Гузаштан ба маводи асосӣ

Ҳамроҳи занам Табита дар хизмат

КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТРО ДИГАРГУН МЕСОЗАД

Ман ба вуҷуд доштани Худо бовар намекардам

Ман ба вуҷуд доштани Худо бовар намекардам
  • СОЛИ ТАВАЛЛУД: 1974

  • МАМЛАКАТ: ҶУМҲУРИИ ДЕМОКРАТИИ ОЛМОН

  • ДАР ГУЗАШТА: АТЕИСТ

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Ман дар яке аз деҳаҳои Саксония, ки он вақт қисми Ҷумҳурии Демократии Олмон буд, таваллуд ёфтаам. Оилаи мо пур аз меҳру муҳаббат буд. Падару модарам моро тарбия карда, доимо кӯшиш мекарданд, ки одобу ахлоқи ҳамида дошта бошем. Азбаски Ҷумҳурии Демократии Олмон давлати коммунистӣ буд, аксари одамон ба дин шавқ надоштанд, ман низ ба вуҷуд доштани Худо бовар намекардам. Ҳаждаҳ соли аввали ҳаётам ба ақидаи ман атеизм ва коммунизм таъсир мекард.

Низоми коммунистӣ ба ман барои он маъқул буд, ки мувофиқи таълимаш ҳамаи одамон бояд баробар бошанд. Беш аз ин, ман фикр мекардам, ки, агар тамоми молу мулкро дар байни одамон баробар тақсим кунанд, бою камбағал намешавад. Аз ин рӯ ман ба ташкилоти коммунистони ҷавон ҳамроҳ шудам. Дар 14-солагӣ ман дар барномаи ҳифзи муҳити зист иштирок намуда, вақту қуввати зиёди худро ба он сарф мекардам, ки барои коркарди дубораи қоғазпора ёрдам диҳам. Ҳокимиятдорони шаҳри Ауве, ки он ҷо кору фаъолият мекардам, барои кӯшишҳоям чунон миннатдор буданд, ки маро бо туҳфае сарафроз гардониданд. Нигоҳ накарда ба ҷавонӣ ман бо баъзе сиёсатмадорони номдори Ҷумҳурии Демократии Олмон шиносоӣ пайдо карда будам. Ман фикр мекардам, ки дар роҳи дурустам ва маро ояндаи дурахшон дар пеш аст.

Ногаҳон орзуву умедҳоям барбод рафт. Соли 1989, баробари афтодани девори Берлин, низоми коммунистии Аврупои Шарқӣ низ барҳам хӯрд. Болои сӯхта намакоб, ман фаҳмидам, ки дар Ҷумҳурии Демократии Олмон низ ноҳаққиву беинсофӣ кам набудааст. Масалан, касонеро, ки ҳизби коммунистиро дастгирӣ намекарданд, одам намеҳисобиданд. Вақте ҳамаи инро фаҳмидам, ба худ гуфтам: «Чӣ тавр чунин шуданаш мумкин аст? Магар коммунистон таълим намедиҳанд, ки ҳама баробаранд? Наход коммунизм танҳо хаёли хом бошад?» Диламро тарсу хавотирӣ зер кард.

Бинобар ин ман ба мусиқиву расмкашӣ рӯ овардам. Азбаски дар мактаби мусиқӣ мехондам ва имкон доштам, ки ба донишгоҳ дохил шавам, ман орзу мекардам, ки дар олами мусиқиву рассомӣ ба қуллаҳои баланд расам. Он вақтҳо аз тарбияи падару модарам ному нишоне намонда буд — корам фақат айшу ишрат ва духтарбозӣ буд. Лекин мусиқӣ, расмкашӣ ва кайфу сафо диламро ором намекард. Ҳатто дар расмҳои кашидаам ваҳму воҳимае, ки дар дил доштам, акс ёфта буд. Ман доимо фикр мекардам, ки ояндаам чӣ мешавад ва маънои зиндагӣ дар чист.

Охиру оқибат ман ба саволҳоям ҷавоб ёфта, хеле ҳайрон шудам. Як бегоҳ дар мактаб ман ҳамроҳи донишҷӯён нишаста, дар бораи оянда гап мезадам. Менди * ном донишҷӯе, ки Шоҳиди Яҳува буд, он бегоҳ ба ман фаҳмонд, ки ба саволҳоям аз куҷо ҷавоб ёфта метавонам. Ӯ гуфт: «Адреас, агар ба саволҳоят дар бораи ҳаёт ва оянда ҷавоб ёфтан хоҳӣ, бодиққат Китоби Муқаддасро хон».

