Гузаштан ба маводи асосӣ

Китоби Муқаддас дар бораи вабоҳои дунёгир чӣ мегӯяд?

Китоби Муқаддас дар бораи вабоҳои дунёгир чӣ мегӯяд?

Ҷавоби Китоби Муқаддас

Дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шуда буд, ки дар замони охир вабоҳо (касалиҳое, ки хеле паҳн мешаванд, аз ҷумла вабоҳои дунёгир) сар мезананд (Луқо 21:11). Ин вабоҳо ҷазо аз ҷониби Худо нестанд. Дар асл, ба наздикӣ Худо ба воситаи Подшоҳиаш ба ҳама бемориҳо, аз он ҷумла ба вабоҳо хотима мебахшад.

 Оё дар Китоби Муқаддас дар бораи вабоҳо пешгӯйӣ шуда буд?

Дар Китоби Муқаддас дар бораи вабоҳои муайян, мисли КОВИД-19, СПИД ё зукоми испанӣ, чизе гуфта нашудааст. Лекин дар он оид ба «вабоҳо» ё «касалиҳои марговар» пешгӯйӣ шудааст (Луқо 21:11; Ваҳй 6:8). Онҳо қисми аломати «рӯзҳои охир» мебошанд, ки ҳамчунин «охирзамон» номида шудааст (2 Тимотиюс 3:1; Матто 24:3).

 Оё Худо ягон бор одамонро бо касалиҳо ҷазо дода буд?

Дар Китоби Муқаддас дар бораи якчанд воқеаҳое гуфта шудааст, ки Худо барои ҷазо додани одамон касалиро истифода бурд. Масалан, баъзеҳоро Худо ба махав гирифтор карда буд (Ададҳо 12:1–16; 4 Подшоҳон 5:20–27; 2 Вақоеънома 26:16–21). Лекин ин воқеаҳо ба вабое, ки ба ҳама одамон, аз ҷумла ба одамони бегуноҳ мегузарад, монанд набуданд. Он вақт Худо аз рӯйи адолат одамони алоҳидаро барои саркашиашон ҷазо дода буд.

 Оё вабоҳои имрӯза ҷазо аз ҷониби Худо ҳастанд?

Не. Баъзеҳо мегӯянд, ки Худо ба воситаи вабоҳо ва бемориҳо имрӯз одамонро ҷазо медиҳад. Лекин Китоби Муқаддас ин гуфтаҳоро тасдиқ намекунад. Чаро?

Якум сабаб дар он ки баъзе хизматгорони Худо, дар гузашта бемор мешуданд ва имрӯз низ мешаванд. Барои мисол, хизматгори содиқи Худо, Тимотиюс, «аз сабаби зуд-зуд нотоб» шуданаш азоб мекашид (1 Тимотиюс 5:23). Лекин дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки Худо аз Тимотиюс норозӣ буд. Имрӯз низ хизматгорони содиқи Худо бемор мешаванд ва одатан сабаби бемории онҳо дар вақт ва ҷойи номусоид қарор гирифтанашон мебошад (Воиз 9:11).

Илова бар ин, мувофиқи Китоби Муқаддас ҳоло вақти он нарасидааст, ки Худо бадкоронро ҷазо диҳад. Айни ҳол мо дар «рӯзи наҷот» зиндагӣ мекунем. Ин маънои онро дорад, ки Худо имрӯз одамонро даъват мекунад, то ба Ӯ наздик шуда наҷот ёбанд (2 Қӯринтиён 6:2). Барои ин Ӯ «хушхабар дар бораи Подшоҳии» худро дар тамоми ҷаҳон паҳн мекунад (Матто 24:14).

 Оё замоне мерасад, ки дигар вабоҳо намешаванд?

Ҳа. Дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шудааст, ки дар ояндаи наздик ҳеҷ кас бемор намешавад. Бо ёрии Подшоҳии худ Худо тамоми касалиҳоро аз байн мебарад (Ишаъё 33:24; 35:5, 6). Аз ранҷу азоб, дарду беморӣ ва марг ному нишоне намемонад (Ваҳй 21:4). Боз Ӯ онҳоеро, ки фавтидаанд, ба ҳаёт бармегардонад, то ки онҳо дар биҳишти рӯйи замин тансиҳату саломат зиндагӣ кунанд (Забур 37:29; Аъмол 24:15).

 Оятҳои Китоби Муқаддас оид ба бемориҳо

Матто 4:23: «Ӯ [Исо] дар сар то сари Ҷалил гашта, дар ибодатгоҳҳо таълим медод, хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо мавъиза мекард ва ҳар гуна дарду бемории одамонро шифо мебахшид».

Ин чӣ маъно дорад: Исо бо мӯъҷизаҳои худ нишон дод, ки дар ояндаи наздик Подшоҳии Худо барои тамоми одамизод чӣ кор мекунад.

Луқо 21:11: «Он вақт... вабоҳо сар мезананд».

Ин чӣ маъно дорад: Бемориҳое, ки дар тамоми ҷаҳон паҳн мешаванд, қисми аломати охирзамон мебошанд.

Ваҳй 6:8: «Ман аспи рангпарида ва савори онро дидам, ки Марг ном дошт, ва гӯр аз пайи ӯ равона буд. Ва ба онҳо... қудрат дода шуд, то одамонро бо... касалиҳои марговар... бикушанд».

Ин чӣ маъно дорад: Пешгӯйӣ дар бораи чор аспсавор нишон медиҳад, ки дар замони мо вабоҳо рӯй медиҳанд.