Гузаштан ба маводи асосӣ

Чаро Шоҳидони Яҳува ба ҳама мавъиза мекунанд?

Чаро Шоҳидони Яҳува ба ҳама мавъиза мекунанд?

Мо аҳамият додем, ки ба бисёр одамони диндор дар бораи мавзӯъҳои муайяни Китоби Муқаддас сӯҳбат кардан маъқул аст. Албатта, ҳар як кас барои доштани фикри шахсӣ, ки аз фикри мо фарқ мекунад, ҳуқуқ дорад ва мо назари онҳоро ҳурмат мекунем. Аз ин рӯ маҷбуран эътиқоди худро ба дигарон бор намекунем.

Ҳангоми бо одамон дар бораи Китоби Муқаддас сӯҳбат кардан, мо кӯшиш мекунем, ки нисбати онҳо мувофиқи гуфтаҳои Каломи Худо «фурӯтанӣ ва эҳтиром» зоҳир кунем (1 Петрус 3:15). Мо медонем, ки на ҳамаи одамон гуфтаҳои Китоби Муқаддасро қабул мекунанд (Матто 10:14). Вале то бо одамон сӯҳбат накунем, мо фаҳмида наметавонем, ки онҳо ба хабари Худо чӣ гуна муносибат доранд. Ҳамчунин бо дигар шудани вазъу шароити одамон фикру ақидаи онҳо низ тағйир ёфта метавонад.

Масалан, соҳибхона аз сабаби серкор буданаш шояд бо мо сӯҳбат карда натавонад, вале дигар вақт тайёр аст, ки бо мо ҳамсӯҳбат шавад. Илова бар ин ҳангоми тағйир ёфтани вазъият ё сар задани проблемаҳои нав одамон ба хабари Китоби Муқаддас шавқманд шуда метавонанд. Барои ҳамин мо кӯшиш мекунем, ки бо одамон гаштаву баргашта ҳамсӯҳбат шавем.