Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бернетт, Симон, Эстон ва Колеб

Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд. Океания

Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд. Океания

РЕНЕ, ном хоҳаре ки синнаш аз 30 гузаштааст, дар оилаи Шоҳидони Яҳува, дар Австралия калон шудааст. Ӯ мегӯяд: «Мо бисёр вақт ба ҷойҳое мекӯчидем, ки он ҷо ба воизони Салтанат ниёзи калон вуҷуд дошт. Падару модарам тавре мекарданд, ки ин кор шавқовару хурсандиовар бошад. Вақте ман соҳиби ду фарзанд шудам, мехостам, ки фарзандонам низ чунин тарзи ҳаёт дошта бошанд».

Шавҳари Рене, Шэйн — бародаре ки синну солаш қариб ба 40 расидааст, ҳамин хел мақсадҳои рӯҳонӣ дошт. Ӯ мефаҳмонад: «Баъди таваллуд шудани фарзанди дуюмамон мо аз “Бурҷи дидбонӣ” дар бораи оилае ки барои мавъиза бо киштии худ ба ҷанубу ғарби Уқёнуси Ором, ба ҷазираи Тонга рафтаанд, хондем *. Он мақола моро барангехт, то ба филиали Австралия ва Зеландияи Нав нома навишта, пурсем, ки дар кадом минтақаҳо ба воизони Салтанат ниёзи калон вуҷуд дорад *. Дар ҷавоб бародарон ба мо навиштанд, ки ба Тонга, ки мо дар борааш бисёр хонда будем, рафта метавонем».

Ҷейкоб, Рене, Скай ва Шэйн

Баъди он ки Шэйн, Рене ва фарзандони онҳо Ҷейкоб ва Скай дар Тонга як сол зиндагӣ карданд, онҳо маҷбур шуданд, ки аз сабаби нотинҷиҳо ба Австралия баргарданд, аммо мақсади васеъ кардани доираи хизмати худро фаромӯш намекарданд. Аз ин рӯ соли 2011 онҳо ба ҷазираи Норфолк (ҷазираи хурдакаки уқёнуси Ором), ки тахминан дар 1500 км дар тарафи шарқии Австралия ҷойгир буд, кӯчиданд. Ба ҷазираи Норфолк кӯчидани онҳо чӣ натиҷа овард? Имрӯз Ҷейкоби 14-сола чунин мегӯяд: «Яҳува на танҳо ба мо ғамхорӣ мекард, балки хизматро низ бароямон шавқовар мегардонд».

ХИЗМАТ БО АҲЛИ ОИЛА

Мисли Шэйн, Рене ва фарзандонашон, бисёр оилаҳо бо омодагӣ барои васеъ кардани доираи хизмати худ ба дигар ҷойҳо кӯчидаанд. Чӣ онҳоро ба ин барангехт?

«Бисёр одамон ба хушхабар шавқ зоҳир карданд. Мо хостем, то онҳо имконияти мунтазам омӯхтани Китоби Муқаддасро дошта бошанд» (Бернетт).

Бернетт ва Симон, ҳамсароне ки ҳоло синнашон аз 30 гузаштааст, ҳамроҳи писаронашон Эстон ва Колеб, ки ҳоло 12 ва 9-сола мебошанд, ба Берктаун, шаҳри дурдасти Квинсленд (Австралия) кӯчиданд. Бернетт мегӯяд: «Бародару хоҳарон ба он минтақа танҳо дар се ё чор сол як маротиба омада, мавъиза мекарданд. Бисёр одамон ба хушхабар шавқ зоҳир карда буданд. Мо хостем, то онҳо имконияти мунтазам омӯхтани Китоби Муқаддасро дошта бошанд».

Ҷим, Ҷек, Марк ва Карен

Марк ва Карен, ки ҳоло тақрибан 50-солаанд, бо се фарзандашон Ҷессика, Ҷим ва Ҷек дар якчанд ҷамъомади наздикии Сидней (Австралия) хизмат карда буданд. Баъд онҳо ба шаҳраки дурдасти Нуланбеи, ки дар иёлоти Минтақаи шимолӣ ҷойгир буд, кӯчиданд. Марк мегӯяд: «Ман одамонро дӯст медорам, барои ҳамин мехостам дар ҷое бошам, ки дар хизмат ва дар ҷамъомад кӯмаки зиёд лозим аст». Лекин Карен барои ба ҷои дигар кӯчидан ҷуръат намекард. Ӯ мегӯяд: «Баъди он ки Марк ва дигарон маро ба васеъ кардани доираи хизмати худ барангехтанд, ман хостам, ки ин намуди хизматро санҷида бинам. Ҳоло бошад, ман шодам, ки ин тавр амал кардам».

