Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё терроризм ба охир мерасад?

Оё терроризм ба охир мерасад?

 Вақте боз як ҳамлаи террористӣ рӯй медиҳад, шумо шояд ба андеша афтода гӯед: «Магар Худо инро намебинад? Чаро ин хел чизҳо рӯй медиҳанд? Оё терроризм a ягон бор ба охир мерасад? То ба кай бо тарсу ҳарос зиндагӣ кунам?» Китоби Муқаддас ба ин саволҳо ҷавоби аниқ медиҳад.

Худо ба терроризм чӣ тавр муносибат мекунад?

 Худо аз зӯроварӣ ва терроризм нафрат дорад (Забур 11:5; Панднома 6:16, 17). Исо, ки дар замин намояндаи Худо буд, боре вақте шогирдонаш ба зӯроварӣ даст заданд, онҳоро сарзаниш кард (Матто 26:50–52). Ҳарчанд баъзеҳо даъво мекунанд, ки барои Худо ба амалҳои зӯроварона даст мезананд, Худо ягон зарра ба онҳо ҳақ надодааст, ки чунин кунанд. Дар асл, Ӯ ҳатто дуоҳои чунин шахсонро намешунавад (Ишаъё 1:15).

 Худо ба ҳамаи касоне, ки азоб мекашанд, аз он ҷумла ба онҳое, ки аз амалҳои террористӣ осеб дидаанд, раҳмаш меояд ва дилаш месӯзад (Забур 31:7; 1 Петрус 5:7). Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Ӯ ҳатман ба зӯроварӣ хотима мебахшад (Ишаъё 60:18).

Терроризм аз куҷо реша мегирад?

 Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки сабаби асосии терроризм дар чист. Дар он гуфта шудааст: «Одам ба зарари одам ҳукмронӣ мекунад» (Пандгӯ 8:9). Дар давоми таърихи инсоният одамони соҳибқудрат ба дигарон ситам ва зӯроварӣ карда онҳоро азоб медоданд. Дар ҷавоб баъзе ҷабрдидагон низ ба зӯроварӣ даст мезаданд (Пандгӯ 7:7).

Худо терроризмро нест мекунад

 Худо ваъда медиҳад, ки ба тарсу ваҳм ва зӯроварӣ хотима мебахшад ва дар тамоми замин сулҳу оромиро барпо мекунад (Ишаъё 32:18; Мико 4:3, 4).

  •   Решаи терроризм нест карда мешавад. Худо ҳокимиятҳои одамиро бо Подшоҳии худ иваз мекунад, ки он дар тамоми дунё ҳукмронӣ хоҳад кард. Сарвари он ҳокимият, Исои Масеҳ, бо ҳар як шахс аз рӯйи адлу инсоф муносибат мекунад ва ба азобу зӯроварӣ хотима медиҳад (Забур 72:2, 14). Он гоҳ ҳеҷ кас дигаронро азоб намедиҳад. Одамон «аз осудагии бисёр лаззат мебаранд» (Забур 37:10, 11).

  •   Худо тамоми осеби аз терроризм расондашударо бартараф мекунад. Худо одамонро аз ҳар зарари ҷисмониву эмотсионалие, ки терроризм расондааст, шифо мебахшад (Ишаъё 65:17; Ошкорсозӣ 21:3, 4). Ӯ ҳатто ваъда медиҳад, ки мурдагонро ба ҳаёт бармегардонад ва онҳо дар биҳишт, дар рӯйи замин зиндагӣ хоҳанд кард (Юҳанно 5:28, 29).

 Китоби Муқаддас далелҳои асоснок меорад, ки Худо ба қарибӣ амал мекунад. Аммо шумо мумкин савол диҳед: «Барои чӣ то ҳол Худо терроризмро нест накардааст?» Ба ин савол шумо аз видеонавори «Чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад?» ҷавоб ёфта метавонед.

a «Терроризм» гуфта одатан амалҳои зӯроварона ё таҳдиди истифодаи онҳо, хусусан нисбати мардуми осоишта дар назар дошта мешавад. Террористон бо мақсади тарсондан ва иҷро карда шудани ягон талаботи сиёсӣ, динӣ ё иҷтимоӣ ба ин кор даст мезананд. Лекин оиди он ки маҳз кадом амалҳо терроризм ҳисобида мешаванд, ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд.