Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

1. Магар ба ранҷу азоби мо Худо сабабгор аст?

1. Магар ба ранҷу азоби мо Худо сабабгор аст?

Чаро ба ин савол ҷавоб ёфтан муҳим аст?

Чунки бисёр одамон дар ҳақиқат ранҷу азобро аз Худо медонанд ва Ӯро аз тарс ибодат мекунанд.

Дар ин бора фикр кунед:

Бисёр диндорон рӯйирост ё бо суханони дигар мегӯянд, ки ранҷу азоб хости Худост. Масалан, баъзеҳо ин тавр мегӯянд:

  • Офатҳои табиӣ ҷазо аз ҷониби Худованд аст.

  • Вақте ягон кӯдак ё одами нағз мемирад, баъзеҳо мегӯянд, ки «Худо гулчин аст» ва онҳоро назди Худаш гирифтааст.

  • Худо дар ҷангҳо яке аз тарафҳоро дастгирӣ мекунад, пас ранҷу азоб аз ҷониби Ӯст.

Лекин раваду ин суханони диндорон дар бораи Худо нодуруст бошанд-чӣ? Пас, ба гапҳои онҳо бовар кардан мумкин аст?

ЗИЁДТАР ФАҲМЕД

Видеонавори «Чаро Китоби Муқаддасро бояд омӯхт?»-ро дар сайти jw.org тамошо кунед.

Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд?

Ранҷу азоб аз тарафи Худо нест.

Чунки ин ба шахсияти Ӯ хос нест. Масалан, дар Китоби Муқаддас дар бораи Худо гуфта шудааст:

«Ҳамаи роҳҳои [Худо] одилона аст; Ӯ Худои амин аст ва ноинсофӣ надорад, Ӯ одил ва ҳаққонист» (ТАКРОРИ ШАРИАТ 32:4).

«Ҳеҷ гоҳ аз Худо бадӣ сар намезанад ва ҳаргиз аз Худои Тавоно ноинсофӣ барнамеояд» (АЙЮБ 34:10, ТДН).

«Дар ҳақиқат, Худо шароратро пеша намекунад, ва Қодир адлу инсофро таҳриф [поймол] наменамояд» (АЙЮБ 34:12).

Худо динҳоеро, ки дар бораи Ӯ нодуруст таълим медиҳанд, рад мекунад.

Ба ин динҳое дохил мешаванд, ки ранҷу мусибатро аз Худо медонанд ва ҷангу зӯровариро тарафдорӣ мекунанд.

«Анбиё ба исми Ман [Худо] бардурӯғ нубувват мекунанд; Ман онҳоро нафиристодаам ва ба онҳо амр нафармудаам ва сухане нагуфтаам; онҳо рӯъёи дурӯғ ва... макри дили худро ба шумо нубувват мекунанд» (ИРМИЁ 14:14).

Исо диндорони дурӯяро маҳкум мекард.

«На ҳар касе, ки ба ман “Ҳазратам, Ҳазратам” мегӯяд, ба Подшоҳии осмон медарояд, балки танҳо касе, ки хости Падари осмониамро иҷро мекунад. Он рӯз бисёриҳо ба ман чунин мегӯянд: “Ҳазрат, Ҳазрат, магар ба номи ту пешгӯйӣ намекардем? Магар ба номи ту девҳоро намерондем? Ва магар ба номи ту мӯъҷизаҳои бисёре ба амал намеовардем?” Он гоҳ ман ба онҳо мегӯям: “Ман шуморо ҳеҷ вақт намешинохтам! Аз ман дур шавед, эй бадкорон!”» (МАТТО 7:21–23).