Бенҷамин, Ҷейд, Бриа ва Каролин

Бенҷамин ва Каролин бо ду духтарашон Ҷейд ва Бриа, ки ҳоло мактабхон набуданд, дар иёлоти Квинсленд (Австралия) зиндагӣ мекарданд. Соли 2011 онҳо ба Тимор–Лесте (мамлакате дар ҷазираи Тимор) кӯчиданд. Бенҷамин мегӯяд: «Пеш ман бо Каролин дар Тимор–Лесте чун пешрави махсус хизмат мекардам. Дар ин ҷо мавъиза кардан хеле шавқовар буд ва хоҳару бародарон моро бисёр дастгирӣ мекарданд. Вақти аз он ҷо рафтан дили мо реш–реш шуд. Мо боз ба ин ҷо баргаштан мехостем. Вақте ки фарзанддор шудем, мо нақшаҳои худро каме ба қафо гузоштем, лекин дигар накардем». Каролин илова карда, мегӯяд: «Мо мехостем, ки фарзандонамон дар иҳотаи миссионерон, ходимони Байт–Ил ва пешравони махсус бошанд ва аз таҷрибаи онҳо баҳра баранд».

ТАЙЁРӢ БА КӮЧИДАН

Исо ба пайравони худ гуфт: «Кист аз шумо, ки бурҷе сохтанӣ шуда, аввал нишаста харҷи онро ҳисоб накунад?» (Луқ. 14:28). Ба монанди ин агар ягон оила мақсади ба ҷои дигар кӯчиданро дошта бошад, пас, пешакӣ дар бораи баъзе ниёзҳо фикр кардан аз рӯи хирад мебуд. Дар бораи чӣ мулоҳиза рондан мумкин аст?

РӮҲОНИЯТ. Бенҷамин мегӯяд: «Мо мехостем ба дигарон хизмат кунем ва барояшон бори гарон набошем. Аз ин рӯ пеш аз кӯчидан мо худро аз ҷиҳати рӯҳонӣ мустаҳкам намудем. Ва ҳамчунин дар кори мавъиза ва дигар фаъолиятҳои ҷамъомад бештар иштирок кардем».

Ҷейкоб, ки аллакай дар борааш гуфта будем, нақл мекунад: «Пеш аз ба ҷазираи Норфолк кӯчидан, мо аз “Бурҷи дидбонӣ” ва “Бедор шавед!” бисёр нақли оилаҳоеро хондем, ки ба ҷойҳое ки ба воизони Салтанат ниёзи калон вуҷуд дошт, кӯчида буданд. Мо дар бораи он ки онҳо бо кадом мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуданд ва чӣ тавр Яҳува ба онҳо ғамхорӣ намуд мулоҳиза рондем». Хоҳари ӯ Скай, ки 11-сола мебошад, илова мекунад: «Ман ҳам дар танҳоӣ ва ҳам бо падару модарам дар ин бора бисёр дуо гуфтам».

ХОНА ВА ДӮСТОН. Рене мегӯяд: «Мо дар ҷое зиндагӣ мекардем, ки ба ман хеле маъқул буд. Дар наздикии мо дӯстонамон зиндагӣ мекарданд. Зиндагӣ дар он ҷо бароямон осон буд. Лекин ба ҷои он ки диққатро ба чизҳои аздастдодаам равона созам, ман дар бораи он фикр мекардам, ки кӯчидани мо ба оилаамон чӣ манфиат овард».

МАДАНИЯТ. Бисёр оилаҳо дар бораи он ҷой маълумот ҷуста худро ба муҳити нав тайёр мекунанд. Марк мегӯяд: «Мо то ҳадди имкон дар бораи Нуланбеи хондем. Бародароне ки дар он ҷо зиндагӣ мекарданд, ба мо газетаҳои он шаҳрро фиристоданд, ки мо аз он дар бораи одамони маҳаллӣ ва маданияташон фаҳмидем».

