Гузаштан ба маводи асосӣ

Оё Худо барои офаридани мавҷудоти зинда эволютсияро ба кор бурд?

Оё Худо барои офаридани мавҷудоти зинда эволютсияро ба кор бурд?

Ҷавоби Китоби Муқаддас

Не. Дар Китоби Муқаддас аниқ гуфта шудааст, ки Худо инсон ва намудҳои гуногуни ҳайвоноту набототро мувофиқи ҷинсашон офаридааст a (Ҳастӣ 1:12, 21, 25, 27; Ваҳй 4:11). Дар Каломи Худо зикр мешавад, ки одамизод аз насли ҷуфти аввалин, аз Одаму Ҳавво ба дунё омадааст (Ҳастӣ 3:20; 4:1). Китоби Муқаддас назарияеро, ки гӯё Худо намудҳои гуногуни мавҷудоти зиндаро ба воситаи эволютсия офаридааст, дастгирӣ намекунад. Ҳамзамон Китоби Муқаддас бо таҳқиқоти илмӣ дар хусуси он ки дар ҳар ҷинси зинда гуногунӣ дида мешавад, муқобил намебарояд b.

 Баъзе одамон чӣ ақида доранд?

Касоне ки боварӣ доранд, ки Худо ба воситаи эволютсия ҷонваронро офарид, ақидаҳои гуногун доранд. Мувофиқи як энсиклопедия баъзеҳо мегӯянд, ки «интихоби табиӣ яке аз роҳҳоест, ки Худо тавассути он табиати зиндаро идора мекунад» («Encyclopædia Britannica»).

Ин одамон боз чунин мегӯянд

  • Ҳамаи организмҳои зинда як аҷдод доранд.

  • Як шакли ҳаёт метавонад ба дигар шакли ҳаёт табдил ёбад.

  • Худо бо кадом як роҳе рафти эволютсияро идора мекунад.

 Оё назарияи эволютсия бо Каломи Худо мувофиқ меояд?

Ба гуфти одамоне, ки ба истифода бурдани эволютсия аз тарафи Худо боварӣ доранд, суханони китоби Ҳастӣ дар бораи офариниш пурра дақиқ нестанд. Вале Исо ба воқеаҳои китоби Ҳастӣ чун ба маълумоти дақиқи таърихӣ ишора мекард (Ҳастӣ 1:26, 27; 2:18–24; Матто 19:4–6). Дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки Исо пеш аз ба замин омаданаш дар осмон зиндагӣ мекард ва Худо ҳама чизро ба воситаи ӯ ба вуҷуд овардааст (Юҳанно 1:3). Аз ин рӯ назарияи эволютсия бо таълимоти Китоби Муқаддас мувофиқат намекунад.

 Дар бораи ба муҳити зист мутобиқ шудани ҳайвоноту растаниҳо чӣ гуфтан мумкин?

Дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки дар як ҷинс чӣ қадар гуногунӣ мавҷуд буда метавонад. Вале Каломи Худо зид намебарояд, ки ҳар гуна ҷинси ҳайвонот ва растаниҳо метавонанд дар натиҷаи ҷуфт шудан ё таъсири муҳити гирду атроф дигаргун шаванд. Ҳарчанд баъзеҳо мегӯянд, ки ин эволютсия аст, вале дар асл ягон шакли нави ҳаёт ба вуҷуд намеояд.

a Калимаи «ҷинс», ки дар Китоби Муқаддас истифода бурда мешавад, аз калимаи илмии «намуд» дида чизи бештареро дар бар мегирад. Баъзан олимон таъкид мекунанд, ки намуди нави ҳаёт ба вуҷуд омадааст, ҳол он ки, чи хеле дар китоби Ҳастӣ мебинем, ин гуногунии ҷинси мавҷудоти зинда мебошад.

b Баъзеҳо боварӣ доранд, ки аз як шакли ҳаёт тамоман дигар шакли ҳаёт ба вуҷуд меояд. Мисол, онҳо мегӯянд, ки маймунҳо оҳиста-оҳиста ба одам табдил ёфтаанд.