Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Подшоҳии Худо кай бар замин ҳукмронӣ мекунад?

Подшоҳии Худо кай бар замин ҳукмронӣ мекунад?

Баъзе пайравони содиқи Исо фаҳмидан мехостанд, ки Подшоҳии Худо кай ҳукмрониро сар мекунад. Ӯ дар ҷавоб фаҳмонд, ки онҳо вақту соати аниқи онро нахоҳанд донист (Аъмол 1:6, 7). Вале чанде пеш ӯ баъзе воқеаҳои ояндаро пешгӯйӣ карда буд, ки аз рӯйи онҳо шогирдон фаҳмида метавонистанд, ки «Подшоҳии Худо наздик аст» ва ба қарибӣ бар замин ҳукмрониро сар мекунад (Луқо 21:31).

ИСО КАДОМ ВОҚЕАҲОРО ПЕШГӮЙӢ КАРД?

Исо гуфт: «Як халқ бо халқи дигаре ва як давлат бо давлати дигаре ҷанг хоҳад кард. Он вақт заминҷунбиҳои сахт ба амал меоянд ва дар ҳама ҷо пайи ҳам гуруснагиву вабоҳо сар мезананд» (Луқо 21:10, 11). Чуноне ки изи ангушт аз рахҳои бисёр иборат аст ва аз рӯйи он шахсияти кас муайян карда мешавад, ба ин монанд, ҳамаи он воқеаҳо дар якҷоягӣ аломати аниқи онанд, ки «Подшоҳии Худо наздик аст». Оё ин воқеаҳо аз ин пеш баробар дар ҳама ҷо рӯй медоданд? Биёед далелҳоро бинем.

1. ҶАНГҲО

Соли 1914 дар ҷаҳон ҷанге рух дод, ки аз ин пеш ягон ҷанг мисли он даҳшатовар набуд. Таърихчиён бисёр вақт ба соли 1914 чун ба марҳилаи дигаргунии куллӣ ишора мекунанд, зеро маҳз он сол аввалин Ҷанги ҷаҳонӣ сар шуд. Якумин бор дар ин ҷанг танку пулемётҳо, бомбаҳо, газҳои заҳролудкунанда ва дигар яроқҳои марговар ба миқёси васеъ истифода шуданд. Ин ба Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ оварда расонд, ки давлатҳо дар он ҷанг яроқҳои атомиро ба кор бурданд. Аз соли 1914 инҷониб оташи ҷанг дар замин хомӯш нашудааст, ки дар натиҷа миллионҳо одамон ҳаёташонро аз даст доданд.

2. ЗАМИНЛАРЗАҲО

Мувофиқи маълумоти энсиклопедияи таълимии Бритониё ҳар сол дар тамоми замин қариб 100 заминларзаи шадид рӯй медиҳад, ки ба аҳолӣ зарари калон мерасонанд. Ва Хадамоти Геологии ИМА хабар медиҳад, ки «мувофиқи ҳисоботи дарозмуддат (тахминан аз с. 1900) мо дар як сол 16 заминларзаи калонро интизор мешавем». Баъзеҳо мегӯянд, ки имрӯз танҳо аз он сабаб заминҷунбиҳо ба назари мо бисёр рӯй медиҳанд, ки асбобҳои заминларзаченкунӣ зиёд шудаанд. Чизе ки набошад, рӯй додани заминҷунбиҳои сахт дар тамоми ҷаҳон ба одамони беҳисоб зарар расонда нафарони зиёдро аз ҳаёт маҳрум мекунанд.

3. ГУРУСНАГӢ

Гуруснагӣ бисёр вақт дар натиҷаи рӯй додани ҷангҳо, беинсофии ҳокимиятдорон, бӯҳрони сахти иқтисодӣ, нодуруст идора кардани соҳаи зироаткорӣ ё ба нақша нагирифтани боришоти сахт ба миён меояд. Дар ҳисоботи соли 2018 оид ба «Барномаи умумиҷаҳонии озуқа» чунин гуфта мешавад: «Дар тамоми ҷаҳон ба 821 миллион нафар хӯрока намерасад ва 124 миллион нафари онҳо тамоман хӯрока надоранд». Ҳар сол тахминан 3,1 млн кӯдак аз нимгуруснагӣ мемурад. Соли 2011 ин қариб 45 фоизи кӯдакони дар тамоми ҷаҳон фавтидаро ташкил медод.

