Гузаштан ба маводи асосӣ

КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТРО ДИГАРГУН МЕСОЗАД

Ҳоло ман ба дигарон дасти ёрӣ дароз карда метавонам

Ҳоло ман ба дигарон дасти ёрӣ дароз карда метавонам
  • СОЛИ ТАВАЛЛУД: 1981

  • ЗОДГОҲ: ГВАТЕМАЛА

  • ДАР ГУЗАШТА: КӮДАКИЯШ ТАЛХУ ПУРАЗОБ ГУЗАШТ

ҲАЁТИ ПЕШТАРААМ

Ман дар шаҳраки Акул, дар баландкӯҳҳои ғарбии Гватемала, ба дунё омадам. Ман аз миллати ишил мебошам; мо қавми майя ба ҳисоб меравем. Бинобар ин ғайр аз забони испанӣ ман забони модариямро низ аз хурдсолӣ медонам. Дар давраҳои кӯдакиям дар Гватемала ҷанги шаҳрвандӣ сар зада буд. Он 36 сол тӯл кашид. Дар ин ҷанги ваҳшиёна бисёр ҳамқавмонам кушта шуданд.

Дар синни ҳафтсолагияш, рӯзе акаам бо граната бозӣ мекард, ки он ногаҳон таркид. Ман он вақт чорсола будам. Дар натиҷаи ин фоҷиа ӯ ҳалок гашту ман нобино шудам. Ҳамин тавр маро ба мактаби нобиноёни шаҳри Гватемала доданд. Дар он ҷо ман хондани хати брайлро аз худ кардам. Дар мактаб, аз чӣ бошад ки, муаллимон маро бо ҳамсинфонам гап заданӣ намемонданд, ҳамсинфонам бошанд, худашонро аз ман дур мегирифтанд. Барои ҳамин ман доим худро танҳову бекас ҳис мекардам. Дар як сол мо иҷозат доштем, ки думоҳа хона равем. Ман бесаброна рӯзеро интизор мешудам, ки назди модари дилсӯзу ғамхорам равам. Дар синни даҳсолагӣ дунёи торикам ториктар шуд: модари азизам аз олам гузашт. Чун ягона ғамгусорам маро тарк кард, дилам хонаи ғам гашт.

Ба синни ёздаҳ расида ман ба зодгоҳам, ба хонаи акаам омада, бо аҳли оилааш зиндагӣ кардам. Дар хонаи ӯ ман аз либосу хӯрок ягон камӣ надоштам, вале касе набуд, ки дили пурдарду аламамро шифо дода тавонад. Дар он рӯзҳои тира ман бо ашки шашқатор аз Худо мепурсидам: чаро модарам мурд? Чаро чашмонам кӯр шуданд? Одамон мегуфтанд, ки ин ҳамааш бо хости Худо рӯй дод. Аз пушти чунин ақидаҳо Худо бароям бераҳму беинсоф менамуд. Бовар кунед, ман илоҷи худкуширо намеёфтам, вагарна кайҳо ин дунёро падруд мегуфтам.

Нобиноӣ ҳаматарафа заифу нотавонам карда буд. Дар хурдсолӣ маро якчанд бор таҷовуз карданд. Ман дар ин бора даҳон намекушодам, зеро фикр мекардам, ки ҳеҷ кас парвои маро надорад. Одамон ба ман эътибор намедоданд, рости гап, ман худам ҳам чақ-чақӣ набудам. Аз сабаби хастадиливу афсурдаҳолӣ дилам аз оламу одам монда буд.

КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТАМРО ДИГАРГУН КАРД

Боре як муаллимам ба ман дилаш сӯхта аз ду Шоҳиди Яҳува (зану шавҳар) хоҳиш кард, ки ба наздам оянд. Ҳамин тавр ҳангоми соатҳои дамгирӣ дар мактаб, ин ҳамсарон омада бо ман суҳбат карданд. Онҳо аз Китоби Муқаддас ба ман хонданд, ки дар оянда мурдагон зинда ва нобиноён бино мешаванд (Ишаъё 35:5; Юҳанно 5:28, 29). Гапҳояшон ба ман маъқул шуд, лекин, азбаски одами дамдузду камгап будам, бо онҳо суҳбат кардан бароям душвор буд. Новобаста ба ин онҳо бо пуртоқативу меҳрубонӣ маро таълим медоданд. Ҳатто роҳи даҳкилометра, тавассути теппаву пуштаҳо аз ин кор онҳоро боз намедошт.

