Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он

Мавзӯи асосии Китоби Муқаддас кадом аст?

Чаро Китоби Муқаддасро бояд тадқиқ кунем?

Баъзе далелҳои ёрирасонро дар бораи Китоби Муқаддас, китоби машҳуртарини рӯи дунё, фаҳмед.

ҚИСМИ 1

Офаридгор ба одам Биҳиштро ҳадя мекунад

Чӣ гуна дар Китоби Муқаддас офарида шудани одамон тасвир шудааст? Худо ба ҷуфти аввалини инсонӣ кадом аҳкомҳоро дод?

ҚИСМИ 2

Биҳишт аз даст дода шуд

Вақте ки Худо Одаму Ҳавворо ба ҷавобгарӣ кашид, Ӯ чӣ умеде бахшид?

ҚИСМИ 3

Тӯфони Нӯҳ

Чӣ гуна бадкорӣ дар рӯи замин паҳн шуд? Чӣ гуна Нӯҳ–пайғамбар нишон дод, ки ӯ ба Худо содиқ аст?

ҚИСМИ 4

Худо бо Иброҳим–пайғамбар аҳд мебандад

Чаро Иброҳим ба Канъон кӯчид? Яҳува бо Иброҳим кадом аҳдро баст?

ҚИСМИ 5

Худо Иброҳим–пайғамбар ва насли ӯро баракат медиҳад

Вақте ки Худо ба Иброҳим гуфт, ки писарашро қурбон кунад, Ӯ бо ин ба одамон чиро нишон додан мехост? Яъқуб пеш аз маргаш чиро пешгӯӣ кард?

ҚИСМИ 6

Айюб–пайғамбар беайбии худро нигоҳ медорад

Чӣ гуна китоби Айюб нишон медиҳад, ки бандаҳои Худо ҳақ будани ҳокимияти Ӯро исбот карда метавонанд?

ҚИСМИ 7

Худо исроилиёнро аз ғуломӣ озод мекунад

Чӣ гуна Худо Мусоро барои аз ғуломии Миср озод кардани исроилиён истифода бурд? Чаро исроилиён иди Фисҳро ҷашн мегирифтанд?

ҚИСМИ 8

Халқи Исроил ба замини Канъон медарояд

Вақте ки исроилиён ба замиин Канъон даромаданд, барои чӣ Яҳува Роҳоб ва хонаводаи ӯро дар Ериҳӯ наҷот дод?

ҚИСМИ 9

Исроилиён барои худ подшоҳ металабанд

Вақте ки исроилиён барои худ подшоҳ талаб карданд, Яҳува Шоулро интихоб кард. Чаро Яҳува ба ҷои Шоул Довудро подшоҳ таъин кард?

ҚИСМИ 10

Ҳукмронии хирадмандонаи Сулаймон

Баъзе аз мисолҳое, ки хиради Сулаймонро нишон медиҳанд, кадоманд? Вақте ки Сулаймон аз роҳи Яҳува дур шуд, бо ӯ чӣ рӯй дод?

ҚИСМИ 11

Сурудҳои илҳомбахшидаи Худо тасалливу таълим медиҳанд

Кадом оятҳои китоби Забур нишон медиҳанд, ки чӣ гуна Худо ба он касоне, ки Ӯро дӯст медоранд кӯмак мерасонад ва онҳоро тасаллӣ медиҳад? Подшоҳ дар китоби Суруди Сурудҳо чиро ошкор мекунад?

ҚИСМИ 12

Хиради Худо роҳнамои зиндагӣ аст

Бифаҳмед, ки чӣ тавр маслиҳатҳои илҳомбахшидашудаи китоби Масалҳо ва Воиз, метавонанд дастуроти амалӣ диҳанд ва барои ба Худо таваккал кардан, кӯмак расонанд.

ҚИСМИ 13

Подшоҳони Исроил ва Яҳудо

Барои чӣ Исроил ба ду подшоҳӣ тақсим шуд?

ҚИСМИ 14

Худо ба воситаи пайғамбаронаш сухан меронад

Пайғамбарони Худо кадом хабарҳоро эълон мекарданд? Дар бораи чор мавзӯъе, ки онҳо нақл карданд, бифаҳмед.

ҚИСМИ 15

Пайғамбари асир ояндаро мебинад

Дониёл дар бораи Масеҳ ва Салтанати Худо чиро фаҳмид?

ҚИСМИ 16

Омадани Масеҳ

Чӣ гуна фариштаҳо хабар доданд, ки Исо — Масеҳ аст? Чӣ тавр худи Яҳува аниқ нишон дод, ки Писари Ӯ — Масеҳ аст?

ҚИСМИ 17

Исо дар бораи Салтанати Худо таълим медиҳад

Исо дар бораи чӣ мавъиза мекард? Чӣ тавр ӯ нишон дод, ки ҳукмрониаш бар муҳаббат ва адолат асос меёбад?

ҚИСМИ 18

Исо мӯъҷизаҳо мекунад

Мӯъҷизаҳои Исо дар бораи ҳукмронии ӯ дар оянда бар замин чиро нишон медиҳанд?

ҚИСМИ 19

Исо дар бораи оянда пешгӯӣ мекунад

Исо бо кадом мақсад дар бораи аломат ба расулонаш нақл кард?

ҚИСМИ 20

Исои Масеҳ кушта мешавад

Кадом иди навро Исо пеш аз он ки аз тарафи Яҳудо фурӯхта ва дар ғӯлачӯб кӯфта шавад, ҷорӣ кард?

ҚИСМИ 21

Исо зинда аст!

Шогирдон чӣ тавр фаҳмиданд, ки Худо Исоро эҳё кард?

ҚИСМИ 22

Расулон далерона мавъиза мекунанд

Дар арафаи иди Паникост чӣ рӯй дод? Мухолифон ба мавъизаи шогирдони Исо чӣ гуна муносибат доштанд?

КИСМИ 23

Паҳн кардани хушхабар

Вақте ки Павлус дар Лустра мардеро шифо бахшид, чӣ воқеа рӯй дод? Павлус чӣ тавр ба Рум рафта монд?

ҚИСМИ 24

Павлус ба ҷамъомадҳо нома менависад

Павлус нисбати фаъолияти ҷамъомад кадом дастуротро дод? Ӯ дар бораи насли ваъдашуда чӣ гуфт?

ҚИСМИ 25

Насиҳат оиди имон, рафтор ва муҳаббат

Масеҳиён имони худро чӣ гуна зоҳир карда метавонанд? Муҳаббати ҳақиқӣ ба Яҳува дар чӣ зоҳир мешавад?

ҚИСМИ 26

Дар рӯи замин боз Биҳишт мешавад!

Чӣ тавр дар китоби Ваҳй мавзӯи асосии Китоби Муқаддас ба анҷом расонида шудааст?

Мавзӯи асосии Китоби Муқаддас. Шарҳи мухтасар

Чӣ тавр Яҳува оҳиста-оҳиста ошкор мекард, ки Исо касе ки биҳиштро дар рӯи замин аз нав барқорор мекунад, яъне Масеҳ ҳоҳад шуд?

Хати давраи Китоби Муқаддас

Хати давраи ҳикояҳои Китоби Муқаддасро аз соли 4026-и то эраи мо то тақрибан 100-уми эраи мо дида бароед.