Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

3. Чаро одамони хуб азоб мекашанд?

3. Чаро одамони хуб азоб мекашанд?

Чаро ба ин савол ҷавоб ёфтан муҳим аст?

Азоб кашидани одамони бегуноҳро мо беадолатӣ меҳисобем. Баъзеҳо мегӯянд, ки, агар ҳама азоб мекашида бошанд, пас ба одами хуб шудан ҳоҷат нест.

Дар ин бора фикр кунед:

Баъзеҳо фикр мекунанд, ки мусибат ё нохушӣ бо амри тақдир рӯй медиҳад. Ба ақидаи онҳо Худо бадкоронро барои гуноҳҳои кардаашон ба мусибат гирифтор мекунад. Инчунин ба гумони баъзеҳо Худо одамони хубро бо мақсади имонашонро санҷидан азоб медиҳад. Онҳо мегӯянд, ки «ин дунё дунёи имтиҳон аст» ва Худо ба бандаи дӯстдоштааш бисёртар ғаму кулфат медиҳад. Лекин савол ба миён меояд, ки...

  • Агар ҳама чӣ пешакӣ дар тақдирамон навишта шуда бошад, пас саломатиамонро хуб нигоҳ доштан ва аз корҳои бад дур шудан чӣ даркор?

  • Оё Худо ҳақиқатан одамонро бо ранҷу азоб месанҷад, модоме ки бисёриҳо Ӯро бахшанда ва меҳрубон мегӯянд?

    ЗИЁДТАР ФАҲМЕД

    Видеонавори «Чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад?»-ро аз сайти jw.org тамошо кунед.

Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд?

Ранҷу азоби одамон ҷазои Худованд нест.

Бисёр вақт фалокат ногаҳон, дар мавриди номусоид ва дар ҷойи ноқулай қарор доштани шахс рӯй медиҳад.

«Боз чизи дигареро зери осмон дидам, ки дар мусобиқа тездавон ҳамеша ғолиб намеоянд, дар талош паҳлавонон ҳамеша дастболо намешаванд, хирадмандон на ҳама вақт соҳиби нон мегарданд, боигарӣ на ҳама вақт ба боақлон мерасад ва доноён доим комёбӣ ба даст намеоранд, чунки замони баду воқеаҳои ногаҳонӣ бар сари ҳамаи онҳо меоянд» (ВОИЗ 9:11, ТДН).

Мо барои он ранҷу азоб мекашем, ки гуноҳро аз ду инсони аввалин мерос гирифтаем ва нокомилем.

Одамон одатан калимаи «гуноҳ»-ро барои тасвир кардани кори бад истифода мебаранд. Лекин Китоби Муқаддас онро боз барои тасвири ҳолати нокомилии одамон — ҳам некону ҳам бадон истифода мебарад ва мефаҳмонад, ки ҳамаи мо гуноҳро мерос гирифтаем.

«Ман дар гуноҳ офарида шудаам, ва модарам дар хато ба ман ҳомила гардидааст» (ЗАБУР 50:7).

Гуноҳи меросгирифта ба инсоният таъсири харобиовар мерасонад.

Масалан, дар натиҷаи он гуноҳ на танҳо муносибати мову Офаридгор зарар дид, балки ягонагӣ байни одамизоду офаридаҳои дигар низ вайрон шуд. Он гуноҳ ҳам ба одамони алоҳида ва ҳам ба кулли инсоният азобу уқубати беандоза меорад.

«Вақте ки дуруст рафтор кардан мехоҳам, дар ман майл ба кардани кори бад маълум мегардад» (РУМИЁН 7:21).

«Мо медонем, ки тамоми офаридаҳо то имрӯз дар якҷоягӣ оҳу нола мекунанд ва азоб мекашанд» (РУМИЁН 8:22).