Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

John Moore/Getty Images

Душвориҳои соҳаи тандурустӣ. Чӣ тавр Подшоҳии Худо онҳоро ҳал мекунад?

Душвориҳои соҳаи тандурустӣ. Чӣ тавр Подшоҳии Худо онҳоро ҳал мекунад?

 «Тамом шудани вабои COVID-19 ҳамчун ҳолати фавқулодаи тамоми дунё, маънои онро надорад, ки он дигар ба саломатии одамон дар тамоми ҷаҳон таҳдид намекунад. [...] Вақте дигар вабо сар мезанад, ва ин ҳатман ҳамин хел мешавад, мо бояд тайёр бошем» (директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус, 22 майи 2023).

 Бисёр одамон то ҳол натиҷаи вабои COVID-19-ро ҳис мекунанд, ки он ба саломатии ҷисмонӣ ва равонии онҳо таъсир мерасонад. Оё гуфтан мумкин аст, ки ҳокимиятдорон ва созмонҳои тандурустӣ ба вабои навбатӣ тайёранд? Оё онҳо қудрат доранд, ки душвориҳои соҳаи тандурустиро ҳал кунанд?

 Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «Худои осмон подшоҳие барпо мекунад», ки он дар бораи саломатии ҳар фарди рӯйи замин ғамхорӣ хоҳад кард (Дониёл 2:44). Зери роҳбарии ин ҳокимият ҳеҷ кас намегӯяд: «Ман касалам» (Ишаъё 33:24). Ҳама аз саломатии бардавом ва қуввати бисёр баҳра хоҳанд бурд (Айюб 33:25).