Гузаштан ба маводи асосӣ

Оё ҳамаи динҳо сӯйи Худо мебаранд?

Оё ҳамаи динҳо сӯйи Худо мебаранд?

 Ҷавоби Китоби Муқаддас

 Не, на ҳамаи динҳо сӯйи Худо мебаранд. Дар Китоби Муқаддас бисёр динҳое қайд шудаанд, ки писанди Худо нестанд. Онҳоро ба ду гурӯҳи асосӣ ҷудо кардан мумкин аст.

Гурӯҳи 1: Худоёни дурӯғро ибодат мекунанд

 Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки ибодат кардани худоёни дурӯғ «ҳеҷу пуч ва бефоида» аст (Ирмиё 10:3–5; 16:19, 20). Яҳува a Худо ба халқи қадими Исроил чунин амр дода буд: «Туро ғайр аз ман худои дигаре набошад» (2 Мӯсо 20:3, 23; 23:24). Вақте исроилиён худоёни дигарро ибодат карданд, «хашми Яҳува бар Исроил аланга зад» (4 Мӯсо 25:3; 3 Мӯсо 20:2; Доварон 2:13, 14).

 Имрӯз ҳам, вақте одамон «ба ном худоён»-ро ибодат мекунанд, Парвардигор хашмгин мешавад (1 Қӯринтиён 8:5, 6; Ғалотиён 4:8). Худо ба онҳое, ки ӯро ибодат кардан мехоҳанд, амр медиҳад, ки бо дини дурӯғ алоқаашонро кананд. Ӯ мегӯяд: «Аз байни онҳо бароед ва аз онҳо ҷудо шавед» (2 Қӯринтиён 6:14–17). Агар ҳамаи динҳо як бошанду сӯйи Худо баранд, пас чаро ӯ чунин амр додааст?

Гурӯҳи 2: Худои ҳақиқиро нодуруст ибодат мекунанд

 Баъзан исроилиён эътиқод ва урфу одатҳои дини дурғӯро истифода мебурданд, лекин вақте онҳо дини ҳақиқиро бо дини дурӯғ омехта мекарданд, Яҳува ибодаташонро қабул намекард (2 Мӯсо 32:8; 5 Мӯсо 12:2–4). Ҳазрати Исо дар асри як ибодати пешвоёни динро маҳкум карда буд, зеро онҳо диндории худро намоиш медоданд ва риёкорона «он чиро, ки дар Шариат муҳимтар аст, яъне адолат, раҳм ва вафодориро, зери по» мекарданд (Матто 23:23).

 Имрӯз низ танҳо дине, ки аз ҳақиқат сарчашма мегирад, одамонро ба Худо наздик мекунад. Ҳақиқатро бошад, мо аз Китоби Муқаддас ёфта метавонем (Юҳанно 4:24; 17:17; 2 Тимотиюс 3:16, 17). Аз ин рӯ таълимоти диние, ки зидди Китоби Муқаддас аст, одамонро аз Худо дур мекунад. Одамон фикр мекунанд, ки бисёр таълимот, аз ҷумла сегона, ҷони намиранда ва азоби дӯзахро мувофиқи Китоби Муқаддас аст, лекин дар асл онҳо аз дини дурӯғ сарчашма гирифтаанд. Ибодати чунин одамон «беҳуда» аст, зеро онҳо ба ҷойи риоя кардани талаботи Худо ба урфу одатҳои динӣ дода шудаанд (Марқус 7:7, 8).

 Худо аз дурӯягии диндорон нафрат дорад (Титус 1:16). Барои он ки дин одамонро ба Худо наздик кунад, он бояд ба ҳаёти ҳаррӯзаи онҳо таъсир расонад ва набояд танҳо аз расму русум иборат бошад. Масалан, дар Китоби Муқаддас чунин гуфта шудааст: «Агар касе гумон кунад, ки Худоро мепарастад, лекин ҷилави забонашро накашад, ӯ худро фиреб медиҳад ва парастишаш беҳуда аст. Парастиши поку беолоиш дар назари Падарамон Худо ин аст, ки ба ятимону бевазанони дармонда ғамхорӣ кунем ва худро ба ин ҷаҳон олуда насозем» (Яъқуб 1:26, 27).

a Мувофиқи Китоби Муқаддас Яҳува номи Худои ҳақиқӣ аст.