Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ду тарҷумоне, ки номи Худоро дар Аҳди Ҷадид барқарор карданд

Ду тарҷумоне, ки номи Худоро дар Аҳди Ҷадид барқарор карданд

 Яке аз дуоҳои машҳуре, ки бисёриҳо медонанд, дуоест, ки Ҳазрати Исо ба пайравонаш ёд дода буд. Ин дуоро дар китоби Аҳди Ҷадид ёфтан мумкин аст. Он бо чунин суханон сар мешавад: «Эй Падари мо, ки дар осмонӣ, номи ту муқаддас бод!» (Матто 6:9). Ҳарчанд номи Худо ба забони англисӣ «Яҳува» ё баъзан «Яҳве» тарҷума шудааст, он дар тарҷумаҳои англисии Аҳди Ҷадид хеле кам вомехӯрад. Лекин дар ин тарҷумаҳо номи худоёни бардурӯғ ба мисли Зевс, Ҳермес ва Артемида вомехӯранд. Пас, барои чӣ тарҷумонони Аҳди Ҷадид номи Худо ва Муаллифи Китоби Муқаддасро дар тарҷумаҳояшон истифода набурданд?! (Корнома 14:12; 19:35; 2 Тимотиюс 3:16).

Дар Аҳди Ҷадид номҳои худоҳои бардурӯғ вомехӯранд. Магар аз рӯйи мантиқ нест, ки дар он номи Худои ҳақиқӣ низ бояд вохӯрад?!

 Ланселот Шедвелл ва Фредерик Паркер, ки Китоби Муқаддасро ба забони англисӣ тарҷума карданд, тарафдори он буданд, ки номи Худо дар Аҳди Ҷадид барқарор шавад. Барои чӣ ин ҷо калимаи «барқарор» истифода бурда шудааст? Онҳо мегуфтанд, ки номи Худо дар матни асл буд, лекин баъдтар гирифта шуд. Барои чӣ онҳо ба чунин хулоса омаданд?

 Шедвелл ва Паркер медонистанд, ки дар дастхатҳое, ки Аҳди Қадим номида мешаванду асосан ба забони ибронӣ навишта шудаанд, номи Худо ҳазорон бор вомехӯрад. Аз ин рӯ онҳо фикр мекарданд, ки барои чӣ дар дастхатҳои Аҳди Ҷадид, ки ба онҳо дастрас аст, шакли пурраи номи Худо a вонамехӯрад. Ҳамчунин Шедвелл аҳамият дод, ки нусхабардорон дар дастхатҳои Аҳди Ҷадид ибораҳои Аҳди Қадимро, ба мисли «фариштаи Яҳува», истифода бурда ба ҷойи номи Худо калимаи «Ки́риос»-ро, ки маънояш «Сарвар» аст, навиштаанд (4 Подшоҳон 1:3, 15; Корнома 12:23).

Номи Худо ба забони ибронӣ

 Ҳатто пеш аз он ки Шедвелл ва Паркер тарҷумаҳои англисиашонро нашр кунанд, дигар тарҷумонон дар тарҷумаҳои Аҳди Ҷадид ба забони англисӣ номи Худоро танҳо дар баъзе ҷойҳо барқарор карда буданд b. То соли 1863, ки он вақт Паркер «Тарҷумаи таҳтуллафзи Аҳди Ҷадид»-ро нашр кард, ягон тарҷумоне набуд, ки номи Худоро дар бисёр ҷойҳои Аҳди Ҷадид ба забони англисӣ барқарор карда бошад. Ланселот Шедвелл ва Фредерик Паркер кӣ буданд?

Ланселот Шедвелл

 Ланселот Шедвелл (1808–1861) ҳимоятгар шуда кор мекард. Падари ӯ Ланселот Шедвелл сарнозири донишгоҳҳои Англия буд. Ӯ узви калисои англиканӣ буд. Ҳарчанд ӯ ба таълимоти Сегона бовар мекард, ба номи Худо эҳтиром нишон дода онро «номи пурҷалоли ЯҲУВА» меномид. Шедвелл дар тарҷумаи «Хушхабари Матто ва Марқус» номи «Яҳува»-ро 28 бор дар матни асосӣ ва 465 бор дар қайду поварақҳо истифода бурд.

 Эҳтимол, Шедвелл дар бораи номи Худо аз Аҳди Қадим ба забони асл, яъне ибронӣ, фаҳмид. Ӯ онҳоеро, ки дар тарҷумаи Аҳди Қадим ба забони юнонӣ номи Худоро бо калимаи «Ки́риос» иваз карданд, «тарҷумонони беинсоф» номид.