Бародарам мегуфт, ки онҳо ба назар одамони пулдор наметобанд, вале сару либосашон тозаю озода аст. Ин ҳамсарон нисбати ман беҳад ғамхор буданд, доим бароям ягон туҳфача меоварданд. Ман мефаҳмидам, ки танҳо масеҳиёни ҳақиқӣ чунин фидокору сахиянд.

Ман Китоби Муқаддасро бо ёрии адабиёте омӯзиш мекардам, ки ба хати брайл дастрас буд. Рости гап, баъзе таълимот дар ақлам ҷо мегирифту дар дилам не. Масалан, ҳеҷ боварам намеомад, ки Яҳува шахсан ба ман бепарво нест ва дигарон мисли ӯ маро дӯст медоранд. Ғайр аз ин, ҳарчанд мефаҳмидам, ки чаро Яҳува муваққатан ба бадӣ роҳ медиҳад, ӯро дар симои падари меҳрубон тасаввур кардан бароям душвор буд a.

Бо вуҷуди ин дониши Каломи Худо оҳиста-оҳиста ақлу диламро равшан кард: ман фаҳмидам, ки Яҳува бо озурдадилон ҳамроз аст. Боре Яҳува дар бораи хизматгорони ранҷдидааш чунин гуфта буд: «Ман азобу машаққати халқамро... дидам. Ман аз дарду азоби онҳо огоҳ ҳастам» (2 Мӯсо 3:7). Сифатҳои хуби Яҳуваро дида, ман хостам ҳаётамро пурра ба ӯ бахшам. Барои ҳамин соли 1998 таъмид гирифта, Шоҳиди Яҳува шудам.

Бародаре, ки маро ба оилааш гирифт

Як сол пас аз таъмидам, ман курси махсусеро гузаштам, ки дар наздикии шаҳри Эскуинтла барои нобиноён ташкил карда шуд. Дар он ҷо як пири ҷамоат хабар ёфт, ки ман дар маҳаламон бо чӣ азобу уқубат ба вохӯриҳо меравам. Гап сари он аст, ки Ибодатгоҳамон дар пушти ҳамон талу теппа қарор дошт, ки он ҳамсарон барои бо ман омӯзиш кардан тай мекарданд. Сафари он роҳ бароям осон набуд. Дили ин пири ҷамоат ба ман сӯхт, барои ҳамин ӯ аз як оилаи шоҳидон аз Эскуинтла хоҳиш кард, ки маро ба хонаи худ гиранду ба ҷамъомадҳо баранд. То ба имрӯз онҳо маро узви оилаи худ дониста, парасторӣ мекунанд.

Агар дар бораи меҳру муҳаббате, ки аҳли ҷамоат ба ман нишон додааст нақл кунам, як китоб мешавад. Муҳаббати пойдори онҳо исботи он аст, ки ман дар миёни масеҳиёни ҳақиқӣ ҳастам (Юҳанно 13:34, 35).

БАРАКАТҲОЕ, КИ МАН СОҲИБ ШУДАМ

Имрӯз ман худро дигар беқадру ноумед ҳис намекунам, ҳаётам низ пурмаъно гаштааст. Ҳоло хизмати пурравақтро пеша кардааму ба дигарон ростиро таълим медиҳам ва дар бораи маъюбиям аз ҳад зиёд фикр намекунам. Ғайр аз ин, чун пири ҷамоат дар ҷамъомадҳои маҳаллӣ суханронӣ мекунам. Ман ҳатто якчанд бор дар анҷуманҳои минтақавӣ, дар ҳузури ҳазорҳо одамон, бо нутқҳо баромад кардам.

Бо ёрии Китоби Муқаддас бо хати брайл суханронӣ мекунам

Соли 2010 ман дар Мактаб барои ходимони ҷамоат (ҳозира Мактаби воизони хушхабар) таҳсил кардам, ки дар Салвадор гузашт. Ин мактаб ба ман кумак кард, ки таъйинотамро дар ҷамоат беҳтар иҷро кунам. Баъди таҳсил ман дилпур гаштам, ки Яҳува маро қадр мекунад ва дӯст медорад. Ӯ ҳар касро барои иҷрои хосташ лоиқ гардонда метавонад.

Исо гуфт: «Додан аз гирифтан хушбахтии бештар меорад» (Корнома 20:35). Имрӯз ман худро инсони хушбахт меҳисобам ва ҳатто нафъам ба дигарон мерасад. Пеш ман тасаввур ҳам намекардам, ки вазъият ин тавр ранг гирифта метавонад.

a Барои дар ин мавзӯъ маълумоти бештар гирифтан, боби 11-и «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?»-ро мутолиа кунед, ки он аз тарафи Шоҳидони Яҳува нашр шудааст.