Гузаштан ба маводи асосӣ

Чаро Шоҳидони Яҳува баъзе эътиқоди худро дигар карданд?

Чаро Шоҳидони Яҳува баъзе эътиқоди худро дигар карданд?

Мо ба Китоби Муқаддас пурра бовар дорем ва онро Каломи Худо мешуморем. Вақте бо гузашти вақт мо ягон ояти онро беҳтар мефаҳмем, дар фаҳмиши пешинаи худ дигаргунӣ медарорем a.

Ин ба ояти зерини Китоби Муқаддас, ки онро пайғамбар Сулаймон навиштааст, мувофиқат мекунад: «Тариқи одилон мисли нури саҳар аст, ки то нимирӯзӣ торафт бештар медурахшад» (Масалҳо 4:18). Ҳамон тавре ки нури офтоб оҳиста-оҳиста ягон ҷойро равшан мекунад, Парвардигори мо, Яҳува, ҳам ба фаҳмиши мо нисбати Навиштаҳо оҳиста-оҳиста равшанӣ меандозад (1 Петрус 1:10–12). Дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ шудааст, ки Худо дар «замони охир» ин корро метезонад (Дониёл 12:4).

Мо набояд аз чунин дигаргуниҳо ҳайрон шавем. Дар замонҳои пеш ходимони Худо баъзан ақида ё тасаввуроти нодуруст доштанд ва бояд фикри худро ислоҳ мекарданд.

  • Як замон Мусо-пайғамбар хост, ки халқи Исроилро аз ғуломии Миср озод кунад. Лекин Худо ин супоришро танҳо 40 сол пас ба ӯ дод (Аъмол 7:23–25, 30, 35).

  • Расулони Исо-пайғамбар пешгӯӣ дар бораи мурдан ва аз нав зинда шудани Масеҳро дар аввал нафаҳмиданд (Ишаъё 53:8–12; Матто 16:21–23).

  • Баъзе масеҳиёни асри як дар бораи омадани «рӯзи Яҳува» тасаввуроти нодуруст доштанд (2 Таслӯникиён 2:1, 2, ТҶФ).

Баъдтар Худо фаҳмиши нодурусти ин хизматгоронашро ислоҳ кард ва мо дуо мегӯем, ки Ӯ ба мо ҳам ҳамин хел кӯмак кунад (Яъқуб 1:5).

a Вақте фаҳмиши мо дар бораи ин ё он таълимоти Китоби Муқаддас дигар мешавад, мо инро аз дигарон пинҳон намекунем. Баръакс, мо онро нашр мекунем. Масалан, шумо метавонед ба бахши «Аниқӣ дар фаҳмиш» нигаред, ки онро аз «ОНЛАЙН-КИТОБХОНА»-и мо ёфтан мумкин аст.