Гузаштан ба маводи асосӣ

Маълумоти мухтасар оиди Китоби Муқаддас

Маълумоти мухтасар оиди Китоби Муқаддас

Китоби Муқаддас паҳншудатарин китоб дар тӯли таърих мебошад ва бисёр одамон онро қадр мекунанд. Бо вуҷуди ин, шояд шумо пурсед: «Ин китоби машҳур дар бораи чист?»

Дар брошураи «Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он» маълумоти мухтасар оиди Китоби Муқаддас оварда шудааст, ки барои фаҳмидани мавзӯи асосии ин китоб ба шумо кумак карда метавонад. Бо ёрии ин брошура шумо ба таври мухтасар бо хабари Китоби Муқаддас шинос хоҳед шуд. Он аз офариниш сар карда, ки дар китоби 1 Мӯсо (ё Ҳастӣ) омадааст, то умеди олиҷаноб нисбати оянда, ки дар китоби Ошкорсозӣ (ё Ваҳӣ) навишта шудааст, нақл мекунад. Дар он ҳамчунин ҷадвали санаҳои воқеаҳои муҳим оварда шудааст. Расмҳои зебо ва саволҳои дар ин брошура оварда шуда касро ба мулоҳизаву андеша даъват мекунанд.

«Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он»-ро онлайн хонед.