Ман ҳам ҳисси кунҷкобӣ доштаму ҳам дудила будам, лекин оқибат ҳисси куҷкобиям ғолиб баромад. Менди ба ман гуфт, ки боби 2-юми китоби Дониёлро хонам, ва чизҳои хондаам маро ба ҳайрат овард. Дар ин пешгӯйӣ дар бораи империяҳои ҷаҳоние гуфта шудааст, ки таъсирашон ҳатто дар рӯзҳои мо дида мешавад. Менди ҳамчунин дигар пешгӯйиҳои Китоби Муқаддасро, ки дар оянда иҷро мешаванд, нишон дод. Ниҳоят, ман ба саволҳоям ҷавоб ёфтам, лекин дар сарам боз саволҳои нав пайдо шуданд: «Кист он касе, ки ин пешгӯйиҳоро гуфтааст ва ояндаро ин қадар аниқ пешгӯйӣ кардааст? Наход Худо, дар ҳақиқат, вуҷуд дошта бошад?»

КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТИ МАРО ДИГАРГУН КАРД

Менди маро бо Ҳорст ва Ангелика, ки Шоҳиди Яҳува буданд, шинос кард. Онҳо ба ман ёрӣ доданд, ки Каломи Худоро беҳтар фаҳмам. Ман зуд пай бурдам, ки Шоҳидони Яҳува ягона ташкилоти диние мебошанд, ки номи Худоро, ки Яҳува аст, истифода мебаранд ва дар бораи он ба дигарон нақл мекунанд (Забур 83:18; Матто 6:9). Ман фаҳмидам, ки Яҳува ба одамизод имкон додааст, ки дар биҳишти рӯйи замин то абад зиндагӣ кунад. Дар Забур 37:9 гуфта шудааст: «Умедворони Яҳува соҳиби замин мегарданд». Ба ман маъқул шуд, ки Худо барои ҳамаи онҳое, ки аз рӯйи талаботи ӯ зиндагӣ кардан мехоҳанд, дарро сӯйи биҳишт боз кардааст.

Рости гап, ки мувофиқи Китоби Муқаддас зиндагӣ кардан бароям хеле душвор буд. Комёбиҳое, ки дар роҳи санъат ба даст оварда будам, маро мағрур карда буд, аз ин рӯ ба ман лозим омад, ки, пеш аз ҳама, хоксориву фурӯтаниро ёд гирам. Илова бар ин, ман бояд аз бадахлоқӣ даст мекашидам, ки ин бароям осон набуд. Ман аз Яҳува беҳад миннатдорам, ки нисбати онҳое, ки бо тамоми қувват мекӯшанд аз рӯйи Каломи ӯ зиндагӣ кунанд, пурсабру меҳрубон ва ҳамдард аст.

Ҳаждаҳ соли аввали ҳаётам ман зери таъсири коммунизм ва атеизм будам, лекин ҳоло чандин сол мешавад, ки Китоби Муқаддас ба ҳаётам таъсир карда истодааст. Донише, ки гирифтам, диламро ором гардонд, акнун ман дар бораи оянда хавотир нестам ва ҳаётам пурмаъно аст. Ман соли 1993 таъмид гирифта, Шоҳиди Яҳува шудам ва соли 2000-ум Табита ном Шоҳиди боғайратеро ба занӣ гирифтам. Мо вақти зиёди худро сарф карда, ба одамон ёрӣ медиҳем, ки бо Китоби Муқаддас шинос шаванд. Ман бисёр вақт касонеро вомехӯрам, ки худам барин солҳои сол зери таъсири коммунизму атеизм буданд, ва хеле хурсандам, ки метавонам онҳоро бо Яҳува шинос кунам.

ҲАЁТИ МАН БЕҲТАР ГАШТ

Вақте бо Шоҳидони Яҳува шинос шуда, бо онҳо рафтуомад кардам, падару модарам сахт хавотир шуданд. Лекин баъдтар онҳо диданд, ки дӯстӣ бо Шоҳидон ба ман таъсири хуб мерасонад. Хушбахтона, ҳоло онҳо Китоби Муқаддас мехонанд ва ба ҷамъомадҳо меоянд.

Ману Табита оилаи хушбахт дорем, чунки маслиҳатҳоеро, ки Китоби Муқаддас ба ҳамсарон медиҳад, истифода мебарем. Масалан, дар он гуфта шудааст, ки ҳамсарон бояд ба якдигар вафодор бошанд. Ба кор бурдани ин маслиҳат издивоҷи моро сол ба сол мустаҳкаму устувор мегардонад (Ибриён 13:4).

Тарсу хавотирӣ маро дигар азоб намедиҳад, чунки ба оянда бо умед менигарам. Ман қисми оилаи умумиҷаҳонии Шоҳидони Яҳува ҳастам, оилае, ки дар он сулҳу осоиштагӣ ва ягонагӣ ҳукмфармост. Дар ин оила ҳамаи мо бародару баробарем. Ман як умр ташнаи ана ҳамин чиз будам!

^ сарх. 12 Ном иваз шудааст.