«Хушхабари Матто» ба забони англисӣ бо қайдҳо Л. Шедвелл соли 1859, нашриёти китобхонаи Бодлиан Licensed under CC BY-NC-SA 2.0 UK. Modified: Text highlighted

Матто 1:20, тарҷумаи Шедвелл

 Шедвелл аввалин бор дар тарҷумааш номи Худо — Яҳуваро дар Матто 1:20 истифода бурд. Ӯ дар қайди ин оят чунин навишт: «Дар ин ва бисёр ҷойҳои дигари Аҳди Ҷадид калимаи ”Ки́риос“ маънои ЯҲУВАРО дорад, ки номи Худо аст. Аз ин рӯ дар тарҷумаҳои англисӣ ҳатман ин номро бояд барқарор кард». Шедвелл ҳамчунин қайд кард: «Мо бояд аз эҳтиром ба Худо ин корро кунем. Ӯ худро бо номи ЯҲУВА шиносонд ва, агар мо дар борааш гап зада номашро ба забон гирем, кори хуб мекунем». Ӯ боз илова кард: «Дар тарҷумаи эътиборноки Китоби Муқаддас [ё худ тарҷумаи шоҳ Ҷеймс] номи ЯҲУВА кам вомехӯрад. Ба ҷойи номи Худо дар он ҷо калимаи “Сарвар” истифода шудааст». Ӯ фаҳмонд, ки калимаи «Сарвар»-ро ба ҷойи номи Худо истифода бурдан нодурусту номувофиқ аст. Охир дар зодгоҳаш одамон ҳатто ба ӯ, ки инсони хокист, «Сарвар» гуфта, муроҷиат мекунанд.

«[Худо] худро бо номи ЯҲУВА шиносонд ва, агар мо дар борааш гап зада номашро истифода барем, кори хуб мекунем» (Ланселот Шедвелл).

 Шедвелл соли 1859 тарҷумаи китоби Матторо нашр кард. Соли 1861 бошад, китоби Матто ва Марқусро дар як ҷилд чоп кард. Лекин афсӯс бо ҳамин кори Шедвелл анҷом ёфт. Ӯ 11-уми январи соли 1861 дар синни 52 солагӣ аз олам гузашт. Аммо заҳмату кӯшишҳои ӯ беҳуда набуданд.

Фредерик Паркер

 Тарҷумаи китоби Матто, ки Шедвелл бароварда буд, ба дасти тоҷири бойи Лондон Фредерик Паркер (1804–1888) расид. Ӯ дар синни 20-солагӣ тарҷумаи Аҳди Ҷадидро сар кард. Баръакси Шедвелл, Паркер ба таълими Сегона бовар намекард. Ӯ навишт: «[Бигзор] тамоми калисои Писари маҳбуб[и Худо]... ҳақиқатро қабул кунанд... ва Худои ягонаи Тавоноро ибодат намоянд». Паркер ҳамчунин мефаҳмид, ки дар дастхатҳои Аҳди Ҷадид ҳам нисбат ба Худо ва ҳам нисбат ба Исо истифода бурдани калимаи «Ки́риос» сари одамонро гиҷ мекунад ва фарқ кардани Худою Исоро душвор месозад. Барои ҳамин, вақте ӯ дид, ки Шедвелл дар баъзе оятҳо ба ҷойи «Ки́риос» «Яҳува» навиштааст, ин ба ӯ маъқул шуд.

 Чӣ ба Паркер ёрдам дод, ки чунин нозукиҳоро пай барад? Ӯ забони юнониро омӯхта дар бораи грамматикаи ин забон якчанд китобу рисолаҳо навишт. Ӯ ҳамчунин узви Донишкадаи Китоби Муқаддас дар Англия шуд, ки дастхатҳои Китоби Муқаддасро таҳқиқ мекарданд, то ки тарҷумаи беҳтарини Китоби Муқаддасро ба забони англисӣ нашр кунанд. Соли 1842 Паркер аввалин тарҷумаи Аҳди Ҷадидашро қисм-қисм ба чоп баровард c.

Тарҷумаи Аҳди Ҷадиди Паркер (Ҳайнфеттер)

Талошҳои Паркер ба хотири барқарор кардани номи Худо

 Тӯли якчанд сол Паркер саволҳои ба ин монандро менавист: «Кай калимаи “Ки́риос” ба Исои Сарвар ишора мекунаду дар кадом маврид ба Сарварамон Худо? Барои чӣ калимаи “Ки́риос” бисёр вақт чун ном истифода мешавад, на чун унвон?»

