буданд, Силвиана ба орзуяш расид ва баракати Яҳуваро дид. Ӯ нақл мекунад: «Баъд аз як соли хизмат зани ҷавон Доратин, ки бо ӯ Китоби Муқаддасро меомӯхтам, дар анҷумани ноҳиявӣ таъмид гирифт».

«МАН... ТУРО ЁВАРӢ ХОҲАМ ДОД»

Чи хеле ки суханони ин воизон нишон медиҳанд, вақте мо кӯшиш мекунем, ки монеаҳоро бартараф карда доираи хизматамонро васеъ гардонем, ҳар яки мо ҳақ будани суханони Яҳуваро ҳис мекунем: «Ман туро тақвият хоҳам намуд, ва туро ёварӣ хоҳам дод» (Иш. 41:10). Дар натиҷа муносибатҳои мо бо Яҳува боз ҳам наздиктар мешавад. Ғайр аз ин, вақте мо худро бо омодагӣ пешкаш мекунем, ин моро барои супоришҳое, ки дар дунёи нав мегирем, тайёр мекунад. Бародар Дидйе мегӯяд: «Хизмат дар ҷое, ки воизон даркоранд, мактаби хубест барои оянда». Бигзор сафи воизоне, ки омодаанд ба дигар ҷо кӯчида, бештар хизмат кунанд, зиёд шавад ва онҳо ба супоришҳои оянда тайёр шаванд!

^ сарх. 4 Ин воизон аз давлатҳои зерин омадаанд: Канада, Чехия, Фаронса, Олмон, Гваделупа, Люксембург, Каледонияи Нав, Шветсия, Швейтсария, Бритониё ва Иёлоти Муттаҳида.

^ сарх. 8 Ҳоло онро Мактаб барои воизони Подшоҳии Худо меноманд. Дар ин мактаб ходимони пурравақте, ки дар дигар ҷо хизмат мекунанд ва ба талабот ҷавобгӯянд, таҳсил карда метавонанд. Ин мактаб дар давлате, ки воиз зиндагӣ мекунад, ё дар давлати дигар ба забони модарии ӯ ё забоне, ки воиз онро хуб мефаҳмад, гузаронида мешавад.