Шэйн, ки ба ҷазираи Норфолк кӯчид, чунин мегӯяд: «Пеш аз ҳама ман диққатамро ба зоҳир намудани хислатҳои масеҳӣ равона мекардам. Ман медонам, ки агар самимӣ, меҳрубон, ростқавл ва меҳнатдӯст бошам, ба кадом гӯшаю канори дунё наравам, ҷои худро дар он ҷо меёбам».

ПАСИ САР КАРДАНИ ДУШВОРИҲО

Воизоне ки дар ин намуди хизмат муваффақ гаштаанд, қайд мекунанд, ки дар ҳолати бо душвориҳои ногаҳонӣ рӯ ба рӯ шудан, нигоҳ доштани назари мусбӣ ва ба вазъият мутобиқ шудан муҳим аст. Биёед, баъзе мисолҳоро дида бароем.

Рене қайд мекунад: «Ман чӣ гуна дар ин ё он ҳолат амал карданро ёд гирифтам. Масалан, дар ҷазираи Норфолк, ки мо он ҷо зиндагӣ мекардем, баҳр баъзан пурталотум мешуд ва киштиҳое ки маҳсулот меоварданд, дар соҳил лангар зада наметавонистанд. Аз ин рӯ маҳсулот кам мешуду нархаш қимат мегашт. Барои ҳамин ман ҳангоми тайёр кардани хӯрок, сарфакор буданро омӯхтам». Шавҳари ӯ, Шэйн илова мекунад: «Мо буҷаи ҳарҳафтаинаи худро муайян месохтем ва кӯшиш мекардем, ки аз он зиёд харҷ накунем».

Писари онҳо Ҷейкоб дар бораи дигар душворӣ мегӯяд: «Дар ҷамъомади нав танҳо ҳафт кас буд ва ҳамаи онҳо калонсол буданд. Барои ҳамин ман ягон дӯсте надоштам, ки ҳамсолам бошад. Лекин вақте ки ман бо калонсолон дар хизмат ҳамкорӣ кардам, мо тез дӯстӣ пайдо кардем».

Ҷим, ки ҳоло 21-сола мебошад, бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ шудааст. «Ҷамъомади наздиктарин, аз Нуланбеи тақрибан 725 км дур аст ва мо бисёр анҷуманҳоро дар он ҷо мегузаронем. Барои он ки аз муоширати бародарону хоҳарон баҳра барем, мо ба роҳ барвақт мебароем. Ин рӯзҳо бароямон рӯзҳои беҳтарини сол мебошанд».

«ХЕЛЕ ШОДАМ, КИ МО БА ИН ҶО ОМАДЕМ»

Китоби Муқаддас чунин мегӯяд: «Баракати Худованд сарватманд мекунад» (Мас. 10:22). Бисёре аз бародарону хоҳароне ки барои васеъ кардани доираи хизмати худ ба дигар ҷойҳо кӯчидаанд, ҳақ будани ин суханони илҳомбахшидаро шахсан дар худ ҳис карданд.

«Баракати бузургтарини кӯчидани мо ба дигар ҷой ин таъсири он ба фарзандонамон мебошад,— мегӯяд Марк.— Калонсолон пурра боварӣ доранд, ки Яҳува дар бораи онҳое ки кори Салтанатро дар ҷои аввал мемонанд, ғамхорӣ мекунад. Шумо он бовариро бо ҳеҷ чиз харида наметавонед».

Шэйн мегӯяд: «Акнун ман ба зану фарзандонам наздиктарам. Вақте онҳо дар бораи он нақл мекунанд, ки Яҳува барояшон чӣ кор кард, ман дар ҳақиқат хушҳол мегардам». Писари ӯ Ҷейкоб бо ин суханон розӣ шуда мегӯяд: «Ин барои ман вақти беҳтарин аст. Ман хеле шодам, ки мо ба ин ҷо омадем».

^ сарх. 3 Нигаред ба мақолаи «Дӯстони Худо дар ҷазираҳои Дӯстӣ», «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 декабри с. 2004, саҳ. 8–11.

^ сарх. 3 Соли 2012 филиалҳои Австралия ва Зеландияи Нав якҷоя шуда филиали Австралияро ташкил доданд.