 Вақте Паркер соли 1859 тарҷумаи китоби Маттои Шедвеллро бо қайдаш дар бораи “Ки́риос” мебинад, бовар ҳосил мекунад, ки дар оятҳои муайян калимаи “Ки́риос” «бояд Яҳува тарҷума шавад». Барои ҳамин ӯ тарҷумаи Аҳди Ҷадидашро пурра аз нав дида мебарояд ва дар ҳар ҷое, ки грамматикаи забони юнонӣ ва контекст талаб мекунад, номи «Яҳува»-ро менависад. Ҳамин тавр Паркер соли 1863 ҷилди якуми «Тарҷумаи таҳтуллафзи Аҳди Ҷадид»-ро нашр мекунад, ки дар он номи Худо дар матни асосӣ 187 бор вомехӯрад. Чи хеле ки маълум аст, ин аввалин нашр ба забони англисӣ мебошад, ки номи Худо дар тамоми Навиштаҳои Юнонӣ вомехӯрад d.

Номи Худо дар тарҷумаи Паркер, соли 1864

 Соли 1864 Паркер ҳамчунин китоби «Ҷамъи тарҷумаҳои Аҳди Ҷадид ба забони англисӣ... бо тарҷумаи шоҳ Ҷеймс»-ро ба нашр баровард. Ӯ бо он мақсад ду Аҳди Ҷадидро як ҷилд карда ба нашр баровард, то нишон диҳад, ки то чӣ андоза ин тарҷумаҳо аз ҳам фарқ доранд e.

 Барои нишон додани муҳимияти барқарор намудани номи Худо Паркер ба як қатор оятҳои тарҷумаи шоҳ Ҷеймс ишора кард, аз ҷумла ба Румиён 10:13, ки дар он гуфта шудааст: «Ҳар кӣ исми Сарварро бихонад, наҷот хоҳад ёфт». Ӯ пурсид: «Оё касе ягон бор фикр карда буд, ки дар ин оятҳои тарҷумаи шоҳ Ҷеймс бояд номи Яҳува истад, на номи Писари ӯ, Исои Масеҳ, ки Сарвари мост?»

Румиён 10:13 дар «Тарҷумаи шоҳ Ҷеймс» (дар боло) ва дар тарҷумаи Паркер соли 1864 (дар поён)

 Паркер барои нашр ва паҳн намудани рисолаҳо, варақаҳо ва дигар асарҳо ҳазорҳо фунтро, ки дар он вақтҳо пули калон буд, сарф кард. Танҳо дар муддати як сол ӯ ҳаштсад фунтро сарф кард, ки имрӯз ба 100 000 фунти бритониёӣ (132 000 доллар) баробар аст. Ғайр аз ин ӯ нусхаҳои бепули адабиёташро барои шинос шудан ва ба коҳинони калон барои тафтиш кардан мефиристод.

 Баъзеи олимон рисолаву мақолаҳои Паркер ва тарҷумаҳои Аҳди Ҷадидашро, ки теъдоди нашрашон хеле кам буданд, масхара карданд. Ин олимон заҳматеро, ки Шедвелл ва дигарон барои барқарор кардани номи Худо дар Аҳди Ҷадид ба забони англисӣ ба харҷ доданд, қадр накарданд.

 Барои маълумоти бештар гирифтан шумо метавонед видеонавори зеринро, ки 10 дақиқа давом мекунад, тамошо кунед: «Саёҳат ба Осорхонаи Уорвик: “Китоби Муқаддас ва номи Худо”».

a «Ёҳ» шакли кӯтоҳи номи «Яҳува» мебошад, ки онро дар китоби Ошкорсозӣ 19:1, 3, 4, 6 вохӯрдан мумкин аст. Ҳамчунин он дар таркиби калимаи «Ҳалелуёҳ» дида мешавад, ки маънояш «Яҳуваро ситоиш кунед» мебошад.

b Шедвелл «Аҳди Ҷадид»-ро пурра тарҷума накард. Дар ин кор ба ӯ дигар тарҷумонон ба мисли Филипп Додриҷ, Эдвард Ҳардвуд, Уилям Нюкем, Эдгар Тейлор ва Гирберт Уэйкфилд ёрдам доданд.

c Барои соҳаи тиҷоратро аз тадқиқоти Китоби Муқаддас ҷудо кардан Паркер дар тарҷумаҳои Китоби Муқаддас ва асарҳои диниаш худро Ҳерман Ҳайнфеттер меномид. Дар замимаҳои «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав» ин ном якчанд маротиба вомехӯрад.

d Соли 1864, Паркер Аҳди Ҷадидро ба забони англисӣ баровард, ки дар он номи Худо 186 маротиба вомехӯрад.

e Пеш аз тарҷумаҳои Паркер бисёр тарҷумаҳои Аҳди Ҷадид ба забони ибронӣ буданд, ки дар якчанд оятҳояш номи Худо дида мешуд. Соли 1795 ҳамчунин Ёҳан Якоб Штолтс тарҷумаи китоби Матто то Яҳудоро ба забони олмонӣ нашр кард, ки дар он номи Худо зиёда аз 90 маротиба вомехӯрад.