4. КАСАЛИҲО ВА ЭПИДЕМИЯҲО

Нашрияи Созмони умумиҷаҳонии ҳифзи тандурустӣ қайд мекунад: «Асри 21 аз дигар асрҳо бо эпидемияҳои калон фарқ мекунад. Бемориҳои кӯҳна ба монанди вабо, тоун ва табларзаи зард аз нав баргаштанд ва бемориҳои нав ба монанди илтиҳоби шадиди роҳҳои нафас (вируси SARS, MERS — пневмонияи ғайриодӣ), пандемияи зуком, вируси Эбола ва Зика пайдо шуданд». Чанде пеш бошад, вабои COVID-19 гузашт. Ҳарчанд соҳаи илму тиб имрӯз хеле пеш рафтааст, олимону духтурон наметавонанд ба ҳамаи дардҳо даво ёбанд ё паҳншавии касалиҳоро боздоранд.

5. КОРИ МАВЪИЗАИ УМУМИҶАҲОНӢ

Исо боз як қисми он аломатро пешгӯйӣ карда гуфт: «Хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо дар тамоми дунё эълон карда мешавад, то ҳамаи халқҳо имконияти шунидани онро дошта бошанд ва пас аз ин анҷом фаро хоҳад расид» (Матто 24:14). Ба бесарусомониҳои ин ҷаҳон нигоҳ накарда зиёда аз 8 миллион одамон аз ҳар халқу миллат хушхабарро оиди Подшоҳии Худо дар 240 давлат ба беш аз 1000 забон эълон мекунанд. То ин дам дар таърихи инсоният чунин рӯй надода буд.

ИН АЛОМАТ ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Мо бо чашмони худ мебинем, ки чӣ тавр он воқеаҳое, ки Исо пешгӯйӣ карда буд, имрӯз рӯй дода истодаанд. Ин барои мо чӣ маъно дорад? Ба хотир оред, ки Исо чӣ гуфта буд: «Вақте мебинед, ки ин воқеаҳо рӯй дода истодаанд, донед, ки Подшоҳии Худо наздик аст» (Луқо 21:31).

Ба наздикӣ Подшоҳии Худо хости Ӯро дар замин иҷро хоҳад кард

Аз рӯйи аломати пешгӯйикардаи Исо ва хронологияи Китоби Муқаддас мо мефаҳмем, ки Худо соли 1914 a Подшоҳии Худро дар осмон барпо кард. Он вақт Ӯ Писараш Исои Масеҳро Подшоҳ таъйин намуд (Забур 2:2, 4, 6–9). Ба қарибӣ Подшоҳии Худо бар замин ҳукмронӣ мекунад ва ҳамаи ҳокимиятҳои дигарро барҳам хоҳад дод. Он заминро ба биҳишт табдил медиҳад ва одамон дар он то абад зиндагӣ мекунанд.

Ба наздикӣ суханони зерини дуои намунавӣ, ки Исо таълим дода буд, амалӣ мегарданд: «Бигзор Подшоҳии Ту биёяд ва хости Ту, чуноне ки дар осмон иҷро шуда истодааст, дар замин ҳам иҷро гардад» (Матто 6:10). Аммо баъди он ки ин Подшоҳӣ соли 1914 дар осмон барпо шуд, чӣ корҳоро ба анҷом расонид? Вақте ки он Подшоҳии осмонӣ бар инсоният пурра ҳукмронӣ мекунад, ҳаёти мо чӣ хел мешавад?

a Барои гирифтани маълумоти муфассал дар бораи соли 1914 ба дарси 32-юми китоби «То абад зинда бошед!» нигаред.