Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

4. Вақте Худо одамонро офарид, оё Ӯ мехост, ки онҳо азоб кашанд?

4. Вақте Худо одамонро офарид, оё Ӯ мехост, ки онҳо азоб кашанд?

Чаро ба ин савол ҷавоб ёфтан муҳим аст?

Чунки ҷавоб ба ин савол назари моро ба ҳаёт дигар мекунад.

Дар ин бора фикр кунед:

Магар Худое, ки оламро ин қадар зебо офаридааст, мехост, ки одамон азоб кашанд?

Касоне, ки ба дин эътиқод надоранд, фикр мекунанд, ки мо барои он азоб мекашем, ки Худо нест ё бошад ҳам, парвои моро надорад. Онҳо мегӯянд, ки 1) Худо ранҷу азобро нест карда наметавонад ё 2) инро намехоҳад ё 3) Ӯ тамоман вуҷуд надорад.

Магар танҳо ин се чиз ба ранҷу азоби одамон сабаб шуда метавонаду халос?

ЗИЁДТАР ФАҲМЕД

Видеонавори «Мо аз куҷо медонем, ки Китоби Муқаддас аз тарафи Худост?»-ро аз сайти jw.org тамошо кунед.

Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд?

Худо моро барои азобу уқубат кашидан наофаридааст.

Ӯ мехоҳад, ки мо аз ҳаёт хурсандӣ ва ҳаловат гирем.

«Донистам, ки барои онҳо чизе хубтар аз ин нест, ки айшу тараб намоянд ва дар ҳаёти худ некӣ кунанд. Ва агар ҳар одам бихӯрад ва бинӯшад ва аз ҳар меҳнати худ некӣ бинад,— ин низ атои Худост» (ВОИЗ 3:12, 13).

Худо ба одамони нахустин ҳама чизи лозимаро ато карда буд, то онҳо бе ғаму ғусса умр ба сар баранд.

Ӯ намехост, ки онҳо ё наслашон азобу уқубат кашанд.

«Худо ба онҳо гуфт: “Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро тасарруф [соҳибӣ] намоед”» (ҲАСТӢ 1:28).

Ду инсони аввалин нахостанд ба Худо итоат кунанд.

Дар натиҷа онҳо ба сари худ ва тамоми наслашон ғаму кулфат оварданд.

«Ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва ба воситаи гуноҳ марг омад ва ҳамин тавр марг ба тамоми одамон гузашт, зеро ҳама гуноҳ карданд» (РУМИЁН 5:12). *

Худо инсонро бо чунин қобилият наофарид, ки бе роҳбарии Худо мустақилона зиндагӣ кунад.

Чи тавре ки одам дар зери об зиндагӣ карда наметавонад, ҳамин тавр ӯ қодир нест, ки худаш ба ҳаёташ роҳбарӣ кунад.

«Роҳи одам дар ихтиёри вай нест, ва касе ки роҳ меравад, қадамҳои худро наметавонад ҳидоят намояд» (ИРМИЁ 10:23).

Худо намехоҳад, ки мо азоб кашем.

Ӯ мехоҳад мо тавре зиндагӣ кунем, ки то ҳадди имкон аз душвориву азобҳо эмин бошем.

«Кошки ба аҳкоми Ман гӯш медодӣ! Он гоҳ осоиштагии ту мисли наҳр... мебуд» (ИШАЪЁ 48:18).

^ сарх. 17 Дар Китоби Муқаддас калимаи «гуноҳ» на фақат ба кору рафтори нодуруст, балки ба ҳолати нокомилии тамоми одамон ишора мекунад. Ин гуноҳ, яъне нокомилиро мо аз ҷуфти аввалини инсонӣ мерос гирифтаем.