Гузаштан ба маводи асосӣ

Ояти рӯз аз Китоби Муқаддас

Ояти рӯз аз Китоби Муқаддас

Дар «Муҳокимаи ҳаррӯзаи Навиштаҳо» барои ҳар рӯз як порчаи махсуси Китоби Муқаддас ва шарҳи ба он тааллуқ дошта оварда мешавад. Ин адабиёт ба шумо кумак карда метавонад, ки ҳар рӯзатон бо мавзӯъҳои рӯҳбаландкунандаи Китоби Муқаддас оғоз шавад.

Ҳарчанд шумо метавонед оят ва шарҳи онро дар муддати рӯз, дар вақти дилхоҳ хонед, ба бисёриҳо саҳар хондани он маъқул аст. Ин ба онҳо имконият медиҳад, ки дар давоми рӯз оиди фикрҳои хондаашон мулоҳиза ронанд. Агар шумо оиладор бошед, пас ояти рӯзро ҳамроҳи онҳо муҳокима кардан низ манфиат меорад.

Шумо метавонед ояти рӯзро дар «ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ» хонед ё матни онро дар намуди PDF боргирӣ кунед. PDF файл ояту шарҳҳои барои як сол пешбинӣ шударо дар бар мегирад ва ба нашри чопии он мувофиқ аст.